Комрон ШУКУРОВ,
омӯзгори технологияҳои иттилоотии
Коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан

 

Аз замони ихтирои компютерҳо қобилияти онҳо дар иҷрои вазифаҳои гуногун ба таври назаррас афзоиш меёбад. Одамон қудрати системаҳои компютериро тавассути зиёд кардани шумораи вазифаҳои иҷрошуда ва андозаи компютерҳо инкишоф медиҳанд. Ҳадафи асосии муҳаққиқон дар соҳаи тафаккури сунъӣ сохтани компютерҳо ё мошинҳое мебошад, ки мисли инсонҳо зирак бошанд. Аслан, тафаккури сунъӣ ё зеҳни сунъӣ — ЗС (искусственный интеллект — ИИ) чист?
Истилоҳи «зеҳни сунъӣ» аз ҷониби Ҷон Маккарти, ихтироъкори забони Лисп, асосгузори барномасозии функсионалӣ (барандаи Ҷоизаи Тюринг барои саҳми беандозааш дар соҳаи тадқиқоти зеҳни сунъӣ) эҷод шудааст.
Зеҳни сунъӣ як роҳи сохтани компютер, роботи идорашаванда ё барнома буда, қодир аст, ба мисли инсон оқилона фикр кунад.

Фалсафаи зеҳни сунъӣ
Ҳангоми кори системаҳои пуриқтидори компютерӣ ҳама савол медоданд: Оё мошин метавонад мисли инсон фикр ва рафтор кунад?
Ҳамин тариқ, рушди ЗС бо нияти дар мошинҳо ба вуҷуд овардани ҳамин гуна зеҳн, ки ба зеҳни инсон монанд аст, оғоз ёфт.

Ҳадафҳои асосии ЗС эҷоди системаҳои экспертӣ — системаҳое, ки рафтори оқилонаро нишон медиҳанд: омӯхтан, нишон додан, тавзеҳ додан ва маслиҳат додан, мебошад.

Татбиқи тафаккури инсон дар мошинҳо ин сохтани мошинест, ки қобилияти фаҳмидан, фикр кардан, омӯхтан ва рафтор карданро дорад.

Рушди сохти зеҳниро чӣ водор мекунад?
Зеҳни сунъӣ илм ва технологияест, ки дар заминаи фанҳои гуногун, аз қабили информатика, биология, психология, забоншиносӣ, математика ва мошинсозӣ асос ёфтааст. Яке аз самтҳои асосии тафаккури сунъӣ рушди функсияҳои компютерии марбут ба тафаккури инсон, аз қабили мулоҳизакорӣ, омӯзиш ва ҳалли мушкилот мебошад.

Барномаи ЗС ва ғайри ЗС
Барномаҳои ЗС ва бе ЗС бо хосиятҳои зерин фарқ мекунанд:

Барномаҳои ЗС
ЗС дар соҳаҳои гуногун бартарӣ доштааст, ба монанди:
• Бозиҳо — ЗС дар бозиҳо нақши ҳалкунанда дорад, ки дар он компютер қодир ба ҳисоби шумораи зиёди ҳар гуна қарор дар асоси дониши heuristic мебошад.
• Коркарди забони табиӣ ин қобилияти муошират бо компютерест, ки забони табиии одамонро мефаҳмад.
• Шинохти сухан — баъзе системаҳои интеллектуалӣ қодиранд, забонеро, ки инсон бо онҳо муошират мекунад, бишнаванд ва дарк кунанд.
• Шинохтани дастхат — нармафзор матни бо қалам навишташударо ва ё дар экран бо
қалам навиштаро мехонад. Ӯ метавонад шакли ҳарфҳоро шиносад ва онро ба матни таҳриршаванда табдил диҳад.
• Роботҳои интеллектуалӣ роботҳое мебошанд, ки қодиранд, вазифаҳои таъйинкардаи инсонро иҷро кунанд. Онҳо сенсорҳо доранд, ки маълумоти физикиро аз ҷаҳони воқеӣ, ба монанди нур, гармӣ, ҳаракат, садо, зарба ва фишор муайян мекунанд. Онҳо коркардчиёни сермаҳсул, сенсорҳои сершумор ва хотираи азим доранд. Ғайр аз он, онҳо метавонанд аз хатогиҳои худ сабақ гиранд ва ба шароити нав мутобиқ шаванд.

Таърихи рушди ЗС
Таърихи рушди тафаккури сунъӣ дар асри 20 чунин аст:

Тарафҳои мусбат ва манфии зеҳни сунъӣ
Тарафҳои мусбат:
Ёрирасони аз ҳама донои инсон мегардад.
Тамоми кашфиёте, ки инсон асрҳо боз ҷустуҷӯ мекунад, дар сонияҳо ҳал менамояд.
Тарафҳои манфӣ:
Эҳтимол дорад, ки зеҳн сунъӣ худро аз одамҳо боло гирифта, одамизодро зарар расонад ё ин ки онҳоро идора кунад. Ҳаддалимкон дақиқ ҳам шудааст, ки дар бештари маврид мавқеи инсонро дар иҷрои вазифаҳо коста намуда, талабот ба неруи инсониро коҳиш медиҳад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *