Рафоат ШАРИФЗОДА,
директори мактаби 54-и ба номи
Лоиқ Шералии ноҳияи Синои
шаҳри Душанбе,
Шамшод ДИЛШОДЗОДА,
омӯзгор

Дар адабиётшиносии ватанӣ ва ҷаҳонӣ доир ба рӯзгори Абулқосими Фирдавсӣ ва «Шоҳнома»-и безаволи ӯ пажуҳишу таҳқиқоти комили зиёде анҷом шудаанд, аз ҷумла, донишмандону номвароне чун С. Айнӣ, А. Лоҳутӣ, Б. Ғафуров, А. Мирзоев, Х. Шарифзода ва дигарон мақолаҳои илмӣ ва китобҳои судманде навишта, он ҳамосаи миллии моро аз ҷиҳатҳои мухталиф тадқиқ кардаанд. Аммо ҳадафи мо дар нигориши ин сатрҳо муайяну мушаххас кардани муносибатҳои модару падар ва фарзанд дар достонҳои мухталифи «Шоҳнома» мебошад. Барои ин ки мавзуъ дақиқтар равшан шавад, ибтидо назари куллӣ ба муносиботи зану мард дар «Шоҳнома» меандозем.
Парастиши илоҳа-модар куҳантарин ва нодиртарин иттифоқи даврони асотирии мардуми тоҷик шумурда мешавад. Эҷод гардидани «Шоҳнома» дар мавриди эътиқод ба зан ва қудрати ӯ ба унвони боарзиштарин ва комилтарин асар роҳи худро дар байни осори боқимонда аз он даврон ҳамвор сохт. Гузашта аз ин, «Шоҳнома» собит намуд, ки дар хонаводаҳои аҷдодони мо зан ва модар дорои ҷойгоҳи басо воло ва шоистае будааст.
Дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ чеҳраи зан мақому мартабаи хосса дорад. Дар ин ҳамосаи бузург тасвири бузургиву шаҳомат, корнамоию шуҷоат, одобу фазилат, тавоноиву зебоии ҷисмониву руҳии зан аз масоили асосӣ маҳсуб меёбад. Фирдавсӣ беҳтарин хислати занонро дар мардонагиву вафодорӣ, хушбаёниву суханварӣ, хирадмандиву накукорӣ ва ахлоқи пок, шармгинию покдоманӣ дарёфт намудааст. Эътиқод аз ибтидо бар ин буд, ки шукӯҳи хона бо кадбону ва кадхудо ҳарду пайвандӣ дорад ва бо он ки аз қадим низ солор ё калони хонавода падар ба шумор мерафт ва пас аз вай ба писараш мерасид, фарзандон муваззаф буданд, ки ҳам аз падар фармонбардорӣ кунанд ва ҳам аз модар.
Дар «Шоҳнома» ҷилваҳои тавоно ва сазовори зан дар нақши модар зоҳир мешавад, ки онҳо дар тасвири Фирдавсӣ хирадманд, дилсӯз, роздор ва шахси боэътимоди фарзандон ҳастанд ва бо меҳр ва шафқати модарона фарзандонашонро дар пасту баландиҳои рӯзгор муҳофизат ва пуштибонӣ мекунанд. Фаронак, Синдухт, Катоюн, Рӯдоба, Гулшаҳр ва ғайра аз қабили ҳамин гуна модарон ҳастанд. Пайванди модар ва фарзанд, махсусан, модару писар саршор аз ишқи модарона ва дилбастагии дуҷониба аст. Фарзандон дар сафар ва ҷангу набард дуои хайри модарро роҳкушо ва сабаби муваффақияти худ медонанд. Ба ҳамин сабаб, доимо дар талаби дуои неки модар ҳастанд. Паҳлавонон ҳангоми раҷазхонӣ ва чакомахонӣ, асолат ва бузургии модарро дар канори бузургии падар бармешумурданд. Майли отифии модару фарзанд бештар аз падар ва фарзанд аст.
Модарон дар издивоҷ ва хонадоршавии фарзандон нақши асосӣ ва таъйинкунанда доранд. Ҳамчунин, қадр ва манзалати модар қобили қиёс бо нақши ҳамсар нест ва дар ҳақиқат, арҷ ва азамати ҷойгоҳи модар ҳама нақшро таҳти партави худ қарор медиҳад.
Аммо дар баъзе аз достонҳои «Шоҳнома» мушоҳида мешавад, ки модар дар тарбияи фарзанд нақш надорад. Масалан, дар тарбияи Сом ва писари ӯ Зол модар иштирок надорад. Мушоҳида мешавад, ки Фирдавсӣ тамоми мушкилот ва тарбияи фарзандро бар дӯши падар гузоштааст ва падар ҳам нақши худ ва ҳам нақши модарро дар тарбияи фарзанд мебозад. Ин нозукии масъаларо профессор Х. Шарифзода мушоҳида карда, чунин нигоштааст: «Дар тасвири падару писар — Сому Зол модар иштирок надорад. Фирдавсӣ ҳама кори писарро бар дӯши нақши падар гузоштааст». Падар дар «Шоҳнома» ва матнҳои куҳан ва махсусан, дар фарҳанги мардуми тоҷик ҷойгоҳи хосса ва баланде дорад. Нақше, ки падар дар тарбияи фарзандон дорад, низ аслу асоси зиндагии баъдии онҳо қарор мегирад. Аммо нақши падар дар тарбия ва муносибат ба духтар нисбат ба модар камтар аст. Дар достони «Золу Рӯдоба» мушоҳида мешавад, ки Сом ба писари худ-Зол ҳунарҳои зиёде меомӯзад ва расму оини мамлакатдорӣ ва подшоҳиро ба ӯ талқин мекунад:

Пас он гоҳ Сом аз пайи пури хеш,
Ҳунарҳои шоҳон биёвард пеш.
Ҷаҳондидагонро зи кишвар бихонд,
Суханҳои боиста чанде биронд.

Дар оғози достон Сом ба сабаби таънаю маломати дӯстону бузургон нисбат ба писари бо мӯйи сари сафед тавлидшуда ҷабру ноадолатие карда, ӯро ба Албурзкӯҳ мепартояд: «Падар меҳри пайванди худро афганд ва ба кӯдаки ширхор ҷафо кард”. Дар давоми ҳамин достон омада аст, ки Сом аз амале, ки дар хурдсолияш бо Зол карда буд, пушаймон шуда, узр мехоҳад ва ба Симурғ ҷиҳати тарбияи Зол таҳсин мехонад:

Ба гоҳи ҷавониву кундоварӣ,
Яке беҳуда сохтам доварӣ,
Писар дод Яздон, бияндохтам,
Зи бедонишӣ арҷ нашнохтам.
Гаронмоя Симурғ бардошташ,
Ҷаҳонофарин хор нагзошташ.
Маро хор буд, мурғро арҷманд,
Бипарвард, то шуд чу сарви баланд.

Писарон ҳам ба ору номус, асл ва аҷододи падари худ таваққуи хос доранд ва аз дудмону муносибати падари худ ба хеш менозанд.
Дар достони «Рустаму Суҳроб» мебинем, ки Суҳроб баъд аз ба синни муайяне расидан аз модар аз дудмону падари худ мепурсад, ки ӯ чи касест ва ба кадом коре машғул мебошад:

Чу даҳсола шуд, з-он замин кас набуд,
Ки ёраст бо ӯ набард озмуд.
Бари модар омад, бипурсид аз ӯй,
Бад-ӯ гуфт густох: «Бо ман бигӯй,

Ки ман чун зи ҳамширагон бартарам?
Ҳаме б-осмон андарояд сарам.
Зи тухми киям в-аз кадомин гуҳар?
Чӣ гӯям, чу пурсад касе аз падар?

Ҳангоме ки Суҳроб аслу насаби худ ва фарзанди Рустами паҳлавон буданашро аз модар мефаҳмад, бо падари худ мефахрад ва мегӯяд:

Чу Рустам падар бошаду ман писар,
Намонад ба гетӣ яке тоҷвар.

Дар чаҳорчӯби низоми авлодӣ, инсонҳо дар дудмонҳо шакл мегиранд. Ҳар инсон ҷузъест аз аҷдоду дудмони хеш ва ба номи аҷдодаш номида мешавад ва дар моликияти аҷдод шарик аст, аз пуштибонии моддию маънавии узви дудмонии хеш бархурдор буда, бидуни ин ки тафовуте миёни вазоиф ва ҳуқуқи хеш қоил бошад, ба навбати хеш аз ҳамаи ҳамқавмон ҳимоят мекунад. «Ман»-е, ки ӯ мегӯяд, доиман маънои «мо»-ро дорад. Ӯ мудом ба фазоили падарон ва ба аҷдодонаш фахр мекунад, на барои ин ки дигаронро хор кунад ва ҳақир шуморад, балки барои ин ки мақому манзалати худро бозшиносад ва ба баҳои ҷони хеш аз «мо», аз дудмоне, ки ба он вобаста аст, дифоъ кунад ва бар ифтихороташ бияфзояд.
Мушоҳида мешавад, имрӯз дар кушоиши мушкилоти духтарон нисбат ба падарон модарон наздиктар мебошанд. Ин ҳолатро дар «Шоҳнома» бештар дар достони «Зол ва Рӯдоба» мушоҳида мекунем: «Аз кори духтар, тибқи муносибати оммаи мардуми эронӣ ва дар урфи дигар мардумони олам ҳам, бештар ва пештар модар огоҳӣ меёбад». Аз тафаҳҳус дар «Шоҳнома» маълум мешавад, ки миёни Зол ва Рӯдоба зане иттилоърасонӣ мекард. Синдухти модари Рӯдоба бошад, аз он зан чӣ сирри пинҳон доштани духтарашро мепурсад ва аз рози Рӯдоба огоҳ мешавад, бинобар ин, ба наздаш рафта мепурсад:

Ба Рӯдоба гуфт: Эй гаронмоя моҳ,
Чаро баргузидӣ ту бар гоҳ чоҳ,
Чӣ монд аз наку доштан дар ҷаҳон,
Ки нанмудамат ошкору ниҳон?
Ситамгар чаро гаштӣ, эй моҳрӯй?!
Ҳама розҳо пеши модар бигӯй!

Рӯдоба, ки то ин дам сухан аз ишқу ошиқӣ назада буд, модарро ҳамрозу ҳамдами хеш дида, сирри ниҳонро аз дили фигор чунин иброз кард:

Маро модарам гар назодӣ зи бун,
Нарафтӣ зи ман нек ё бад сухун.
Сипаҳдори Зобул ба Кобул бимонд,
Чунин меҳри ӯям бар оташ нишонд.
Чунон танг шуд бар дилам-бар ҷаҳон.
Ки гирён шудам ошкору ниҳон.
Нахоҳам будан зинда бе рӯи ӯй,
Ҷаҳонам наярзад ба як мӯйи ӯй.

Аз таваҷҷуҳ ба ин достон чунин маълум мешавад, ки аз ҷилваҳои муҳимми дигари зан ба тартиби ошиқӣ, паҳлавонӣ ва подшоҳӣ аст. Дар «Шоҳнома» Зол бузургтарин ишқи ҳамосиро ба намоиш мегузорад ва ҳамосаи ин ишқро барои таваллуди паҳлавоне чун Рустам тадорук дидааст. Дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ҳама чиз ранги ҳамосӣ дорад, ҳатто ишқ. Ба назари мо, меъёри интихоби достонҳои ишқӣ ва мантиқӣ, ки онҳоро бо «Шоҳнома» пайванд медиҳад, биниши сиёсии Фирдавсист. Муносиботи зану мард дар «Шоҳнома», ҷудо аз маҷмуаи ҳодисаҳо ва мушкилот нест, балки он оинаест, ки ҷонибҳои ношинохта ва ё камшинохтае аз симои қаҳрамононро инъикос карда, моро ба дарки комилтари онҳо ҳидоят мекунад.
Гузашта аз ин, занҳо дар зиндагии рӯзмарра, тибқи суннати маъмул воситаи сулҳҷӯӣ миёни духтару падар мебошанд. Аксари духтарҳо сирри худро мустақиман бо падар иброз карда наметавонанд ва модар миёни онҳо восита мешавад. Дар муносибати модару падар дар «Шоҳнома» мавзуъҳое ҳамчун мақому пуштибонии кишвар, ҳимояи номуси духтарон ва нигоҳ доштани иззату ҳурмати падар матраҳ мебошанд.
Ба назар мерасад, ки Фирдавсӣ, бар хилофи баъзе андешаҳои имрӯз, ки рисолати занро дар тавлид ва парвариши кӯдак медонад, дар тасвири занҳо бисёр шуҷоъ аст ва онҳоро дар корҳои идорӣ, давлатӣ ва ҷамъиятӣ фаъол тасвир кардаст.
Аз таҳқиқи иҷмолии мавзуи мавриди пажуҳиш, ҳамчунин, ба натиҷае расидан мумкин аст, ки тамоми маврид дар «Шоҳнома»-ро, ки марбут ба ин мавзуъ мебошанд, дар як мақолаи кӯчак таҳқиқ кардан аз доираи имкон берун мебошад. Таҳқиқи ин мавзуъ сароҳатан нишон медиҳад, ки гарчанде аз қадим то ин ҷониб сарвари оила дар хонаводаҳо мард аст, аммо нақши занон низ дар таълиму тарбияти фарзанд ва дигар умури ҷамъиятӣ кам нест ва муносибати модару падар ва духтару писар, ки дар «Шоҳнома» тасвир шудаанд, пайванд ба имрӯз доранд ва ҳамаи он хасоилу одатҳое, ки дар бархурд бо падару модар ва фарзандҳо дар ин асар тасвир шудаанд, дар замони муосир низ дар оилаҳои тоҷик ҷой доранд.
Адабиёт:
1. Абдулов, Н. Достонҳои ишқӣ дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ / Назарбек Абдулов. ‒ Душанбе: Сино, 2007. ‒ 180 саҳ.
2. Андарзномаи Фирдавсӣ. (Таҳия ва тадвин аз Зоҳир Аҳрорӣ ва Камол Айнӣ) ‒ Душанбе: Ирфон, 1992. ‒ 272
4. Ёдкарди Фирдавсӣ ва «Шоҳнома»-и ӯ (маҷмуаи мақолаҳо). Хуҷанд, 1993. ‒ саҳ. 104.
5. Ибодиён М. Фирдавсӣ ва суннату навоварӣ дар ҳамосасароӣ / Маҳмуди Ибодиён – Теҳрон: Интишороти Гуҳар. Бидуни соли нашр. ‒ 353 саҳ.
6. Ранҷбар, Аҳмад. Ҷозибаҳои фикрии Фирдавсӣ. ‒ Теҳрон: Муассисаи интишороти Амири Кабир, 1379. ‒ 464 саҳ.
7. Сафо, З. Ҳамосасароӣ дар Эрон. Аз қадимтарин аҳди таърихӣ то қарни чаҳордаҳуми ҳиҷрӣ / Забеҳуллоҳи Сафо. ‒ Теҳрон, Амири Кабир, 1384.
8. Фараҷуллоҳ, М. Ҳамосаи дод / Мизонӣ, Фараҷуллоҳ. ‒ Теҳрон, 1367. ‒ 280 саҳ.
9. Фирдавсӣ, Абулқосим. Шоҳнома Ҷ. 1. / Абулқосими Фирдавсӣ. ‒ Душанбе: Адиб, 1987. ‒ 479 саҳ.
10. Фирдавсӣ, Абулқосим. Шоҳнома Ҷ. 2. / Абулқосими Фирдавсӣ. ‒ Душанбе: Адиб, 2007. ‒ 480 саҳ.
11. Фурӯзонфар, Б. Сухан ва суханварон / Бадеъуззамони Фурӯзонфар. ‒ Теҳрон: Интишороти Хоразмӣ, 1380.
12. Хотамӣ, Аҳмад. Баррасии одоби пайванди заношӯӣ дар умури хонавода дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ. / Фаслномаи «Адаб», шумораи 150. ‒ Теҳрон, 1387. ‒ 22 саҳ.
13. Шарифзода Х. «Шоҳнома» ва шеъри замони Фирдавсӣ / Худоӣ Шарифзода. ‒ Душанбе, 2014. ‒ 400 саҳ.
14. Яздонӣ Зайнаб. Зан дар шеъри форсӣ (Дирӯз-имрӯз). ‒ Теҳрон: Фирдавс, 1378. ‒ 522 саҳ.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *