Муҳаммаднабӣ БАЁНӢ,
муовини директори Муассисаи
давлатии «Хонаи китоби Тоҷикистон»,
номзади илмҳои филологӣ 

Омӯзгор, мураббӣ ва устод вожаҳои муқаддас мебошанд, ки ба тарбияву таълими наслҳо машғул буда, ҳар кас сазовори ин номҳои бузург шуда наметавонад. Дар воқеъ, омӯзгор аст, ки чароғи орзую омоли кас фурӯзон мегардад. Маҳз омӯзгор бо талошу заҳмати сангин тухми илму маониро дар дили шогирд мекорад, хуни ҷигар мехӯрад, то шогирдон ҳамчун шахсият дар ҷамъият нуфуз ёбанду барои миллату давлату ҷамъият хадамоти шоиставу содиқона анҷом диҳанд. Ҳамин аст, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба беҳбуди вазъи устодону омӯзгорон ва баланд бардоштани мақоми онҳо дар ҷомеа ғамхории беандоза зоҳир мекунанд.
Мақсад аз овардани ин муқаддима он аст, ки дар идома чанд сухане доир ба заҳмату талошҳои омӯзгори асил ва дӯстдори ҳақиқии касби хеш, муаллими мактаби №5-и ноҳияи Панҷ Садриддин Муҳаммадиев иброз намоям. Номбурда зиёда аз 30 соли ҳаёти худро дар касби омӯзгорӣ бахшида, ба наврасону ҷавонони кишвар таърихро, ки яке аз фанҳои ҳувиятсоз, ғурурофар ва василаи муҳим барои худогоҳии миллии хонандагон мебошад, омӯзонидааст ва имрӯз низ ба таълиму тарбияи насли ҷавон машғул аст.
Камина, ки аз маънавияти дарсҳои ин устоди фозил баҳраманд гардидаву дарси хештаншиносӣ омӯхтаам, то ҳол чунин маъниофарӣ ва фазосозиеро, ки Садриддин Муҳаммадиев дар раванди дарсҳояшон ба вуҷуд меоварданд, дучор нашудаам. Ӯ барои ҳар як дарси таърих ашёҳои таърихӣ, нигора ва бозёфтҳоеро ба ҳар шакл ба дарс ҳозир намуда, дар атрофи нигораҳои таърихӣ ва бозёфтҳо суханронӣ мекард ва ҳар як суханашро бо намоиши ашёву олоти таърихӣ такмил месохт.
Маҳз ин ҳисси баланди масъулият, миллатдӯстиву ватанпарастӣ ва таърихдӯстӣ боис шудааст, ки аз ҷониби ин шахсияти шариф «Осорхонаи махсуси таърихӣ-кишваршиносӣ» дар мактаби №5-и ноҳияи Панҷ таъсис дода шудаву тамоми нигораҳо аз ҷониби устод дар ин осорхона ҷамъоварӣ шудааст.
Таҳлилҳои педагогӣ-иҷтимоӣ нишон медиҳанд, ки ташкили чунин осорхонаҳо аз як сӯ барои дар сатҳи баланди маънавӣ баргузор шудани дарсҳо мусоидат кунанд, аз ҷониби дигар, дар самти ҳифз, нигоҳдошт ва аз парокандагию нестшавӣ эмин доштани нигораҳои таърихӣ ва бозёфтҳои бостонӣ мусоидат мекунад. Осорхонаи мазкур барои бедорӣ ва худшиносии миллии таълимгирандагони мактаб ва муассиру муфид гузаронидани дарсҳо таъсири хеле калон мерасонад.
Имрӯзҳо низ Садриддин Муҳаммадиев ҷода ба ҷода ва деҳа ба деҳа ба ҷамъоварии нигораҳои таърихӣ машғул буда, аксари экспонатҳои ҷамъовардаи ӯ таърихи зиёда аз 500-сола доранд. Ба ҳар гӯшаю канори ноҳия ва ҷумҳурӣ сафар мекунад ва пайваста як ҳадаф дорад: ҷустуҷӯи нигораҳои таърихӣ!!!
Намояндагони шуъбаи маорифи ноҳия низ ба фаъолияти омӯзгорӣ ва таъсиси осорхонаи ӯ баҳои баланд додаанду омӯзгорони дигар муассисаҳои таълимии ноҳия аз ҷамъоварӣ ва таъсиси осорхонаи ӯ истиқболи шоиста мекунанд.
Садриддин Муҳаммадиев 20-уми марти соли 1962 дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон зода шуда, мактаби ибтидоиро дар зодгоҳаш хатм кардааст. Ӯ аз он ифтихор дорад, ки соли 1969 аввалин қадами худро ба синфи 1-ум дар мактаби №5-и ноҳияи Панҷ ниҳодаву имрӯз дар ин боргоҳи маърифат аз таърих ба шогирдон дарс медиҳад. Пас аз хатми мактаби миёна меҳру муҳаббати омӯзгорӣ дар дилаш ҷӯш мезанад. Азбаски аз хурдӣ таъриху ҳуқуқро бештар меписандид, орзу дошт, ки оянда аз ин фанҳо ба шогирдон дарс гӯяд. Ниҳоятан, соли 1980 орзуи С.Муҳаммадиев амалӣ гардида, ба факултети таърихи Донишгоҳи давлатии ба номи В.И.Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дохил шуда, онро соли 1985 бо сари баланд хатм мекунад. Фаъолияташро аз мактаби миёнаи №5 оғоз бахшида, ҳамакнун беш аз 30 сол аст, ки дар ин касби пурифтихор, вале заҳматталаб ифои масъулият дорад.
Ин марди хоксор ва фидоии касби омӯзгорӣ ҳамеша аз шахсиятҳое, ки чароғи илму маонӣ ва меҳри омӯзгориро дар дили ӯ ҷой кардаанд, ёдовар мешавад. Аз ҷумла, мегӯяд: «Устодони мушфиқу ғамхоре, ки ба ман бевосита дарс доданду маро ба касби омӯзгорӣ дилгарм карданд, шахсиятҳои маънавие, ба мисли Латиф Шарифов, Ҳасан Шарифов ва Холмаҳмад Қодиров буданд. Устодоне, ки усулҳои таълиму тарбияро ба ман омӯзонданд, шодравон Анвар Алимардонов ва Анвар Наботов буданд».
Мавсуф дар давоми фаъолияташ шогирдони зиёдеро ба воя расонидааст. Даҳҳо шогирди ӯ дар озмунҳои вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ иштирок карда, ҷойҳои намоёнро ишғол намудаанд.
Маврид ба таъкид аст, ки мактаби №5-и ноҳияи Панҷ яке аз мактабҳои пешқадам дар ноҳия маҳсуб мегардад. Бо истифода аз фурсат, мехоҳам аз шахсиятҳое, амсоли Ҳаким Ҳақдодов, Холмаҳмад Қодиров, Содиқ Шодиев, Хадичамоҳ Собирова, Нуриддин Раҳматуллоев, Аҳрор Мухторов, Бобошоҳ Муҳаммадиев, Давлатбӣ Раҳматова ва дигарон ёдовар шавам, ки ҳамчун машъалафрӯзони роҳи ҳаёти насли наврас солҳои тӯлонӣ дар ин макон фаъолият намудаанд. Ёдоварӣ аз исми чунин устодон хотираи неки онҳоро пос доштан аст ва барои насли ҷавон сабақе хоҳад буд дар садоқати касбияшон. Ҳамзамон, имрӯз дар ин мактаб дар қатори Садриддин Муҳаммадиев омӯзгорони асилу соҳибтаҷриба, ба мисли Бахтиёр Зулфиқоров, Шукрулло Файзиев, Анвар Наботов, Пирмурод Миров, Давлатмурод Баёнов, Раҳмоналӣ Шарифов, Моҳлиқо Ҷӯраева, Санавбар Ибронова, Мухтадо Шомаҳмадов, Мунира Ҳалимова, Исо Пиров, Маҳмадризо Пиров ва дигарон фаъолияти шоиста мекунанд. Онҳо ба насли наврас содиқона таълим медиҳанд, ки сифатҳои неки омӯзгорӣ, равиш ва услуби таълими эшон барои омӯзгорони ҷавон дарси ибрат аст. Хусусан, ман ҳамчун эҷодкор аз устодони худ ифтихор дорам.
Бо ошно гардидан ба фаъолияти омӯзгорӣ ва осорхонаи Садриддин Муҳаммадиев ба хулосае омадем, ки ӯ дар баробари омӯзгори асил будан, посдори таъриху тамаддуни миллати тоҷик аст, зеро бо нигораҳои ҷамъовардааш насли навраси як гӯшаи зебоманзари Тоҷикистони азизро ба гузаштагони худ ошно карда, ифтихор ва худшиносии миллиро дар замири онҳо бедор месозад. Боварӣ дорем, ки шогирдон ва насли имрӯзу фардои ин минтақа ҳеҷ гоҳ заҳматҳои С. Муҳаммадиевро фаромӯш намекунанд ва мудом ҳамчун омӯзгори ботаҷриба, мушфиқу раҳнамо ва ҳалиму дилсӯз эҳтиром хоҳанд кард.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *