Аҳтам назаров,
дотсенти кафедраи технологияи
информатсионӣ ва коммуникатсионии
ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ,
доктори илмҳои педагогӣ
Китоб манбаи дониш ва маърифат аст. Ин василаи рушди тафаккур дар равандҳои таърихӣ таҳаввулоти зиёдеро сипарӣ намудааст.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳост, ки китобхонаҳои марказии ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрию ноҳиявӣ фаъолият мекунанд. Дар онҳо барои ёфтани китоби зарурӣ мушкилиҳо буданд ва ҳоло ҳам вуҷуд дорад, зеро мушкили асосӣ дар аввал масъалаи молиявӣ ба ҳисоб меравад. Мушкилиҳои дигар вобаста ба қоғази босифат ва дастгоҳҳои чопкунанда буда метавонанд. Асри XXI асри технологияи иттилоотии компютерӣ буда, ба ин масъала такони ҷиддие додааст. Китоб сохтор ва шакли нав пайдо карда, китобхонаҳои электронӣ падид омадаанд. Мафҳуми китобхонаи электронӣ назар ба китобхонаҳои анъанавии дорои маводи қоғазӣ куллан фарқ мекунад.
Барои пардохтан ба ин масъала, моро зарур аст, ки нахуст мафҳуми китобхонаи электрониро шарҳ диҳем: Китобхонаи электронӣ низоми ба тартиб даровардашуда ва тақсимшудаи иттилоотию коммуникатсиониест, ки ба ҳамагон имкон медиҳад, то номгӯйи гуногуни китобҳо, мавод ва дигар ҳуҷҷатҳои электрониро тавассути шабакаҳои глобалии интиқоли маълумот — Интернет дастрас карда тавонад. Ҳама гуна мавод дар шакли барои истифодабарандаи ниҳоӣ қулай ҳифз гардида, самаранок истифода бурда мешаванд.
Барои ташкили китобхонаи электронӣ серверҳои пурқуввати дорои барандаҳои калонҳаҷми иттилоот зарур аст, зеро дар китобхонаи электронӣ ҳама намуд китобҳо (китобҳи дарсӣ, бадеӣ, дастурҳои таълимию методӣ, илмӣ, монографияҳо, донишномаҳо, харитаҳои ҷуғрофӣ ва ғайра) ва рӯзномаю маҷаллаҳо, диску китобҳои гӯё дар шакли электронӣ нигоҳ дошта мешаванд. Ҳама маводи номбаршударо дар якҷоягӣ «маводи электронӣ» ном мебарем. Ин яке аз фарқиятҳои аслӣ ва усулии китобхонаи электронӣ аз китобхонаҳои анъанавӣ мебошад.
Китобхонаи электронӣ низоми иттилоотие мебошад, ки захираҳои худро бо низоми ягонаи сохторию ташкилӣ муттаҳид намуда, паҳн менамояд. Китобхонаи электронӣ як намуди низоми иттилоотӣ мебошад, ки дар он ҳуҷҷатҳо низ нигоҳ дошта мешаванд ва метавонанд, дар шакли электронӣ истифода шаванд. Он шакли электронӣ бо истифода аз воситаҳои барномавӣ-компютерӣ кушода шуда, муҳити ягонаи дастрасиро аз як нуқта ба ҳуҷҷатҳои электронӣ, ки матнҳо ва тасвирҳоро дар бар мегиранд, таъмин мекунанд. Пойгоҳи додаҳои китобхонаҳои электронӣ метавонад, аз намудҳои гуногуни коллексияҳои электронии ҳуҷҷатҳо иборат бошад. Нашрияҳои электронӣ дар барандаҳои гуногуни иттилоот нигоҳ дошта мешаванд. Агар китобхона онҳоро дар шабакаи Интернет ҷойгир кунад ва бо низоми дастрасӣ ва ҷустуҷӯӣ таъмин бошад, пас он китобхонаи электронӣ ҳисобида мешавад.
Дар замони илми информатика дар қатори китобхонаҳои электронӣ, китобхонаҳои мавзуи илмӣ-таълимӣ ҷойгоҳи махсусро касб мекунанд, ки дар онҳо нашрияҳои зарурӣ барои амалӣ кардани раванди таълим ва пешбурди корҳои илмию тадқиқотӣ ҷамъ оварда шудаанд. Мавҷуд будани ин шакли китобхонаҳои электронӣ пеши роҳи асардуздиро мегирад. Баъзе шахсон бар он нуқтаи назаранд, ки истифодаи нашрияҳои электронии муаллифон дар китобхонаҳои электронӣ, дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёна аксар вақт дар асосҳои на он қадар қонунӣ сурат мегирифта бошад, аммо ин далели номатлуб аз таваҷҷуҳи насли нав ба шакли электронии пешниҳоди иттилоот шаҳодат медиҳад. Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки захираҳои электронии таълимӣ ва илмӣ, одатан, аз ҷониби соҳибони ҳуқуқӣ ё бо розигии онҳо ташаккул меёбанд.
Каме дар бораи баъзе мушкилиҳои соҳа сухан меронем: Ҳарчанд асри XXI асри технологияи информатсионӣ бошад ҳам, ҳоло ҳам дар фазои маҷозӣ бобати дастрасӣ доштан ба шакли электронии дилхоҳ китоб, дастур ва умуман, маводи зарурӣ душвориҳо ба назар мерасанд, зеро ҳамасола дастурҳои таълимию методӣ, китобҳои дарсӣ, мақолаҳои илмию методӣ ва монографияҳо ба нашр мерасанд, аммо ба таври кофӣ ва сартосарӣ дастраси хонандагон, донишҷӯён, унвонҷӯён ва кулли хоҳишмандон намешавад. Зеро дар китобхонаҳои электронӣ файлҳои электронии онҳо мавҷуд нестанд. Дар сомонаҳои интернетӣ мавод бештар бо забонҳои русӣ ва англисӣ вуҷуд доранд, вале аксари онҳо низ имкони боргирӣ кардан ва дастрас намуданро тариқи ройгон надоранд. Ҳар омӯзгор, ҳар олим ва умуман, ҳар нафаре, ки ҷӯянда аст, барои беҳтару хубтар ба роҳ мондани таълим ва корҳои тадқиқотӣ-илмӣ, мутолиаи маводҳои гуногун, маводи аз нигоҳи муҳтаво баланд ва ҷолибро мутолиа кардан, айни замон кӯшиши аз сомонаҳои электронӣ дастрас намудани онҳоро мекунанд. Омӯзгорону олимон онҳоро дар ҳар дарс ва корҳои илмӣ истифода месозанд. Бинобар ин, зарур аст, ки дар мо ба ташкили китобхонаҳои электронии тавоноияшон баланд бештар диққат дода шавад.
Олимону омӯзгорон ва кулли муаллифонро зарур аст, ки ихтиёран файлҳои электронии маводҳои худро дар сомонаҳои китобхонаҳои электронӣ ҷойгир кунанд. Чаро ихтиёрӣ? Зеро набояд қонун дар бораи моликияти зеҳнӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои муаллифро вайрон кард. Китобхонаҳои электронии бузург дар аксар давлатҳои хориҷа мавҷуд аст ва фаъолият доранд, аммо аксари онҳо бо дарназардошти масъалаҳои тиҷоратӣ амал мекунанд. Намунаҳои барҷастаи ин равиш бузургтарин хонаҳои нашриявии «Elsevier», «Springer» ва даҳҳо шабакаи китобхонавии дигар мебошанд. Вақтҳои охир китобхонаҳои илмии электронии дастрасии боз (open access) пайдо шудаанд, ки яке аз намояндагони аввалини онҳо arXiv.org ва PubMed Central ҳисобида мешавад.
Дар Федератсияи Россия китобхонаҳои электронии таълимӣ бо истилоҳи махсус низоми электронӣ-китобхона аломатгузорӣ шудаанд. Ҷорӣ кардани он ба китобхонаҳои донишгоҳҳо таъсири мусбат расонидааст. Низоми электронии китобхонаро дилхоҳ муассиса метавонад, ҳам дар асоси китобхонаи электронии худ таҳия кунад ва ҳам аз провайдери хидматрасони беруна истифода барад. Китобхонаи электронӣ ҳамчун манбаи асосии таълими электронӣ, дар баробари дастрасии электронии мавод, инчунин, имкон медиҳад, ки «корҳои дастӣ» ва хизмати шахсони дигар дар китобхона кам карда шавад ва кори самаранок бо адабиёту нашрияҳо ба роҳ монда шаванд.
Мавриди зикр аст, ки аксаран дар раванди ҳимояи диссертатсияҳо эрод мегиранд, ки унвонҷӯи дараҷаи илмӣ аз корҳои олимону методистони тоҷик истифода накардаанд. На танҳо аз корҳои олимону муҳаққиқони тоҷик, инчунин, шояд бо корҳои олимону методистони хориҷа шинос набошанд ё истифода набурдаанд. Яке аз сабабҳои истифода накардани чунин маводҳо, дастраси умум набудани чунин матолиб мебошад, ки дар шабакаҳои интернетӣ ва китобхонаҳои электронӣ ҷой надодаанд, то хонандагон ва пажуҳандагони ҷавону навроҳ ройгон ва ба таври озод онҳоро дастрас карда тавонанд. Бинобар ин, аз кулли олимону муаллифон хоҳиш менамоям, ки маводи электронии худро тариқи ройгон ва озод дар фазои электронӣ гузоранд, то ба онҳо дастрасии комил пайдо шавад.
Китобхонаи электронӣ дар раванди таълим низ нақши хеле муҳим дорад. Агар синфхонаи таълимӣ бо шабакаи Интернет пайваст бошад, пас дастрасии дилхоҳ мавод осон сурат мегирад. Ҳамчунин, бо ёрии ин телефонҳо дилхоҳ маводро дастрас намудан мумкин аст.