27-уми сентябри соли ҷорӣ таҳти раёсати вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он аъзои ҳайати мушовара, муовинони вазири маориф ва илм, сардорони раёсат, шуъба, бахши дастгоҳи марказӣ, роҳбарони муассисаҳои тобеъ, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва дигар кормандони соҳаи маориф ба тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.

Нахуст вазири маориф ва илм ҷаласаро оғоз карда, ҳозиринро ба рӯзномаи ҷаласа ва масъалаҳои ҷории баррасишаванда шинос намуд.
Сипас, гузориши сардори раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ Ҳ. Саидзода оид ба «Ҷамъбасти аттестатсияи хатм дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар соли таҳсили 2023-2024» шунида шуд.
Зимни баррасии масъалаҳои мазкур раиси ҷаласа иброз дошт, ки дар нимсолаи дуюми соли 2024 гурӯҳи корӣ ҷиҳати мавриди санҷиш ва омӯзиш қарор додани натиҷаи фаъолияти комиссияи аттестатсияи хатми муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар соли таҳсили 2023-2024 таъсис дода шуд, мувофиқи натиҷаи ҷамъбасти аттестатсияи хатм аз 42283 нафари хатмкунанда, ҳамагӣ 7770 нафар имтиҳонҳоро бо баҳои аъло супоридаанд. Шумораи гирандагони дипломи аъло бошад ба 1417 нафар мерасад. Мавсуф қайд намуд, ки боло бурдани сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, тайёр намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба бозори меҳнат ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ дар рушду тавсеаи самти таҳсилоти олии касбӣ омили таъсиррасон ба ҳисоб меравад.
Инчунин гузоришҳои сардори раёсати муносибатҳои байналмилалӣ А. Файзуллозода оид ба «Таҳлили вазъи ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Корея ва Япония дар соҳаи маориф ва илм», муовини сардори раёсати таҳсилоти томактабӣ Қ. Муҳиддинзода дар бораи «Тасдиқи Чорчубаи салоҳиятҳои касбии кормандони педагогии муассисаҳои таълимии томактабии Ҷумҳурии Тоҷикистон», сардори раёсати илм ва инноватсия С. Ниёзӣ дар бораи «Низомномаи озмуни ҷумҳуриявии «Олими сол» миёни омӯзгорон ва олимони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон», сардори раёсати таҳсилоти миёнаи умумӣ Ш. Асомиддинзода баррасии пешниҳоди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба бартараф намудани камбудию қонунвайронкуниҳо ва сабабу шароитҳои ба онҳо мусоидаткунанда» шунида шуд.
Бо назардошти ироаи таклифу пешниҳодҳои аҳли толор вобаста ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардид.
Дар охир, вазири маориф ва илм дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин доир ба иҷрои ҳатмию саривақтии стратегия, барнома, консепсия, қарорҳои ҳайати мушовара ва фармоишҳои вазири маориф ва илм, боло бурдани сифати таълиму тарбия, фарогирии бештари кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ, пешгирии қоидавайронкунии ноболиғон, иштироки бештари хонандагону омӯзгорон дар озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, либосҳои тавсиявӣ, зимистонгузаронӣ, таъмини хонандагон дар дарс ва чанде дигар дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *