ОБҲОИ МИНЕРАЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН — ТАРКИБ, ХОСИЯТИ ТАБОБАТӢ ВА НАВЪҲОИ ОНҲО
Муъминҷон ИБРОҲИМОВ,
омӯзгори химияи Литсейи
Донишкадаи политехникии шаҳри Хуҷанд
Мавзуи об яке аз масъалаи муҳим дар зиндагии башарият буда, дар шароити кунунии ҷаҳон ба яке аз проблемаҳои ҷаҳонӣ мубаддал гардидааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол ташаббускори ҷаҳонӣ дар сиёсати байналмилалии об буда, дорои захираҳои ғании обӣ мебошад. Махсусан, бахши обҳои менералии Тоҷикистон аз муҳимтарин сарватҳои табиии кишвар буда, ҳамчун манбаи шифо истифода мегарданд. Ин нигошта доир ба обҳои минералии кишвар дар қолаби дарси намунавӣ дар синфи 8 аз химия манзур карда мешавад.
Барнома: Навъҳои обҳои минералии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба тарзи пайдоиш. Обҳои минералии шифобахши Тоҷикистон (Оби Шифо, Оби Ҳавотоғ, Лойқаи шифо, Хоҷа Оби Гарм, Оби Гарм, Тандикӯл, Шоҳамбарӣ, Явроз, Хоҷа Сангхок, Файзобод, Оби Зулол ва ғайра).
Салоҳиятҳо:
• Обҳои асосии минералии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян карда метавонад.
• Сарчашмаҳои геологии обҳои минералии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дарк карда метавонад.
• Фоида ва истифодаи обҳои минералии Ҷумҳурии Тоҷикистонро фаҳмонида метавонад.
Мақсади таълим
Бо омӯзиши мавзуъ хонанда бояд навъҳои обҳои минералии Ҷумҳурии Тоҷикистонро вобаста ба тарзи пайдоиш, шифобахшӣ ва мавқеи ҷойгиршавӣ (Оби Шифо, Оби Ҳавотоғ, Лойқаи шифо, Хоҷа Оби Гарм, Оби Гарм, Тандикӯл, Шоҳамбарӣ, Явроз, Хоҷа Сангхок, Файзобод, Оби Зулол ва ғайра)-ро донад.
Методикаи таълим
Қадамҳо ва фаъолиятҳои дарс хусусияти тавсиявӣ доранд. Ҳангоми банақшагирии дарс аз онҳо самаранок истифода мебарем.
I. Водоркунӣ (оғози дарс).
1) Қисми ташкилии дарсро мегузаронем.
2) Масъалагузорӣ бо мақсади ба ёд овардани донишҳои пешинаи хонандагон. Бо ин мақсад аз саволҳои матни китоби дарсӣ низ истифода мебарем.
Саволҳо:
Фарқи байни обҳои уқёнусҳо ва рӯдҳои Тоҷикистон дар чист?
Барои тоза нигоҳ доштани обҳои маҳал чӣ пешниҳод доред?
Оё оби боронро оби муқаттар (оби дистиллат) номидан мумкин аст? Ҷавобатонро шарҳ диҳед.
Масъалаҳои пайдоиш ва тарзи истифодаи обҳои минералиро кадом илмҳо меомӯзанд?
«Оби дурушт» гуфта, кадом обро меноманд?
Барои чӣ обро «зебоии табиат» меноманд?
«Оби кишвар мисли шири модар аст»-Ин чӣ маъниро ифода мекунад?
«Об қувваи ба ҳаракатдароварандаи ҳаёт аст» — Барои чӣ ин хел мегӯянд?
3) Аз рӯйи саволи мавзуъ хӯша (кластер)-ро пур мекунем. Намунаи хӯша:
II. Даркнамоӣ (қисми асосии дарс).
4) Кори фардӣ – хониши мустақилона. Ба хонандагон мефармоем, ки матни китобро хонанд ва аз рӯйи мазмуни он 5 савол таҳия намоянд. Барои ин кор вақти муайян ҷудо мекунем.
Таҳияи саволҳо бо ҷавобҳояшон барои намуна:
1) Дар ҳудуди Тоҷикистон чанд чашмаи оби минералӣ мавҷуд аст, ки аксари онҳо хусусияти шифоӣ доранд?
Ҷавоб: Дар ҳудуди Тоҷикистон зиёда аз 200 чашмаи оби минералӣ мавҷуд аст, ки аксари онҳо хусусияти шифоӣ доранд.
2) Обҳои минералии Тоҷикистон чанд навъ мешаванд ва вобаста ба ҳарорат, тарзи пайдоиш ва дар кадом сатҳи қишри замин ҷойгир шуданашонро шарҳ диҳед.
Ҷавоб: Ҳарорати обҳои минералии Ҷумҳурии Тоҷикистон якхела набуда, вобаста ба тарзи пайдоиш ва дар кадом сатҳи қишри замин ҷойгир шуданашон чор навъ мешаванд:
1. Чашмаҳои сард (ҳарораташон то 20оС);
2. Чашмаҳои муътадил (ҳарораташон аз 20оС то 37оС);
3. Чашмаҳои гарм (термалӣ) (ҳарораташон аз 37оС то 42оС);
4. Чашмаҳои ҷӯшон (гармчашмаҳо) (ҳарораташон аз 42оС боло).
3) Дар асоси кадом обҳои минералии шифобахш дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон табобатгоҳу осоишгоҳҳо ва санаторияҳо сохта шудаанд?
Ҷавоб: Дар асоси обҳои минералии шифобахши Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, Шоҳамбарӣ дар ноҳияи Ҳисор, Оби Ҳавотоғ дар шаҳри Истаравшан, Оби Шифо дар шаҳри Исфара, Хоҷа Оби Гарм дар ноҳияи Варзоб, Обигарм дар ноҳияи Роғун, Явроз дар дараи Ромити шаҳри Ваҳдат, Шӯрчашма дар ноҳияи Дӯстӣ, Гармчашма дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон табобатгоҳу осоишгоҳҳо сохта шудаанд.
4) Кадом намуди обҳои минералии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун оби ошомидании минералӣ истифода мебаранд?
Ҷавоб: Обҳои ошомидании минералие, ки ба зарфҳо ҷойгир карда, ба муомилот мебароранд, инҳо мебошанд: Оби Зулол, Сиёма, Файзобод, Ҳавотоғ, Шоҳамбарӣ, Хоҷасангхок, Қаротобон ва ғайра.
5) Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон чанд чашмаи оби минералӣ мавҷуд аст ва чандтои онҳоро оби гарм ва чандтои онҳоро оби хунук ташкил медиҳанд?
Ҷавоб: Дар ВМКБ 71 чашмаи оби минералӣ мавҷуд аст, ки 28-тояш оби гарм ва 43-тояш оби хунук дорад.
6) Яке аз чашмаҳои машҳури Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кадом чашма ба ҳисоб меравад? Ҷавобатонро шарҳ диҳед.
Ҷавоб: Яке аз чашмаҳои машҳури ВМКБ Гармчашма мебошад. Ҳарорати оби ин чашма аз 47 то 62оС буда, дар таркиби он ҳидрокарбонати натрий, хлориди натрий, сулфур, оҳан, оксиди карбон (IV) ва ғайра мавҷуд аст. Оби Гармчашма аҳаммияти калони шифоӣ дорад.
7) Чаро обҳои минералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хосияти шифобахшӣ доранд?
Ҷавоб: Чунки таркиби обҳои минералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сулфиди ҳидроген, пайвастагиҳои силитсий, оҳак, пайвастагиҳои радон, намакҳои натрий, карбонатҳо, сулфатҳо, сулфидҳо, йод, бром, оҳан ва ғайра, иборат мебошад.
8) Обҳои минералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кадом бемориҳо шифо мебахшанд?
Ҷавоб: Обҳои минералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бемориҳои тарбод, меъдаву рӯда, ҷигар, гурда, пӯст, асаб, дарди буғум ва узвҳои ҳаракат шифо мебахшанд.
Муҳокимаи саволҳо
Баъди анҷоми вақт аз рӯйи саволҳои тартибдодашуда байни хонандагон саволу ҷавоб ташкил мекунем. Хонандагон бо навбат ба ҳамдигар савол медиҳанд.
-Ҷавобҳои нодурусти хонандагонро пурра мекунем.
Кори гурӯҳӣ. Ба гурӯҳҳо чунин супориш медиҳем:
Обҳои минералии шифобахши Тоҷикистонро шарҳ диҳед.
Коратонро ба дигарон муаррифӣ намоед.
— Бартараф намудани тасаввуроти ғалат. Барои ҳалли масъалаҳои баҳсталаб ба хонандагон мадад мерасонем.
III. Мулоҳизаронӣ (анҷоми дарс)
9) Аз саволу супоришҳо ва тестҳои китоби дарсӣ истифода бурда, дониши хонандагонро мустаҳкам мекунем ва месанҷем.
Дар бораи кӯлҳои Тоҷикистон маълумот диҳед?
Кадом неругоҳҳои барқи обии (НБО)Тоҷикистонро медонед?
Дарёҳои Тоҷикистонро номбар кунед ва аз харита онҳоро нишон диҳед.
Массаи 5 мол об (H2O) ба чанд баробар аст?
Ҳиссаи массаи оби кристаллизатсиониро дар таркиби купориси мис (CuSO4‧5H2O) бо ҳисоби фоиз муайян кунед.
Чанд фоизи таркиби об (H2O)-ро оксиген ташкил медиҳад?
10) Барои баровардани хулосаҳои дарс аз хулосаҳои китоби дарсӣ истифода мебарем. Албатта, хонандагон низ метавонанд, хулосаҳои худро пешниҳод кунанд.
11) Дарсро хулоса ва ҷамъбаст карда, заҳмати хонандагонро қадр мекунем. Заҳмати хонандагонро бо суханони руҳбаландкунанда («Офарин, бачаҳо», «Шумо имрӯз хеле хуб кор кардед», «Ман аз фаъолияти шумо дар дарси имрӯза хеле хурсандам» ва ғайра) таҷассум мекунем.
12) Вазифаи хонагӣ: Аз рӯйи мазмуни мавзуъ эссеи хурд тартиб диҳед.
Бо чунин шакл гузаронидани дарс барои баланд бардоштани донишҳои хонандагон мусоидат намуда, дар таҳкими зеҳнияти хонандагон дар самти шинохти сарватҳои табиии кишвар ва мавқеи устувори байналмилалии кишвар дар масъалаҳои об заминаи устувори маънавӣ мегузорад.