Дар пайравӣ ба сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 10-уми октябри соли 2024 дар деҳаи Дуршеди деҳоти Рованди ноҳияи Ванҷ бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Дар расми ифтитоҳи муассисаи мазкур вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндаи Ҳукумати мамлакат дар ноҳияи Ванҷ Камолиддин Муминзод ва раиси ноҳияи Ванҷ Мардзода Одинашо иштирок намуда, қайд карда шуд, ки бунёди чунин бинои хуштарҳу замонавӣ ва фароҳам шудани шароити муосир барои таълиму тарбияи насли наврас натиҷаи таваҷҷуҳу дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ояндаи ин қишри ояндасози Ватан мебошад.

Зимни ифтитоҳии муассисаи таълимӣ гурӯҳи корӣ муҳассилину омӯзгорон ва тарбиятгирандагонро ба донишомӯзӣ, дӯст доштани Ватан, ҳифзи дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ ва саҳмгузорӣ дар гулгулшукуфоии Тоҷикистони азиз даъват намуданд.

Бояд гуфт муассисаҳои мазкур бо муосиртарин шароит бунёд ёфта, дар онҳо шароити беҳтарини таълиму тадрис ва тарбия барои муҳассилину тарбиятгирандагон фароҳам оварда шудааст. Утоқҳои дарсӣ, синфхонаҳо ва дигар шароити дар муассиса бунёдгардида, дар сатҳи баланд омода гардида, баҳри баланд бардоштани савияи дониш ва малакаву маҳорати хонандагону тарбиятгирандагон мусоидат менамояд.

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *