Имрӯз, 27 сентябри соли 2024 бо иштироки вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода даври ҷумҳуриявии озмуни «Мураббии соли Тоҷикистон-2024» ҷамъбаст шуда, мураббияи Муассисаи давлатии таълимии томактабии №16 ба номи “Ситора”- и ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон Суханорои Муродбег ғолиби озмун эълон гардид.