Имрӯз, 14-уми декабри соли 2024 вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо китобдорони шуъбаҳои маорифи минтақаи Кӯлоб мулоқот доир намуд.

Дар вохӯрӣ ҳамчунин муовинони раиси ноҳияи Фархор, мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ва директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия иштирок намуданд.

Дар оғози вохӯрӣ вазири маориф ва илм таъкид дошт, ки соҳаи маориф дар меҳвари сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва махсусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, соҳаи мазкур ҳамчун соҳаи афзалиятнок ва калидӣ эълон гардидааст. Ҳадаф аз баргузории вохӯрии имрӯза бори дигар мавриди баррасӣ қарор додани вазъи таъминоти адабиёти таълимӣ, бартараф намудани норасоии китобҳои дарсӣ ва тартиби ҷамъоварии маблағи онҳо, инчунин вазифаҳое, ки мову шумо дар оянда бояд анҷом диҳем, ба ҳисоб меравад.

Дар идома гуфта шуд, ки соли ҷорӣ дар пайи ислоҳоти соҳаи маориф бори аввал барои муассисаҳои таҳсилоти умумии таълимашон бо забони русӣ ва тоҷикӣ китобҳои дарсии фанни забони русӣ аз синфи 2 то 11 мутобиқ ба стандартҳои байналмилалии таҳсилот таҳия ва ба миқдори 371 ҳазор нусха нашр гардида, китобҳои дарсии фанни забони тоҷикӣ ва математика барои синфи 5-ум ҳамроҳ бо маводҳои иловагии таълим дар таҳрири нав ба миқдори 1 млн. 225 ҳазор нусха нашр шуда истодаанд. Вазорати маориф ва илм барои таҳия ва нашри китобҳои дарсӣ ҳамасола тадбирҳои муҳимро роҳандозӣ менамояд. Танҳо дар соли 2024 аз ҷониби вазорат нашри 84 номгӯй китоби дарсӣ ба теъдоди умумии 3 млн. 442 ҳазору 73 нусха ба роҳ монда шудаст, ки нисбат ба соли гузашта бамаротиб зиёд аст. Айни амон 39 номгӯй китоби дарсӣ ба теъдоди 2 млн. 143 ҳазор нусха мавриди чоп қарор дорад.

Ҳамчунин, дар вохӯрӣ вобаста ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ, ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни хонандагон ҷиҳати пешгирии шомилшавии онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои гуногун, иштироки бештари хонандагон дар олимпиадаҳо ва озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, эътибори ҷиддӣ додан ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ, илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.

Дар охир умед карда шуд, ки дар соли 2025 баҳри амалӣ гаштани ташаббусҳои маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беш аз пеш фаъолият карда, баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия тамоми имкониятҳо истифода хоҳанд шуд.

 

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *