Рамазон ШАРИФОВ,
омӯзгори химия ва биологияи Литсейи №2 барои
хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе

ҶОИЗАИ НОБЕЛ (ба забони шведӣ-Nobelpriset, англисӣ-Nobel Prize) яке аз бонуфузтарин ҷоизаҳои байналхалқӣ мебошад, ки ҳар сол барои тадқиқотҳои барҷастаи илмӣ, ихтироъкориҳои илмӣ-амалӣ, саҳми бузург гузоштан дар фарҳангу адабиёт, рушди ҷомеа, таъмини сулҳу амният супорида мешавад. Дар ин навишта мехостам, каме дар бораи ин ҷоизаи муътабари байналмилалӣ ба хонандагони маҷаллаи “Маърифати омӯзгор”-устодону омӯзгорони арҷманди кишвар маълумоти мухтасар пешниҳод намоям, то ҳангоми баргузории дарсҳо, хусусан, илмҳои дақиқ аз ин иттлоот самаранок истифода намоянд. Ҷоизаи Нобел мувофиқи васиятнома (мероснома)-и Алфред Нобел соли 1895 таъсис ёфтааст. Дар соли 1901 нахустин бор Ҷоизаи Нобел ба гирандагони он эҳдо шуд. Тибқи васияти ӯ панҷ ҷоиза ба таври солона ба олимони соҳаҳои физика, химия, физиология ва тиб, адабиёт ва сулҳ, ки бештарин хидматро ба мардум кардаанд, супорида мешавад. Шашумин ҷоиза, яъне, ҷоиза оид ба илмҳои иқтисодӣ низ аз соли 1969 инҷониб бо ташаббуси Бонки Шветсия таъсис дода шудааст, ки онро ғайрирасмӣ Ҷоизаи Нобел барои соҳаи иқтисод меноманд.

АЛФРЕД БЕРНХАРД НОБЕЛ КӢ БУД?

АЛФРЕД БЕРНХАРД НОБЕЛ химики швед, кашшофи моддаи тарканда динамит ва яке аз машҳуртарин олимони ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Алфред Нобел аз зумраи онҳоест, ки пеш аз вафоти худ хабари фавтиданашро аз рӯзнома хондааст. Ин олими номвар 21-уми октябри соли 1833 дар шаҳри Стокголм, Иттиҳоди Шветсия ва Норвегия, дар оилаи муҳандис таваллуд шудааст. Вай сеюмин фарзанди оила буда, таҳсилро дар зодгоҳ гирифтааст. Дар олами илм Алфредро ҳамчун химик, инженер ва ихтироъкор мешиносанд. Нобел дар зиндагӣ бисёр шахси сарватманд, муваффақ ва илмдӯст буд. Ӯ қисми зиёди даромади худро аз 355 ихтирооти худ ба даст оварда буд, ки машҳуртарин ихтироаш динамит (соли 1867) буд. Алфред Нобел 10-уми декабри соли 1896 аз сабаби хунравии мағзи сар дар Сан-Ремои Италия даргузашт. Дар қабристони Норра-Солна, ки яке аз қабристонҳои калонтарини шаҳри Стокголми Шветсия аст, ба хок супорида шуд.

САБАБИ ТАЪСИСИ ҶОИЗАИ НОБЕЛ ДАР ЧИСТ?

Бародари Нобел Людвиг дар яке аз таркишҳо

даргузашт ва бо иштибоҳи рӯзноманигорон дар рӯзномаҳо дар бораи марги худи Алфред Нобел эълон нашр карданд. Пас аз мутолиаи мақолаи яке аз рӯзномаҳои фаронсавӣ таҳти унвони «Тоҷири марг мурдааст», Нобел дар бораи он фикр ва эҳсоси надомат кард, ба худ савол дод, ки агар воқеан ин марги бародарам не, балки марги ман мебуд, мардум чӣ гуна маро ба ёд меоварданд? Барои як олим ин хуб аст ё бад? Ё барои ихтирои аслиҳаи ҷонгудоз – динамит маро накуҳиш карданд? Ӯ фаҳмид, ки дигар роҳи паҳншавии ин аслиҳаро гирифта намешавад (чун дар истифодаи омма қарор дошт).
— Ман бояд коре кунам, ки пас аз марг маро на бадӣ, балки ба хубӣ ва ҳамчун як олим шиносанд.
Баъдан васиятномаашро тағйир дод. Ҳоло тамоми олам Алфред Нобелро чун як олими барҷастаи соҳаи химия ва асосгузори Ҷоизаи ҷаҳонии Нобел мешиносанд, на ҳамчун ихтироъкори динамит.

ВАСИЯТНОМАИ АЛФРЕД НОБЕЛ КАЙ НАВИШТА ШУД?
Васиятномаи Алфред Нобел 27 ноябри соли 1895 навишта шуда, дар моҳи январи соли 1897 барои омма эълон карда шуд.
Матни аслии васиятнома чунин аст:
“Тамоми амволи манқул ва ғайриманқули ман аз ҷониби иҷрокунандагони ман бояд ба дороиҳои пардохтпазир табдил дода шаванд ва сармояи ба ин тартиб ҷамъовардашуда бояд дар бонки боэътимод ҷойгир карда шавад. Даромади маблағгузорӣ бояд ба фонде тааллуқ дошта бошад, ки онро ҳар сол дар шакли мукофот ба онҳое тақдим карда шавад, ки дар давоми соли гузашта ба ҳаёти инсоният нафъи калон расондаанд. Фоизи нишондодашуда бояд ба панҷ кисми баробар тақсим карда шавад ва ба панҷ соҳаи зерин эҳдо гардад:
ЯКУМ — ба касе, ки дар соҳаи физика муҳимтарин кашфиёт ё ихтироъ мекунад;
ДУЮМ — ба касе, ки дар соҳаи химия муҳимтарин бозёфт мекунад;
СЕЮМ — ба касе, ки дар соҳаи физиология ё тиб бозёфти муҳимтарин мекунад;
ЧОРУМ — ба касе, ки барҷастатарин асари адабии самти идеалистӣ эҷод мекунад;
ПАНҶУМ — ба касе, ки дар кори ягонагии халқҳо, барҳам додани ҷангу низоъҳои байналмилалӣ ё байналхалқӣ ва барои пешбарӣ намудани конгрессҳои сулҳу осоиштагии мардум ҳиссаи калон гузоранд.
Ҳамзамон, тақдим ва муайян кардани ҷоизаҳо дар соҳаи физика ва химияро Академияи Шоҳигарии Илмҳои Шветсия, соҳаи физиология ва тибро Институти Шоҳии Каролинска (дар шаҳри Стокголм), оид ба адабиётро Академияи Шветсия (Стокголм) ва Ҷоизаи сулҳро аз ҷониби панҷ нафар аъзои комитети Стортинги Норвегия таъйин кунанд ва супоранд. Орзуи вижаи ман ин аст, ки ҳангоми супурдани ҷоизаҳо миллати номзадҳо ба назар гирифта нашавад ва сазовортаринҳо новобаста аз скандинавӣ будан ё набудани онҳо ин ҷоизаро гиранд”.

АРЗИШИ ҶОИЗАИ НОБЕЛ ЧӢ
ҚАДАР АСТ?
Эквиваленти он пурра муайян карда нашудааст, зеро ба маблағи дар бонкгузошташуда ё ба қурби асъор вобастагӣ дорад. Мисол: дар аввал арзиши Ҷоизаи Нобел 10 миллион кронаи шведӣ (қариб 1,05 млн евро ё 1,5$ млн доллари ИМА )-ро ташкил медод. Ҳоло бошад ҳар як ҷоиза 950 000 доллари амрикоӣ арзиш дорад.

ҚОИДАҲОИ СУПОРИДАНИ
МУКОФОТ ЧӢ ГУНА АСТ?
Ҳуҷҷати асосие, ки қоидаҳои додани ҷоизаро танзим мекунад, муқаррароти Хазинаи Нобел мебошад. Мукофот танҳо ба шахсони алоҳида, яъне, худи шахс дода мешавад, на ба муассисаҳо (ба истиснои мукофоти сулҳ). Ҷоизаи сулҳ метавонад ба шахсони алоҳида, инчунин, ба ташкилоти расмӣ ва ҷамъиятӣ дода шавад. Мутобиқи банди 4-и оиннома дар як вақт метавонад як ё ду асар мукофотонида шавад, аммо шумораи умумии гирандагон набояд аз се нафар зиёд бошад. Гарчанде ки ин қоида танҳо дар соли 1968 ҷорӣ карда шуда буд, он ҳамеша воқеан эҳтиром карда мешавад. Дар ин маврид мукофоти пулӣ дар байни лауреатҳо ба таври зерин тақсим карда мешавад: мукофот аввал байни асарҳо ва баъд дар байни муаллифони онҳо баробар тақсим карда мешавад. Ҳамин тавр, агар ду кашфиёти гуногун мукофотонида шавад, ки яке аз онҳоро ду кас сохта шудааст, пас охирин 1/4 қисми пулии мукофотро мегирад.

ОЁ ҶОИЗАСУПОРӢ ЯГОН САНАИ
МУАЙЯН ДОРАД?
Ҳар сол рӯзи вафоти Алфред Нобел — 10-декабр дар зодгоҳаш шаҳри Стокголми Шветсия бо тантана супорида мешавад.

ҶОИЗАИ НОБЕЛ БА КИҲО ДОДА
МЕШАВАД?
Дар васиятномаи Алфред Нобел қабл аз маргаш навишта шуда буд, ки ин ҷоиза ба намояндагони панҷ соҳа: физика, химия, физиология ва тиб, адабиёт ва сулҳ, ки бештарин хидматро ба мардум кардаанд, супорида шавад.

ОЁ МЕТАВОНАД ЯК ШАХС ЧАНД МАРОТИБА САЗОВОРИ ҶОИЗАИ НОБЕЛӢ ГАРДАД?
Ҷоизаҳо (ба ҷуз Ҷоизаи сулҳ) танҳо як маротиба дода мешаванд, аммо дар таърихи ҷоиза чанд истисно аз ин қоида вуҷуд дошт, панҷ нафар ду маротиба ҷоизаи Нобелро гирифтанд:
• Мари Склодовская-Кюри, соли 1903 дар физика ва соли 1911 дар химия.
• Линус Полинг, химия дар соли 1954 ва мукофоти сулҳ дар соли 1962.
• Ҷон Бардин, ду ҷоиза дар соҳаи физика, дар солҳои 1956 ва 1972.
• Фредерик Сангер, ду ҷоиза дар соҳаи химия, дар солҳои 1958 ва 1980.
• Барри Шарплесс, ду ҷоиза дар соҳаи химия, дар солҳои 2001 ва 2022.

ТАШКИЛОТЕ, КИ ЯКЧАНД МАРОТИБА САЗОВОРИ ИН ҶОИЗАИ НОБЕЛӢ
ГАРДИДААНД:
• Комитети байналхалқии Салиби Сурх се маротиба — дар солҳои 1917, 1944 ва 1963 бо мукофоти сулҳ сарфароз гардидааст.
• Идораи Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба гурезаҳо ду маротиба, дар солҳои 1954 ва 1981 Ҷоизаи сулҳро гирифтааст.

ОИЛАЕ, КИ АЗ ҲАМА ЗИЁД САЗОВОРИ ИН ҶОИЗА ГАРДИДААСТ:
Соли 1903 ҳамсарон — Пер Кюрӣ ва занаш Мария Склодовская Кюрӣ, аввалин зане, ки барандаи ҷоиза гардид, ҷоизаи Нобелро дар соҳаи физика гирифтанд. Пас аз марги шавҳараш Мария дар соли 1911 ҷоизаи дуюми Нобелро дар соҳаи химия гирифт. Соли 1935 духтари калонии онҳо Ирен Ҷолиот-Кюрӣ ҳамроҳи шавҳараш Фредерик Жулио-Кюрӣ низ соҳиби мукофоти Нобел дар соҳаи химия гардиданд.

ОЁ ДАР ДИГАР СОҲАҲО НИЗ ЧУНИН ҶОИЗАҲОИ БОНУФУЗ ВУҶУД ДОРАД?
Барои намояндагони соҳаҳои дигари илм ва санъат, ки Нобел онҳоро аз таваҷҷуҳи худ дур кардааст, мукофотҳое ҳастанд, ки аз ҷиҳати мақому мартаба ба ҷоизаи Нобел нисбатан наздиканд. Барои риёзидонон ин, пеш аз ҳама, ҷоизаҳои Ҳобил ва Филдс мебошанд. Дар соҳаи дин ба ҷоизаи Нобел ҷоизаи Темплтон монандӣ дорад.

АЗ КИШВАРҲОИ
ОСИЁИ МАРКАЗӢ ЯГОН НАФАР
САЗОВОРИ ИН ҶОИЗА ГАРДИДААСТ?
Боиси қайд аст, ки се нафар аз давлатҳои наздикии мо Малола Юсуфзай (соли тав. 1997) аз кишвари Покистон дар соҳаи сулҳ — соли 2014, ҳамчун ҷавонтарин зан, ки сазовори ин ҷоиза гардидааст, Султон Азизӣ аз Туркия, дар соҳаи биология соли 2016 ва Наргис Муҳаммадӣ (соли тав. 1972) аз Ҷумҳурии исломии Эрон дар соҳаи сулҳ сазовори ин ҷоизаи бонуфуз гардидаанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *