Зебунисо ҚОСИМОВА,
директори мактаби №33-и
ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ
Ҳикояи «Хонандае, ки нависанда шуд»-и адиби хушбаён Зариф Ғуломро дар маҷаллаи «Маърифати омӯзгор» мутолиа намуда, дарёфтам, ки муаллиф чандин сол ба касби омӯзгорӣ машғул буда, бо сабаби ба ҳаёти наврасон аз наздик ошно будан онро бо як маҳорати баланди бадеӣ ба қалам додааст. Худи адиб, ки бевосита ба нозукиҳои касби омӯзгорӣ, муносибати некбинонаи муаллимон нисбат ба шогирдон, боварӣ ба дӯстию рафоқати ҳамсолон, рақобату хислатҳои шӯрангези шарикдарсон сару кор доштааст, ин рӯйдодҳои таъсирбахши мактабиро дар таълими насли наврас воситаи беҳтарини тарбия дониста, ҳаёти наврас-қаҳрамони асосии асарро хеле ҷолиб ва шавқовару мароқангез дар ҳикоя тасвир намудааст.
Ба ин муроҷиати меҳрубононаи муаллим диққат диҳед, ки дар он роҳи ояндаи наврас пешгӯйӣ карда мешавад:
— Бачаҳо! Суханони маро аз ёд набароред! Ана, ҳамин шарикдарсатон дар оянда нависанда мешавад.(саҳ. 60).
Худи адиб, ки солҳои зиёд аз касби омӯзгорӣ бархурдор будааст, муносибату муноқишаи наврасонро ҳунармандона ба қалам додааст:
Агар Зокир ба давраи бачаҳо наздик мешуд, Файзулло бо лаҳни таҳқиромез ба ҳамсолонаш мегуфт:
— Ба шумо нависандаи маъруфи мактаб мепайвандад. Ӯро бо ҳурмату эҳтиром истиқбол намоед. (саҳ. 60).
Бояд зикр намуд, ки дар маркази ҳикоя ташрифи адиби маъруф Пӯлод Толис ба мактаб ва муколамаи қаҳрамони асосии асар Зокир бо сардабири маҷаллаи «Шарқи сурх» ҷой гирифтааст, ки онро муаллифи ҳикоя басо шавқовар ва хотирмон пешкаши хонандагон гардондааст:
— Ъэ, шумо адиб Пӯлод Толис мебошед?
Зокир хурсандиашро пинҳон карда натавонист.
— Ҳа, ман Пӯлод Толис мебошам, — бо лабханди мафтункунанда ҷавоб гардонд ҳамсуҳбат. – Шумо маро аз куҷо ва чӣ тавр медонед?
— Охир, ман китобатон «Ҳикояҳои даҳ сол», қиссаи «Тобистон» ва ҳикояи «Лолачинӣ»- атонро хондаам, — саросема посух гардонд Зокир, ки гӯё касе пеши суханашро мегирифта бошад. (саҳ.61).
Шоёни таҳсин аст, ки адиб дар баробари баён намудани орзуи асосӣ, яъне, майл доштани Зокирро ба касби пурмашаққату боифтихори нависандагӣ дар як вақт диққати хонандаро ба масъалаи тасвири ҳаёти наврасони водии Вахш ҷалб менамояд:
— Иҷозат медиҳед, ки ман ба шумо савол диҳам,-писарбача ҷуръат пайдо кард… -Чаро адибон дар бораи ҳаёти наврасони водии Вахш асаре намеофаранд? Аз соати шаши пагоҳӣ то соати даҳи шаб ба ғунучини пахта овораем. Қариб ду чоряк пахта мечинем. Боз ташвишҳои дигар. (саҳ.61).
Маврид ба қайд мебошад, ки муаллиф марҳалаи ба мақсад расидани наврасро аз забони омӯзгор самимӣ ва хонданбоб ба қалам додааст, ки хонанда аз мутолиаи он як ҷаҳон ҳаловат мебарад ва ҳамин лаҳза дар тарбияи ҷаҳонбинии насли наврас нақши бориз мебозад:
— Порсол ман ба шумо гуфта будам, ки Зокирҷон нависанда мешавад. Баъзеатон, — дар ин ҷойи сухан муаллим чашм ба сӯи Файзулло давонд, — бо шубҳа пешгӯйии маро қабул карда будед. Ва, инак, дар тасдиқи таъкиди ман маҷаллаи «Шарқи сурх» ҳикояи ҳамсинфатонро бо номи «Задухӯрд» дар таҳрири нависандаи маъруф Пӯлод Толис аз чоп баровардааст, — ва Ҳасанов маҷалларо кушода, саҳифаи чопшудаи ҳикояро ба хонандагон нишон дод. (саҳ. 61).
Чун адиб аз шаклу усулҳои тарбияи педагогӣ бархӯрдор будааст, анҷоми ҳикоя, яъне, муноқишаю зиддияти ҳар ду қаҳрамонони асарро бо сулҳу салоҳ, бо дӯстию бародарӣ ва ҳамдигарфаҳмию рафоқат ба охир расондааст, ки ба ақидаи ман бурди асосии асар дар ҳамин аст:
Файзулло ба Зокир, ки машғули хондани ҳикоя буд, наздик шуда, бо овози паст гуфт:
— Маро бубахш, Зокирҷон! Ман бовар надоштам. Акнун бовар кардам, ки ту дар ҳақиқат қобилияту истеъдод доштаӣ! Аз гуноҳам гузар.
— Ба гузашта салавот, — Зокир дасти Файзуллоро бо меҳр фишурд ва онҳо дастобадаст хандакунон ба берун, ба назди ҳамсинфонашон давида рафтанд. (саҳ. 61).
Хотиррасон карданием, ки ҳикоя басо равон, оммафаҳм, бо ҷумлаҳои сода ва шинам навишта шуда, адиб кӯшиш намудааст, ки ҳаёти наврасонро шавқангезу таъсирбахш тасвир намояд.
Мусаллам аст, ки адабиёти бадеӣ ҳамчун омили асосии тарбияи наврасон ва сарчашмаи ташаккули насли наврас дар рушди нутқ, зеҳн, хотира ва ҳисси донишандӯзии хонандагон нақши муҳим дорад. Зеро ки бо омӯзиши асарҳои бадеӣ ба хонандагон нозукиҳои адабӣ, табиӣ ва фарҳангию иҷтимоиро фаҳмонда, бо ин васила, назокати нигорандагӣ ва тасвирсозии адиб шиносонда мешавад. Хеле бамаврид мебуд, ки омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мавриди таълими дарсҳо ва машғулиятҳои беруназсинфӣ аз ин асари пурмуҳтавои нависанда мақсаднок истифода баранд, чунки ин тарзи кор шавқу завқи хонандагонро ба адабиёти бадеӣ зиёд менамояд.
Дар охир умед дорем, ки адиби ширингуфтор, собиқ омӯзгори мактаб Зариф Ғулом боз асарҳои ҷолиб ва мароқангез аз ҳаёти наврасон меофарад.