Паёми табрикии вазири маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода ба ифтихори Рӯзи омӯзгорон

Устодон ва шогирдони муҳтарам!
Ҳамватанони азиз!

Дар ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо ҳар сол дар рӯзи якшанбеи ҳафтаи нахустини моҳи октябр Рӯзи омӯзгорон бо шукӯҳу тантана таҷлил мешавад. Фарорасии навбатии ин фархундарӯзро барои тамоми алоқамандони соҳаи маориф ва аҳли кишвар самимона табрику таҳният мегӯям.


Рӯзи омӯзгорон далелу рамзи эҳтирому эътиқод ва арҷгузорӣ ба аҳли таълиму тарбия аст ва бояд гуфт, ки халқи тоҷик табиатан ба омӯзгорон иштиёқу таваҷҷуҳи хос дорад ва дар оғози ҳар амалеву дар гиреҳкушоии ҳар мушкилие рӯйи ниёз ба омӯзгорон меоварад.
Ниёгони хирадманду маърифатпарвари мо омӯзгорро раҳнамою пешбари ҷомеа дониста, мақоми ӯро ҳатто болотар аз падар таъйин кардаанд ва таъкид намудаанд, ки бидуни омӯзгор ҷаҳон тираю тор хоҳад буд. Бузургон муҳимтарин омили комёбии ҳар шахсро марбут ба омӯзгор ва каломи ҳикматбори ӯ донистаанд:
Ҳар киро устод набвад, кор бар бунёд нест,
Дар раҳи маънӣ рафиқе бартар аз устод нест.

Ба шарофати соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистони азиз мақому эҳтироми омӯзгор дар мамлакат боз ҳам боло рафт. Ба ин рухдоди хушоянд, пеш аз ҳама, сиёсати хирадмандонаю дурандешона ва маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мусоидат кард. Сарвари кишвар аз оғози фаъолияти хеш ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ин соҳаро тақдирсоз хонданд ва иброз доштанд, ки «агар мо истиқлоламонро пойдор ва фардоямонро дурахшон дидан хоҳем, бояд соҳаи маорифро дар мадди назари аввал гузорем ва нисбат ба омӯзгорон эҳтирому ихлоси самимӣ дошта бошем».
Дар идомаи фаъолияташон Пешвои миллат маорифро соҳаи афзалиятнок эълон намуда, дастур доданд, ки дар ин соҳа ислоҳоти куллӣ баргузор карда шавад. Воқеан, дар заминаи роҳандозии чунин ислоҳот соҳаи маорифи мамлакат бомаром рушд ёфт ва марҳала ба марҳала мутобиқ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ гашт. Дар ҷумҳурӣ таълимгоҳҳои зиёди замонавӣ бунёд ёфтанд, ба таври муосир таҷҳизонида шуданд ва заминаи созгор барои таълиму тарбияи босифат гузоштанд. Дар доираи ислоҳоти соҳа, ҳамчунин, нақшаю барномаҳои таълимӣ таҳриру бознигарӣ шуданд, дастурҳои таълимию китобҳои дарсии насли нав рӯйи кор омаданд ва таваҷҷуҳ ба истифодаи усулҳои тозаи таълим бештар гашт. Муҳим он аст, ки омӯзгорони шарафманди кишвар мунтазам фаъолияти худро таҳкиму тақвият мебахшанд ва дар таълиму тарбияи насли наврас пайваста ба комёбиҳо ноил мегарданд.
Дар ҷодаи татбиқи барномаҳои давлатӣ, таҳриру такмили асноди таълимию тарбиявӣ, тақвияти сатҳи саводнокии шогирдон, корбасти усулҳои самаровари омӯзиш, истифодаи воситаҳои техникии таълим ва дар иштирок ба корҳои ҷамъиятию маърифатгустарӣ омӯзгорони мо ҷидду ҷаҳди бомарому ҳамешагӣ доранд.
Пайомади фаъолияти ҳадафмандонаю босамари онҳост, ки сол то сол сафи хонандагон – иштирокдорони озмунҳои бонуфузи ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла, «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм-фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» ва озмунҳои байналмилалӣ меафзояд. Ин ҳам боиси ифтихори мост, ки сол то сол теъдоди омӯзгорони фаъолу эҷодкору навовар, дорои дараҷаҳои илмӣ, ғолибони озмунҳои гуногун, дорандагони мукофотҳои давлатӣ ва ҷоизаҳои эътиборманд бештар мегардад ва ин муҷиби боз ҳам боло рафтани нуфузи устодони арҷманди ҷумҳурӣ мегардад. Ин нукта ҳам шоиста ба зикр аст, ки омӯзгорони кишвар садоқатмандона аз сиёсати давлатдории Пешвои миллат ҷонибдорӣ мекунанд ва дар посдории пояҳои Истиқлол, ҳифзи сулҳу ваҳдат фаъоланду пайваста зидди хоинони миллат, ифротгароён ва тахрибкорон садо баланд мекунанд.
Ҳамчунин, бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, мустаҳкам намудани ҳимояи ҳуқуқи инсон соли 2024 — «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардидааст. Зеро мо хуб медонем, ки тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба қонун ва таъмин намудани волоияти он, ба роҳ мондани усули ҳамкории самараноки давлат ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон аз ҷумлаи ҳадафҳои аслии «Соли маърифати ҳуқуқӣ» мебошад.
Зимни суханронӣ ба муносибати оғози соли нави таҳсил ва Рӯзи дониш (01.09.2024) Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар нисбат ба омӯзгорон арзи эҳтиром карда, зимнан иброз доштанд: «Омӯзгор шахсест, ки бо нури саводу маърифат ва илму дониш ҳаёти ҷомеаро равшан месозад, хурофоту ҷаҳолатро аз ҳаёти ҷомеа берун мекунад ва созандагону ободгарони ояндаи Ватанро ба камол мерасонад». Сарвари кишвар, ҳамчунин, зикр карданд: «Агар мо хоҳем, ки дар оянда миллати босаводу пешрафта бошем, давлати аз лиҳози илмӣ ва техникиву технологӣ тараққикарда дошта бошем ва сатҳи зиндагии ҷомеаро бамаротиб баланд бардошта тавонем, бояд масъулият ва сатҳи касбияти омӯзгоронро баланд бардорем». Бо ин ҳадаф Пешвои миллат ба мақомоти дахлдор дастур доданд, ки дар муҳлати шаш моҳ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор»-ро таҳия ва барои баррасӣ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд. Албатта, қабули чунин қонун марҳалаи навинеро дар ҳаёту фаъолияти омӯзгорони мамлакат ифтитоҳ хоҳад бахшид, марҳалае, ки ба бештар боло рафтани мақому мартабаи омӯзгорон ва эҳтирому арҷгузории онҳо мусоидат хоҳад кард. Ба ин гуна, омӯзгорони сарбаланду маърифатгустари моро фардои боз ҳам дурахшону фараҳбор ва пурнишот интизор аст.
Ҳамаи омӯзгорону устодони шарафманди Ватани азизамон, кулли алоқамандони соҳаи маориф ва тамоми мардуми шарифи кишварро ба ифтихори Рӯзи омӯзгорон муборакбод мегӯям. Таманнои онро дорам, ки ҳамеша сиҳатманд, хушбахту комёб ва сазовори ихлосу эҳтироми ҳамагон бошанд.
Рӯзи омӯзгорон муборак бод!

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *