Эмоми НАЗАРИЁН,
рӯзноманигор

Масъалаи ҷалби кӯдакон ба боғчаву ширхоргоҳ яке аз мсъалаҳои ҳассос дар раванди таълиму тарбия буда, андак муносибати нодуруст метавонад ба равони кӯдак таъсири ногувор дошта бошад. Дар ин нигошта як роҳи содаи моил кардани кӯдакон ба боғчаву ширхоргоҳ тасвир ёфтааст, ки барои мураббию мураббияҳо метавонад ҳамчун маводи методӣ кумак кунад!
Бачаҳо-духтаракону писаракони гурӯҳ пас аз хӯроки нисфирӯзӣ ба хоб рафтанд.
-Ҳама чашмҳоямонро мепӯшему ба хоб меравем!-гуфт мураббӣ. — Хоби хуш!
-Ту чаро ба ҷойгаҳат надаромадӣ?-баъди чанде мураббӣ пурсид аз Собирҷони чорсола, ки ӯро як ҳафта пеш модараш ба кӯдакистон оварда буд.
Собирҷон чизе нагуфту дар чашмонаш ашк ҳалқа шуд. Ҳеҷ не ки ӯ ба ҳаёти кӯдакистон одат намояд. Мураббӣ Собирҷонро бардошта, ба ҳавлии кӯдакистон баромад.
-Мехоҳӣ, ба арғунчак савор шавӣ?
Писарак бо инкор сар ҷунбонд.
-Медонӣ-чӣ? Биё, мо расмҳои кӯдакистонро тамошо мекунем, ана, ин расмҳои чист?
-Гург ва лаклак.
-Дуруст, аз филми тасвирии «Гург ва лаклак». Ту онро тамошо кардаӣ?
-Ҳа.
-Маъқул шуд?
-Маъқул шуд,-ором шуда, посух дод писарак.
-Собирҷон, ана ин расми чист?
-Бузаки ҷингилапо…
-Офарин! Ту донояк будаӣ-ку! Акнун мо дар алвонҷаки таги себ мешинему ман бароят афсонаи «Хурӯси зирак»-ро нақл мекунам. Ту афсонаро дӯст медорӣ?
-Ҳа.
-Буд-набуд, як хурӯси зирак буд, — бо лафзи ширин ба афсонагӯӣ оғоз намуд мураббӣ:
-Боре хурӯс дар саҳро дон чида мегашт, ки ӯро рӯбоҳи ҳиллагар дида монд. Рӯбоҳ дарҳол хост, хурӯсро фиреб дода, бихӯрад, аммо хурӯс ӯро дидан замон парида ба шохи баланди дарахте нишаст. Рӯбоҳ бо ҳиллае хост, хурӯсро аз дарахт ба замин фарорад.
-Медонӣ, Собирҷон, хурӯс чӣ тавр зиракӣ карда, аз душмани ҷонаш — рӯбоҳ халосӣ ёфт?
-Не.
-Ӯ ба гапҳои ширини рӯбоҳ бовар накарда гуфт:
-Ана аз дур як селаи сагон давида ба сӯйи мо меоянд. Рӯбоҳ, туро мекобанд-чӣ?
Рӯбоҳ аккоси сагонро шунида, рӯ ба гурез овард. Хурӯс ҳамин тавр аз душманаш халосӣ ёфт.
Собирҷон, афсона ба ту маъқул шуд?
Собирҷон дар ҷавоб чизе нагуфт, ӯро аз лафзи ширини мураббӣ ва алвонҷхӯрӣ дар алвонҷак хобаш бурда буд.
«Ана ҳамин тавр кӯдакон ба муҳити кӯдакистон одат мекунанд»,-қаноатманд аз хаёлаш гузаронд мураббӣ.
-Оиша,-ба ёрдамчиаш рӯ овард ӯ, — биё Собирҷонро бурда, дар катча хобонем…
Бегоҳӣ модар барои писараш омада дид, ки ӯ дар халқаи бачаҳои гурӯҳ хушҳолона мошинчабозӣ дорад. Модар хурсандона нафас кашид…
Мураббӣ дар вақти гусели онҳо гуфт:
-Имрӯз ба Собирҷон афсонаи «Хурӯси зирак»-ро гуфтам, бодиққат гӯш намуда, инҷиқӣ накард.
Сипас, ӯ ба Собирҷон бо меҳрубонӣ гуфт:
-Пагоҳ ба кӯдакистон, ки омадӣ, бароят боз як афсонаи шавқовар гуфта медиҳам, бо бачаҳо як бозии нав мекунем. Пагоҳ меоӣ, Собирҷон?
-Бо очаҷонам меоям! — қатъӣ гуфт Собирҷон.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *