Раҳима РОЗИҚОВА,
мураббии кӯдакистони №80-и
ноҳияи Сино
Ошноӣ бо табиат зинаи ибтидоии донишҳои маърифатии инсон буда, ин донишҳо дар 5 ҳисси инсонӣ таҷассум меёбанд. Махсусан, мавзуи абрҳо, ки сарчашмаи об ва хуррамии табиат мебошад, барои наврасону кӯдакони синни томактабӣ зиёд муҳим мебошанд. Дар ин нигошта як машғулияти намунавӣ барои шиносоии кӯдакон бо табиат бо номи «Абрҳо» манзури мураббиҳо карда мешавад ва мо умедворем, ки барои боз ҳам ғанӣ шудани ҷараёни машғулиятҳояшон нақши муҳим мебозад.
Мавзуъ: «Абрҳо»
Мақсад: Шинос кардани кӯдакони гурӯҳи миёна бо намудҳои абрҳо.
Вазифаҳо:
Маърифатӣ: васеъ ва дақиқ намудани тасаввуроти бачаҳо дар бораи табиат — абрҳо. Абри сиёҳ чӣ тавр пайдо мешавад; ташаккули маҳорати ҷавоби пурра додани наврасон.
Инкишофдиҳанда: инкишоф додани мушоҳидаи ҳодисаҳои табиии абрҳо ва абрҳои сиёҳ, ёфтани фарқияти байни онҳо, инкишофи тасаввурот.
Тарбиявӣ: тарбияи маҳорати мушоҳидаи ҳодисаҳои атмосферӣ.
Кори пешакӣ: мушоҳидаҳо, суҳбатҳо, таҷрибаҳо бо об, машғулияти кушоди «чӣ, кай ва дар куҷо?», тамошои наворҳо доир ба мавзуи «пайдошавии абрҳо».
Мавод ва таҷҳизот: навори «Намудҳои абрҳо», даврачаҳои пахтагин, қайчиҳо, картони кабуд.
Оғози машғулият
Мураббӣ: — Бачаҳо! Мо дар осмон ҷамъшавии абрҳои сафедро мебинем, ки онҳо ба парҳои паранда, қасрҳои афсонавӣ ё пахтақанд монандӣ доранд. Дар ҳавои боронӣ бошад, осмонро абрҳои сиёҳ печондаанд.
Абрҳо чӣ тавр пайдо мешаванд?
Об аз таъсири гармӣ аз рӯйи замин ва аз дарёву кӯлҳо, баҳрҳо ва укёнусҳо буғ шуда, баланд ба сӯи осмон меравад. Буғҳо дар осмон аввал ба абрҳои хурд мубаддал мешаванд. Онҳо ба мисли парҳои парандаҳо дар осмон шино карда, ба ҳам пайваста ҷамъ мешаванд ва абрҳои калонро ташкил медиҳанд.
Буғҳо дар абрҳо батадриҷ ба қатраҳо табдил ёфта, ба замин меборанд. Агар ҳаво гарм бошад, борон ё агар хунук бошад, барф меборад.
Абрҳо дар баландиҳои гуногун ҷой мегиранд ва бо таъсири шамол дар осмон шино мекунанд. Абрҳо гуногун мешаванд.
Рафти машғулият
Мураббӣ: — Бачаҳо! Ба ин чистон ҷавоб ёбед:
Бол надорад, мепарад,
Шино мекунад бедаст.
Бачаҳо: — Абр!
Мураббӣ: — Офарин, бачаҳо! Ҷавобатон дуруст аст. Акнун мо имрӯз бо ҳодисаи табиат-абрҳо шинос мешавем. Дар хотир доред, ки абрҳо чӣ тавр пайдо мешаванд?
Бачаи 1: — Қатраҳои об дар натиҷаи гармӣ буғ шуда, ба осмон мераванд.
Бачаи 2: — Онҳо дар осмони хунук ба ҳам ҷафс шуда, абрчаҳо мешаванд.
Бачаи 3: — Абрчаҳо ба ҳам вохӯрда, ба абри калон табдил меёбанд ва қатраҳо вазнин шуда, ба замин дар шакли борон ё барф меборанд.
Мураббӣ: — Бачаҳо! Намудҳои абрҳо гуногун мешаванд. Имрӯз мо бо чанд намуд ва бо ба чанд синф ҷудо шудани онҳо шинос мешавем ва чанд намуна меорам, то ки шумо боз хубтар дар ёд гиред.
Абрҳоро вобаста аз ҳолати ҷузъии абрҳо ба се синф ҷудо мекунанд:
Абрҳои обӣ ё қатрагӣ, ки танҳо аз қатра иборатанд. Онҳо на танҳо дар ҳарорати мусбат, балки дар ҳарорати манфӣ (- 10°С ва пасттар аз ин) ҳам мушоҳида мешаванд.
Абрҳои омехта, ки аз омехтаи қатраҳои сард ва булӯрчаҳои ях ҳосил шудаанд. Онҳо дар ҳарорати аз -10 то – 40°С мушоҳида мешаванд.
Абрҳои яхӣ, ки аз булӯрчаҳои яхӣ ҳосил шудаанд ва дар ҳарорати пасттар аз -30°С мушоҳида шуда, назар ба қатраҳои моеъ бартарӣ доранд.
Дар мавсими гармӣ абрҳои қатрагӣ дар қабатҳои поёнии тропосфера омехта, дар қабатҳои мобайнӣ ва абрҳои яхӣ бошад, дар қабатҳои болоӣ ҳосил мешаванд. Дар мавсими сард бошад, дар ҳарорати паст абрҳои омехта ва яхӣ метавонанд, дар қабатҳои назди сатҳи замин ҳосил шаванд.
Пас аз ин кӯдакон навори «Намудҳои абрҳо»-ро тамошо мекунанд. Мураббӣ: — Ҳозир мо абрҳои тӯда, қабатдор, пармонанд ва борониро тамошо кардем. Мутахассисони обуҳавошинос аз рӯйи абрҳо вазъи обу ҳаворо пешгӯӣ карда метавонанд.
Мураббӣ: — Бачаҳо, биёед, тӯббозӣ мекунем. Ман тӯбро ба шумо мепартояму савол медиҳам, шумо ҷавоб дода, тӯбро баргашта ба ман мепартоед.
— Имрӯз дар осмон абр аст ё абрҳои тӯда?
-Абрҳо дар як ҷо истодаанд ё ҳаракат мекунанд?
-Агар дар осмон абрҳо бисёр бошанд, ҳаво чӣ хел мешавад? (Абрнок).
-Агар абрҳо набошанд чӣ? (Ҳавои софи офтобӣ). -Агар ҳам абр бошаду ҳам офтоб чӣ?
(Ҳавои тағйирёбанда).
-Ба шумо чӣ хел ҳаво писанд аст? (Ҳавои софи офтобӣ).
— Офарин! Шумо ба ҳамаи саволҳо ҷавобҳои дуруст додед. Ҳоло мову шумо аз даврачаҳои пахтагин суроби абрҳоро месозем. Мо осмони кабудро бо абрҳои зебо оро медиҳем. Метавонед аз пахта шаклҳои гуногунро буред, зеро абрҳо ба ашёҳои гуногун, ба ҳайвоноту парандаҳо низ монанд мешаванд.
Бачаҳо мустақилона аз даврачаҳои пахтагӣ шаклҳои ҳархелаи абрҳо месозанд. Дар охири машғулият суробҳои сохтаи бачаҳо ба намоиш гузошта мешаванд. Мураббӣ барои баланд бардоштани руҳияи шогирдон бачаҳои фаъолро дар машғулият таъриф мекунад. Бо чунин усул мураббиҳо метавонанд дар дарсу машғулиятҳо аз чунин шакли бозиҳо ва пурсишу посухҳо истифода бурда, малакаи фикрронӣ, донишҳои маърифатӣ ва табиии наврасону кӯдаконро такмил диҳанд.