Ифтихори мо бувад «Маърифати омӯзгор»,
Файзи кори мо бувад «Маърифати омӯзгор».
Бо тавонаш сӯйи фардо бори маънӣ мекашад.
Баргу бори мо бувад «Маърифати омӯзгор».
Ташнагонро оби ҷонбахши маонӣ медиҳад,
Рӯдбори мо бувад «Маърифати омӯзгор».
То ки дарси мо бувад дар пояю сатҳи баланд,
Созу тори мо бувад «Маърифати омӯзгор».
Аз саропояш бирезад гавҳари гетӣ ба каф,
Эътибори мо бувад «Маърифати омӯзгор».
Дар замини орзую мазраи номусу ном,
Киштукори мо бувад «Маърифати омӯзгор».
Дар миёни саҳнаи ишқу умеди зиндагӣ,
Зиндадори мо бувад «Маърифати омӯзгор».
Содиқона мо варо бо нури ҷон мепарварем,
Посдори мо бувад «Маърифати омӯзгор».
Гармӣ мебахшад ба қалбу нур мебахшад ба чашм,
Нуру нори мо бувад «Маърифати омӯзгор».
Дар бисоти зиндагӣ аз мо намонад гар нишон,
Зиндадори мо бувад «Маърифати омӯзгор».
Исмоил зарифӣ,
шоир ва омӯзгор