Ҳасан АЗИЗОВ,
«Маърифати омӯзгор»
Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои миллати маърифатпарвару фарҳангсолори тоҷик муҳимтарин аркони ҳастӣ ва пойдорӣ маҳсуб мешавад, зеро дар шароити зудтағйирёбандаи ҷаҳон танҳо истиқлол ва арзишҳои маънавии он метавонанд, миллатро муттаҳид намуда, кишварро ба сӯйи муваффақиятҳои бунёдӣ раҳнамун созанд!
Боиси фараҳу шодмонист, ки имрӯз мардуми саодатманди Тоҷикистон соҳиби давлати соҳибистиқлоли худ мебошад ва ин неъмати бузург боис гаштааст, ки кишвари моро дар ҷаҳон ба расмият мешиносанду бузургтарин давлатҳои дунё ҳамчун миллати соҳибтамаддун ва қонунманд эътироф мекунанд. Магар ин неъмати бузург барои миллати тоҷик хушбахтӣ нест?!
Дар вазъияти кунунии ҷаҳони пуртазод ҳар як сокини мамлакат, хусусан, наврасону ҷавонон, ки неруи пешбарандаи ҷомеа маҳсуб мешаванд, бояд суханони ҳикматомези Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро шиори ҳамешагии зиндагию рӯзгори хеш қарор диҳанд, ки таъкид кардаанд: «Соҳиби давлат будан, соҳиби Ватани озод будан, на ҳар як миллатро насиб мегардонад. Мо худ ба худ савол диҳем, ки ман чи хизмате кардам барои ободию пешрафти Ватани азизи худ. Барои наслҳои ояндаи худ, барои фарзандонам, барои набераҳоям чи хизмат кардам, ки онҳо осоишта зиндагӣ кунанд, умр ба сар баранд. Ҳеҷ гоҳ, дар ҳеҷ ҳолат хиёнат ба миллат, давлат ва Ватани худ накунед! Ҳеҷ гоҳ! Шукр кунед, ки мо — тоҷикон Ватан дорем, давлат дорем, баробари кишварҳои абарқудрат аъзои кулли созмонҳои байналмилалӣ ҳастем ва баробари онҳо як овоз дорем».
Дар ҳақиқат, озодӣ арзишмандтарин неъмат барои ҳар як миллат мебошад. Барҳақ соҳибназарон гуфтаанд, ки «Истиқлол вожаи муқаддасест, ки дар партави худ калидвожаҳои минбаъдаи давлатдории тоҷиконро, аз қабили сулҳу осоиштагӣ, Ваҳдати миллӣ, амният, рушду пешрафти давлатдорӣ ва ғайраро таҷаллӣ менамояд ва устувории Истиқлоли давлатии мо, аз устувориву сарҷамъии якояки мо – тоҷику тоҷикистониён вобаста аст, чунон ки устувории занҷири оҳанин аз устувории ҳар як ҳалқаи он вобаста аст. Пас, набояд ғафлат варзид ва ин неъмати гаронбаҳоро, ки бо азобу машаққатҳои зиёд, бо рехтани хуни ҳазорҳо тоҷик, бо талафи ҷонӣ, бо шабҳои бедорхобӣ ва сарсониҳову ғарибиҳои дур аз Ватан ба даст омадааст, залил гардонид».
Тавре ҳамагон медонем, имтиҳони таърихие, ки барои халқи тоҷик дар охири қарни XX омада буд, наметавон фаромӯш кард. Ҷангу ҷидоли таҳмилӣ миёни ҳамватанон, ки бо тавтеаи бегонагон аланга гирифта буд, боиси қатлу куштор, азобу ситам, гуруснагию оворагӣ ва харобиҳои бузурги моддию маънавӣ гардид. Ҳатто масъалаи ҷонкоҳу нанговар — хатари фурӯпошии давлату миллати тоҷикон низ пеш омада буду дар баъзе манотиқи кишвар дастаҳои хиёнатпешаи ифротгарову сепаратист ташаккул ёфта буданд.
Дар чунин шароит, бо ҷоннисориҳои Сарвари муҳтарами кишвар Ватани муқаддаси мо ба сулҳу салоҳ даст ёфт ва имрӯз дар кишварамон суботи комил ҳукмрон аст. Тоҷикистони ҷангзадаи дирӯз ба яке аз амнтарин кишварҳои сайёра мубаддал гардидааст. Вале муаммои рӯзҳои мудҳиши бародаркуш то имрӯз дар зиндагии миллат эҳсос мешаваду лаккаҳои нанги он дар таърихи кишвар сабт гардидааст. Оё аз ин дасисаи бузургтар дар таърихи як миллат вуҷуд дошта метавонад?!!
Имрӯзҳо мо шоҳиди бевоситаи ҷангҳо, фавти зиёди одамон, ранҷу азоб ва муҳоҷиратҳои иҷбории сокинон дар манотиқи гуногуни ҷаҳон мешавем, ки сарчашмаи аслии он барҳам хӯрдани арзишҳо ва аз байн рафтани иттиҳоду ваҳдати миллӣ мебошад, ки ба буҳрони башарӣ мубаддал шудааст. Мо ин ҳолатро дар кишварҳои Фаластин, Сурия, Ироқ, Лубнон, Яман, Украина, Афғонистон ва бахше аз кишварҳои африқоӣ дида истодаем.
Ин таҳаввулотҳои хатарзо, ки боиси ба ҳалокат расидани занону кӯдакони бешумор гардидааст, як сарнавишти талхе мебошад, ки барои миллати тоҷик бегона нест ва ин мусибатҳоро мо аз сар гузаронида, беш аз 150 ҳазор ҳамватани худро аз даст додаем. Ҳарчанд имрӯз зиндагии осудаву борифоҳро соҳиб ҳастем, вале дарду доғи он рӯзҳои мусибатбор дар пайкари таърихи миллат сабт гардидааст!
Аммо солҳои охир, мушоҳида мешавад, ки баъзе аз шаҳрвандон, ки бештарашон ҷавононанд, ба қадри ин неъмати бузург намерасанд ва бо рафтору гуфтори носолими худ ба осиёби душманон об рехта, мехоҳанд, ба ин озодӣ, ободӣ, сулҳу амният латма бизананд. Ин тоифаи роҳгумкарда бо рафтори худ, мехоҳанд дар Ватане, ки падару модар, хоҳару бародар, зану фарзанд, хешу табор ва ёру дӯстонашон дар фазои осудаи он ба сар мебаранд, пойи бегонагонро бикашанду бозиҳои сиёсиро роҳандозӣ кунанд.
Ин ва дигар далелҳо барои ашхосе, ки дар доми сиёсатҳои бегонагон афтидаанд, бурҳоне барои таҷдиди назар дар дидгоҳу аъмолашон мебошад. Лозим аст, ки ҳар аъмолро дар тарозуи ақл баркашанд, ки рафтори онҳо ба имрӯзаву ояндаи миллат ва Ватан таъсири мусбат мерасонад ё манфӣ?
Ҷаҳоне, ки имрӯз ба сар мебарем, ғарқи мушкилот ва майдони муборизаи некиву бадӣ шудааст. Барои иддае рисолати инсонӣ ба манофеи молиявӣ ва гурӯҳӣ мубаддал шудаву имрӯзу фардои миллат ва башарият барояшон беарзиш гардидааст. Кишварҳо ва шаҳрҳои ободу сарсабз маҳз бо дасти инсонҳо ба харобазор табдил ёфта, садҳо ҳазор одамони бегуноҳ аз зиндагӣ маҳрум ва миллионҳо инсон овора гардидаанд.
Набояд фаромӯш сохт, ки яке аз муҳимтарин дастовардҳои миллати тоҷик дар 1000 соли гузашта Истиқлоли сиёсӣ, сулҳи пойдор ва давлатдории миллӣ аст. Дар шароити кунунӣ устувор гардонидани пояҳои давлатдории миллӣ ва беҳтар намудани сифати зиндагии аҳолӣ шарти инсонӣ ва миллии ҳар як сокини он мебошад.
Даҳсолаи охир пешрафти босуръати илму техника инсониятро ба муҳити нави муносибатҳо ворид намуда, боиси ташаккул ёфтани низоми равобити сиёсиву иқтисодӣ, фарҳангӣ ва иттилоотии инсонҳои сайёра гардидааст. Ин падидаи технологӣ маълум намуд, ки инсоният ҳамеша дар ҳаракат аст ва роҳҳои навини иртибот ва рифоҳи умрро мепӯяд. Дар чунин шароит бо эътимод метавон гуфт, ки танҳо неруи таҳкимбахши Истиқлоли давлатӣ ва рушди давлатдории миллии тоҷикон неруи илмӣ, зеҳнӣ ва маънавии мардуми Тоҷикистон аст. Пас, мо — ҳар як фарди ҷомеаро лозим аст, ки барои рушди Ватани муқаддас, устувории истиқлоли Меҳан ва беҳбуд бахшидан ба зиндагии миллат улуми муосирро аз бар намуда, дар талотумҳои ҷаҳони муосир арзишҳои миллӣ, сиёсӣ, маънавӣ ва иқтисодию иҷтимоии тоҷиконро шиносанду аз ин арзишҳо дифоъ карда тавонем, зеро истиқлол асоси саодат ва ҳастии миллат аст. Дар ҳақиқат, имрӯз замоне расидааст, ки мо-фарзандони Тоҷикистони хуршедӣ ба қадри ин нуктаҳои гуҳарбори Роҳбари давлат бирасему аз ин миллати рашид биболему барои боз ҳам номдору машҳур гардидани он тамоми кӯшишу ғайрати худро сарф намоем, чунки ғайр аз мову шумо касе Ватани азизамонро ободу шукуфон намекунад.