Б. ҲАЙДАРОВ,
мутахассиси Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар Барномаи таълимии адабиёти тоҷик дар синфҳои 5-11 (нашри соли 2007) барои таълими шеърҳои Мирзо Турсунзода-«Интизорӣ» (порча аз достони «Чароғи абадӣ»), «Сайёҳи Ҳинд», «Меҳмони мағрибӣ» ва «Духтари муқаддас» дар синфи 5-ум 5 соат пешбинӣ шудааст. Ба хотири дастгирии омӯзгорон ва мукаммал намудани маводи таълимӣ тасмим гирифтем, ки тарзи таълими манзумаи «Духтари муқаддас»-ро пешкаши онҳо гардонем.
Мақсади таълими манзумаи «Духтари муқаддас» дар синфи 5-ум хонандагонро бо симои яке аз муборизони роҳи озодӣ, сулҳу адолат, духтари далеру ҷасур, нотарсу дар ақидаи худ устувор шинос намудан аст.
Салоҳиятҳо:
-хонандагон тавассути хондани манзума тарзи дуруст ва бехато қироати шеърро меомӯзанд;
-ҳангоми хондан ба задаи ҳиҷоӣ ва задаи мантиқӣ риоя мекунанд;
-мазмуни матнро дарк мекунанд;
-асари бадеиро таҳқиқ, таҳлил ва арзёбӣ карда метавонанд;
-ба симои асосии манзума пайравӣ карда, ба рафтору фаъолияти ӯ баҳо доданро ёд мегиранд;
— аз мазмуни достон хулосаи мантиқӣ бароварда, донишу ҷаҳонбинии худро рушд медиҳанд.
Мақсади дарс:
1.Рушд додани маҳорати шеърхонии хонандагон.
2.Шинос намудани хонандагон ба рафтору корномаи қаҳрамон.
3.Тавассути манзума бедор намудани завқи бадеии шогирдон.
4.Тарбия намудани хонандагон дар руҳияи инсондӯстӣ, сулҳхоҳӣ, хушахлоқӣ ва дар ақидаи худ устувор будан дар шабеҳи қаҳрамони асар.
Маводи таълимӣ: китоби дарсӣ, портрет ва осори шоир, харитаи сафарҳои ӯ ва харитаи сиёсии ҷаҳон.
Омӯзгор, пеш аз он ки ба хониши намунавӣ оғоз намояд, калимаҳои душворфаҳми онро, ки дар поварақи китоби дарсӣ нестанд, шарҳ медиҳад: муқаддас, шафақ, иблис, саҳоб, шиква, аҷз, адл, уд, қути лоямут, нидо, уфуқ, ҷидол, илқо ва даҳр. Дар шарҳу эзоҳи калимаҳо ӯ метавонад аз «Фарҳанги забони тоҷикӣ» (иборат аз ду ҷилд) ва «Фарҳанги мухтасари мактабӣ» (мураттиб: С.Аминов) самаранок истифода барад. Ин тартиби кор, аз як тараф, ба дарки мазмуни матн ва нақли батафсили он кумак расонад, аз тарафи дигар, захираи луғавии хонандагонро ғанӣ мегардонад. Бо ин васила, нутқи шифоҳии хонандагон рушд ёфта, дар доираи забони адабӣ баён намудани мазмуни матни бадеӣ мусоидат менамояд.
Омӯзгор имкон дорад, дар аввал диққати аҳли синфро ба таърихи таълифи манзума ва фарқияту умумияти байни ҳикояи Н.Тихонов ва достони «Духтари муқаддас»-и М.Турсунзода ҷалб намояд.
«Духтари муқаддас» яке аз манзумаҳои беҳтарини дар мавзуи сулҳу дӯстӣ ва иттиҳоду озодӣ навиштаи устод Турсунзода буда, қаҳрамони он як духтари ҳиндуе мебошад, ки аз ҳукми падару модар сар тофта, баъд аз хатми мактаб вай як пӯсти паланг ва як пӯсти бабрро гирифта, китобҳои даркорӣ ва баъзе чизҳои худро печонида аз хона берун рафт. Ниҳоят ба Кашмир омад ва ғореро баҳри худ манзил интихоб кард. Дар ин ҳолат омӯзгор аз як шогирдаш хоҳиш мекунад, ки аз харитаи сиёсии ҷаҳон ба ҳамсабақони худ Кашмирро нишон диҳад ва бо ин васила, алоқаи байни фанҳоро таъмин менамояд.
Оқибат дар ғор нишастан ба дили духтар мезанаду ба ҷустуҷӯйи адолат ва ҳақиқат мебарояд. Омӯзгор барои исботи андешааш порчаи шеъриро ҳамчун намуна ифоданок қироат мекунад:

Духтари ҳиндӣ адолатхоҳ шуд,
Аз баду неки ҷаҳон огоҳ шуд.
Ҷустуҷӯ мекард он инсофро,
Осмони софу кӯҳи Қофро.
Олами аз шӯру ғавғо покро,
Рӯҳпарвар, тозаву тар хокро.

Вақте ки ӯ дар ҷустуҷӯйи қути лоямуте мамлакатро гаштугузор мекард, бо мардумони сулҳҷӯ, сулҳдӯсту сулҳпарвар, амниятхоҳу амниятталаб ва инсонпарвар вомехӯрад, ки:

Одамон дар коғаз имзо мекунанд,
Сулҳро ташвиқу илқо мекунанд.
Сулҳ — мегуфтанд, ки — омоли мост,
Навбаҳори чор фасли соли мост.

Ҳамин саъю ҷадалу талоши мардум баҳри пойдории сулҳ, озодию бахти башар омили ҳалкунанда гардид, ки духтари ҳиндиро аз гӯшаи ибодатхона берун оварду ба ҳаракати муборизони сулҳу роҳи озодӣ ва саодати кулли башар-мардумони олам ҳамроҳ кард, сулҳдӯсту озодихоҳ шуд.
Омӯзгорро лозим аст, ки ҳангоми ифоданок хондани манзумаи мазкур шогирдонро ба он одат кунонад, ки ба тарзи хониши ӯ ва рафиқони худ бодиққат гӯш диҳанд, то ки пастию баландии овозро аз оҳанги вай ҳис карда тавонанд.
Ниҳоят муҳим аст, ки ҳангоми хондани матни достон аз тарафи ин ё он хонанда, аҳли синф тарзи хониши ӯро бо зеҳни тамом мушоҳида намуда, ғалатҳояшро ба таври ҷиддӣ эзоҳ дода, ислоҳ намоянд, вагарна дарси хониши адабӣ моҳияти худро гум мекунад ва хонандагон аз қонуну қоидаҳои санъати хониши ифоданок баҳраманд намегарданд. Яъне, омӯзгор чи дар ин дарс ва чи дар дарсҳои минбаъда, хониши бошууронаро ба роҳ монад, ки мақсади он дарк кардани мазмуни асари бадеӣ, буррою ифоданок хондани он ва баҳо додан ба хислату рафтору кирдори қаҳрамони асар аст. Бо ин васила, дар шогирдон эҳсосот, шавқу завқ ва ҳаяҷон бедор карда мешавад. Шарти асосӣ хонанда матнро бо овози баланду ифоданок хонаду худ мазмуни онро дарк намуда, ифоданок дар доираи меъёрҳои забони адабӣ онро гуфта тавонад, аз тарафи дигар, шунавандагон-ҳамсинфонаш аз қироати ӯ лаззат баранду ба ваҷд оянд, ҳисси маънавию завқи ботинӣ ва руҳияи зебоипарастии худро рушд диҳанд. Дар натиҷа завқи бадеии хонандагон, таваҷҷуҳи онҳо нисбат ба мутолиаи адабиёти бадеӣ боз ҳам афзуда, дар замири онҳо хислатҳои хуби инсонӣ-далерӣ, шуҷоатмандию ростқавлӣ, меҳнатдӯстӣ ва поквиҷдонӣ ташаккул меёбад.
Пас аз дуруст ба роҳ мондани қироати манзумаи мазкур шогирдон дарк мекунанд, ки дар манзума лаҳзаҳои асосии саргузашти ҳиндудухтар ба таври реалӣ тасвир ёфтааст. Яъне, ба ҷустуҷӯи ҳақиқату адолат баромаданаш, аз назари мардум худро дар канор гирифтанаш, таҳсилро идома додану аз дигар сарчашмаҳо дониш андӯхтанаш ва ниҳоят, ба сафари шаҳру вилояту кишварҳо сафар карданаш пурра нишон дода шудааст.
Омӯзгор ба хотири пурра нишон додани симои қаҳрамони асосии асар илова мекунад, ки ҳамин сулҳхоҳӣ ва сулҳдӯстию адолатхоҳии духтари ҳиндӣ ӯро ба мамлакатҳои гуногун мебарад, ба халқҳои мухталиф ошно мекунад. Ҳатто, дар Конгресси муҳофизони сулҳ дар Вена (соли 1952) ҳамчун вакили занони муқаддаси ҳиндӣ ширкат меварзад ва дар Маскав меҳмон низ мешавад. Ҳиндудухтар пойтахти собиқ Иттиҳоди Шуравиро на танҳо бо чашми худ, балки аз диди халқи худ, бо чашмони тамоми сулҳхоҳони ҷаҳон мебинад.
Бо мақсади мустаҳкам кардани мавзуи нав ва санҷиши донишу малакаю маҳорати хонандагон ва муттаҳид намудани онҳо, омӯзгор хуб мешавад, кори гурӯҳиро ба роҳ монад, чунки ин натиҷаи хуб дода метавонад.
Кори гурӯҳӣ
Гурӯҳи якум. Сабабҳои сарсонию саргардонӣ ва ба ҷустуҷӯи адолат баромадани ҳиндудухтар.
Гурӯҳи дуюм: Аз матни достон тасвири манзараҳои Кашмирро ёфта нависед.
Гурӯҳи сеюм: Манзумаро мувофиқи мазмун ба қисмҳо ҷудо намоед ва ба ҳар як қисм сарлавҳаи мувофиқ гузоред.
Гурӯҳи чорум: Сабаби муқаддас эълон кардани духтари ҳиндиро шарҳ диҳед.
Бояд гуфт, ки кори гурӯҳӣ ба хонандагон дониши тайёр намедиҳад, балки онҳоро маҷбур мекунад, ки дар атрофи масъала фикр кунанд, андешаи якдигарро ба инобат гиранд, дар ёфтани роҳи беҳтарини ба даст овардани дониш ва ҳалли супориши додашуда, ки боиси инкишофи шахсият мегардад, ҳамкорӣ намоянд. Яъне, дар якҷоя амал намудани хонандагон имкон медиҳад, ки фикрронии онҳо ташаккул ёбад, андешаашонро озодона баён карда тавонанд ва эҷодкор бошанд.
Пас аз шунидани андешаю арзёбии сардорони гурӯҳҳо ва ҷамъбасти кори онҳо, омӯзгор бо мақсади фаҳмишу дониши хонандагон, тақвияти маҳорати онҳо пур кардани ҷадвали зеринро вазифаи хонагӣ месупорад:

Омӯзгор бояд дар назди хонандагон пайваста вазифаю супоришҳои нав ба нави амалии вобаста ба мавзуъ супорад, ки онҳоро ҷиҳати ба хотир овардани мавзуи дарс ва ба ҷустуҷӯи эҷодӣ ҳидоят карда тавонад. Муаллим мебинад, ки шогирдонаш ҷадвали болоро дуруст пур кардаанд, аз ин рӯ, аз натиҷаи дарси дирӯза худро қаноатманд ҳис мекунад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *