Фарзона ҲОШИМӢ,
магистри Институти забон ва адабиёти
ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии АМИТ
Осори мондагори панду ахлоқӣ яке аз сарватҳои маънавии миллати тоҷик маҳсуб шуда, асрҳои зиёд аст, ки барои рушди маънавиёти миллати тоҷику форс ва умуман, инсоният хидмати шоиста анҷом медиҳад. Яке аз чунин асарҳои мондагору ахлоқофар “Пандномаи Анӯшервон” мебошад. Ин асар тақрибан дар асри X суруда шуда, онро ба Бадеи Балхӣ мутааллиқ медонанд. Ин асар аз манзумаҳои ҷолиби ахлоқии тоҷику форс аст, ки яқинан асли он низ паҳлавӣ ва макони пайдоишаш сарзамини ниёкони мост. Қобили қайд аст, ки мазмуну мундариҷаи андарзномаҳои паҳлавӣ барои рушди адабиёти ахлоқию ҳикамии асрҳои миёна заминаи мусоиде фароҳам овардааст. Маҳз ба таъсири андарзномаҳои замони Сосониён минбаъд дар асрҳои дигар асарҳои пандуандарзӣ зиёд иншо гардидаанд. Саид Нафисӣ ин манзумаро дар маҷаллаи “Меҳр” мунташир сохта, асли пандномаро ба забони паҳлавӣ ва тарҷумаи насрии онро бо номи “Зафарнома” ба Абуалӣ ибни Сино нисбат медиҳад. Нахустин бор Баҳром Санҷоно матни паҳлавии “Пандномаи Анӯшервон” ва ду андарзномаи дигарро ҳамроҳ бо овонависӣ ва тарҷумаи англисии он дар шакли китобе бо номи “Ганҷи шойгон” соли 1885 дар Бумбай мунташир кардааст. Соли 1889 Худоёр Шаҳрёрӣ матни “Пандномаи Анӯшервон”-ро бо якчанд пандномаи дигар бо тарҷумаи форсӣ дар китоби “Матни паҳлавӣ” ба чоп расонидааст. Дар соли 1930 матни паҳлавии панднома бо тарҷумаи мазомини он ба форсӣ дар китоби “Ахлоқи Эрони бостон”, ки муаллифаш Эронӣ Диншоҳ зикр мешавад, чоп гардидааст. Чаҳор тарҷумаи форсии “Пандномаи Анӯшервон” то замони мо расидааст, ки тарҷумаи Кайвон Пурмакрӣ, тарҷумаи Муҳаммадтақии Баҳор, тарҷумаи Моҳёри Наввобӣ ва тарҷумаи Саид Нафисӣ мебошанд. Ин андарзномаро метавон ҳамчун дастур ё роҳнамое донист, ки бархе аз шоҳони Эрон дар поёни салтанати хеш ё ғолибан пеш аз марг дар бораи умури мамлакатдорӣ хитоб ба ҷонишинони баъдӣ навиштаанд. Аз ин ҷиҳат, метавон онро ҳамчун васиятномаҳои сиёсӣ низ ном бурд.
“Пандномаи Анӯшервон” дар баҳри мутақориби мусаммани мақсур (фаӯлун, фаӯлун, фаӯлун, фаал; V– –, V– –, V– –, V–) суруда шуда, аз 436 байт иборат мебошад. Шакли боқимондаи ин маснавӣ аз муқаддимаву анҷом ва 94 банди дигар, ки ҳар кадоме унвон дошта, ҳадафи мавзуию ғоявии шоирро мушаххас менамояд, иборат мебошад. Аз ҷумла, унвонҳои “Гуфтор андар хирад гӯяд”, “Дар оғози ин сухан гӯяд”, “Хештаншиносро аз мо дурр диҳед”, “Чизро ба арзониён арзонӣ доред”, “Корро ба донандагон фармоед”, “Балоро пазиро машавед”, “Панди ҳакимон пазиред”, “Ногуфтанӣ сухан магӯед”, “Кори нокарданӣ макунед”, “Ба корҳо сустӣ макунед”, “Чун дар коре шавед, берун омаданро неку бингаред”, “Корҳоро ба газоф макунед”, “Молро фидои тан кунед”, “Аз ин ҷаҳон номи неку баред”, “Аз аввал ниҳол бинишонед, пас, он гоҳ дарахт барканед”, “Чашму забону даст нигоҳ доред” ва ғайра, ҳар кадоме муҳтавои хоссеро, ки марбут ба ахлоқи шоиста аст, ироа менамояд.
Хулоса, манзумаи мазкур дар мавзуъҳои гуногуни иҷтимоӣ, ахлоқӣ, фалсафӣ, ҳикамӣ ва ирфонӣ суруда шудааст. Шиносоӣ ва мутолиаи “Пандномаи Анӯшервон” гувоҳи он аст, ки ин маснавӣ дар шакли то ба мо расидааш низ афзалиятҳои мавзуию мундариҷавӣ ва ҳунарӣ дошта, аз андарзномаҳои дигар фарқ дорад. Вале аз матни маснавӣ ва мавзуъҳои мавриди назар бармеояд, ки шоир аз андарзномаҳои пешин огоҳ будааст ва таъсирпазирӣ доштааст. Бадеи Балхӣ бо неруи тафаккур ва бардоштҳое, ки аз зиндагӣ доштааст, муҳимтарин масъалаҳои ахлоқиро фаро гирифтааст, ки ҳадаф тарғиб намудани хислатҳои ҳамидаи инсонӣ будааст. Дар ин равиш шоир бо огоҳии комил аз масъалаҳои ахлоқӣ хислатҳои номақбулу разиларо нишон дода, шахсро ба роҳи дуруст роҳнамоӣ кардааст. Дар панднома масоили гуногуни таълим, ахлоқ, одоб, урфу одат, сиёсат, тарзи давлатдорӣ ва ғайра, дар шакли ҳикмат, маслиҳат, насиҳат ва васият баён гардидаанд.
Ин маснавӣ чун анъана бо ситоиши Худованди ҷаҳонофарин оғоз мешавад. Сипас, андарзҳое оварда мешаванд, ки саропо шомили дастурҳои ахлоқӣ, фалсафӣ ва диниянд. Абёти андарзнома аз ҷиҳати сабку услуб содаву равон буда, шеъри ӯ, воқеан, ҳамон идомаи услуби даврони Сомонист, аммо хушоҳангу комилтар ба назар мерасад. Сабки шеърияти Бадеъ сабки “саҳли мумтанеъ” аст, ки “дар гуфтан осон намояду дар навишт мушкил”.
Аз ҳамин осоре, ки аз Бадеи Балхӣ то ба имрӯз расидааст, маълум мешавад, ки вай аз шоирони тавонои ҳавзаи адабии Чағониёни замони ҳукмронии Тоҳир ибни Фазли Чағонӣ будааст. 436 байти боқимонда гувоҳи умқи андеша ва ҳунари шоирии Бадеи Балхӣ буда, ӯро метавон дар қатори поягузорони маснавии форсии тоҷикӣ ном бурд.
Аз боқимондаи “Пандномаи Анӯшервон”-и Бадеи Балхӣ низ бармеояд, ки ӯ дар маъниофарӣ ба ҳамасрони худ, аз ҷумла, ба Абушакури Балхӣ пайравӣ намуда, дар гуфтани ашъори ҳикамӣ дар таърихи адабиёти форсии тоҷикӣ ҷойгоҳи ба худ хосеро ишғол намудааст.
Аз маҷмуи боқимондаи пандномаи Бадеи Балхӣ бармеояд, ки ин маснавӣ мавзуъҳои муҳимми ахлоқиро фаро гирифта, тӯли қарнҳо мавриди таваҷҷуҳи аҳли адаб буда, то ба имрӯз маҳфуз мондааст. Гузашта аз ин, Бадеъ бунёди шеърро бар асоси таълимоти адабӣ, фалсафӣ, динӣ (зардуштӣ, ислом) ва ирфонӣ гузошта, умқи назар ва андешаи шоиронаи хешро бо зевари тасвири бадеӣ ба мутолиаи андешамандон гузоштааст.
“Пандномаи Анӯшервон” бо дигар осори паҳлавӣ пайванди амиқ дорад ва дар аксарияти маврид ба он ишора шудааст. Бо вуҷуди он ки асари Бадеи Балхӣ ба нақли комил то ба имрӯз нарасидааст, аммо андешаи муаллифашро дар роҳи ислоҳи ахлоқи башар дар бар мегирад ва ин байтҳое, ки аз ин маснавӣ дар дасти мост, консепсияи ахлоқии ин шоири сухандонро ифода мекунад. Худи унвонҳое, ки шоир ба ҳар фасли ин панднома гузоштааст, далели соҳиби сохтори мундариҷавӣ ва ҳунарии ҳикамӣ будани он аст. Лаҳни носеҳонаи маснавӣ далели он аст, ки шоир муҳимтарин масоили ахлоқӣ ва таълимии замонашро фаро гирифтааст, ки барои имрӯз низ пурарзиш ва қобили қабул аст.
Асли консепсияи ахлоқии шоирро дар ин маснавӣ, пеш аз ҳама, ақлу хирад ва рафтори ҳамидаи инсонӣ ташкил мекунад. Чун ба андарзнома рӯй меоварем, маълум мешавад, ки Бадеи Балхӣ аз қонунҳои бар нафси инсон ҳоким, боварҳои омма ва низоми арзишии ҷомеаи инсонӣ ба хубӣ огоҳ будааст. Ҳадафи ахлоқияш аз таълифи ин маснавӣ қабл аз ҳама ислоҳи инсон ва нишон додани роҳи камол ба ӯст. Вай ҳамчун як шоири ориф бо илҳом аз равишҳои ахлоқии гузаштагон, бахусус, равишҳои тарбиятии гузаштагони илму адаб, китобҳои ахлоқӣ, Авесто, Қуръони карим хостааст бо андарзҳои ҳакимона ҷомеаро ислоҳ карда, усули худсозӣ, тақвияти ирода ва ахлоқро биомӯзонад ва инсонро ба сӯйи саодати абад раҳнамоӣ кунад.
Дар байтҳои зер Бадеи Балхӣ аз ҳадафи таълими панднома сареҳан ёд мекунад:
Бибояд пазируфт панди ҳаким,
Ки панди ҳакимон беҳ аз зарру сим.
Танатро зи панд аст бисёр суд,
Аз он кас, ки гӯяд, бибояд шунуд.
Ҳар он, к-ӯ пазирандаи панд нест,
Ба ҷуз аз дари хорию банд нест (3).
Сохтори маснавии “Пандномаи Анӯшервон” мисли маснавиҳои пешин аст. Дар панднома чун анъана ситоиши Худованд зикр мегардад ва пас аз ситоиши ҷаҳонофарин илҳом аз ҳакими Тӯсӣ (Абулқосими Фирдавсӣ) абёте дар бораи хирад ва хирадмандӣ, инчунин, дониш баён шудааст:
Сипос аз Худованди чархи баланд,
Ки дар дил нагунҷад аз ӯ чуну чанд.
Ҷаҳонофарин кирдгори сипеҳр,
Фурӯзандаи пайкари моҳу меҳр…
Ниҳоле зи дониш бикорам ҳаме
Хирадро бар ӯ баргуморам ҳаме (3).
Сипас, чанд нукта дар васфи хирад ва тавъам будани он бо донишу ахлоқ зикр гардидааст:
Чу дониш бувад бо хирад, беҳтар аст,
Ки кон дониш асту хирад гавҳар аст.
Хирад барнишинад абар тахти оҷ,
Хирад барниҳад бар сари мард тоҷ (3, 80).
Дар банди якум сухани Хусрави Анӯшервон омадааст, ки ҳангоми марг ба ояндагон чанд насиҳате мекунад, ки мардум бояд аз корҳои зишт бипарҳезанд ва ба кори савобу хайр рӯй оваранд:
Ҷаҳондида деҳқон чунин кард ёд,
Ки Кисро чу тоҷи шаҳӣ барниҳод,
Ба пирӯз рӯзе яке сур кард,
Ҷаҳонро аз аҳриманон дур кард…
Ҷаҳондор ёри ҷаҳоншоҳ шуд,
Баландахтару афсари моҳ шуд.
Набишта чунон буд абар тоҷ-бар,
Ки: Эй марди доно, ба худ дарнигар! (3, 81)
Мавзуи асосии ин панднома, ки саросар ҳикмату андарз аст, бештар ҷанбаи амалию сода дорад ва ёдовари пандҳоест, ки аз бузургони форсу тоҷик ба ҷой мондааст. Мазомине, ки дар ин панднома истифода шудааст, дар бештари китобҳои адабӣ ва таърихӣ, бавижа “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ омадааст.
Дар ҳар банд, ки аксар шомили 4 байт аст, шоир ривоятҳои гуногунро аз забони афроди мухталиф ҳудуди 75 нафар оварда, ки баъзе аз онҳо шахсиятҳои таърихӣ ва асотирӣ аст, ки чанде аз онҳоро мисол меорем:
Чунин гуфт дар “Дафтари Синдбод”,
Ки шоҳе зи пешиниён кард ёд,
Ки ман бистадам ганҷ аз мардумон,
Бар арзониён додам аз баҳри ҷон (3, 84).
***
Чунин гуфт дар “Дафтари Зардуҳишт”,
Ки: Мардони доно раванд дар биҳишт (3, 85).
***
Шунидам, ки Нӯшервон чун бимурд,
Зи гетӣ ба ҷуз номи некӯ набурд (3, 99).
Дар як андарзи “Пандномаи Анӯшервон” Бадеи Балхӣ бо истифода аз ҳамон афсонаи “Рӯбоҳи нодон” (дар матни панднома ҳамчун “достон” зикр гардидааст) ёдоварӣ мекунад ва панд медиҳад, ки хеле муассир аст:
Ба коре, ки андар шудан ройи туст,
Бурун омаданро нигаҳ кун дуруст.
Бибин, гар тавонӣ, бурун омадан,
Пас он гоҳ кун азми андар шудан,
Ки бо посбон паҳлавон Ардашер
Яке достон зад, ки рӯбоҳи пир
Ба сӯрох андар шуданро шитофт,
Бурун омадан роҳ ҷусту наёфт (3, 93).
Ҷое Бадеи Балхӣ ишора ба “Номаи офарин” дорад, ки манзур ҳамон “Офариннома”-и Абушакури Балхист ва зикр кардан ба маврид аст, ки шоир дар манзумаи хеш бо таъсирпазирӣ аз Абушакури Балхӣ пандҳояшро ироа кардааст:
Нигаҳ кун, ки дар “Номаи офарин”
Чӣ гӯяд сарояндаи покдин:
“Биёмӯз, ҳарчанд битвониё,
Магар хештан шод гардониё” (3, 155).
Ҳадафи ҳар як андарзнавис ташвиқи ахлоқи шоиста ва тарбияи башар аст. Аз ин ҷост, ки ҳикматҳои Бадеи Балхӣ ба сиришти инсон ва хулқи некуи ӯ ихтисос дошта, бархе аз ҳикматҳои “Пандномаи Анӯшервон” баргирифта аз зарбулмасалу мақолҳои халқӣ ва намунаҳои эҷодиёти шоирони пешин аст. Аз ҷумла:
“Аз омӯхтан шарм накун”.
Хирадро биёмӯз аз омӯзгор,
Бар омӯхтан — бар ту айбе мадор (3, 80).
“Ҳафт бор чен куну як бор бур”
Чунин гуфт дар дафтарон марди ҳур,
Барандоз ҷома, пас он гаҳ бибур (3, 94).
“Поята чени кӯрпаат дароз кун”
Аз андоза бартар манеҳ пойи хеш,
Хирадро нигаҳ дор бар ҷойи хеш (3, 111).
Равиши андарзнигории Бадеи Балхӣ хеле одист. Ин шоири латифтабъ дар тавзеҳи масоил кӯтоҳбаёнӣ ва содагиро пеша намуда, саъй кардааст, ки аз калимоти душвор канора ҷӯяд. Дастрасӣ ба маъно дар ин панднома ба ҳаддест, ки барои шарҳ зарурате намемонад. Аммо дар баробари ин забони шеър вижагии забони куҳани форсиро дорад ва ҳам аз таркиботи арабӣ дар мавридҳое истифода шудааст. Бадеи Балхӣ дар истифодаи калимаҳои арабӣ кӯшиш кардааст, ки чунин вожаҳои арабиро истифода намояд, ки онҳо байни омма ҳазф шудаанд Кам андар кам ба мушоҳида мерасад, ки аз каламоти арабии мушкилфаҳм истифода шуда бошад. Аз ҷумла:
“Музаъфар” (заъфарон, зардранг)
Бипӯшидӣ аз нури меҳр осмон
Музаъфар яке ҷомаи парниён (3, 82).
“Муттаҳам” (туҳматзада)
Чу хоҳӣ, ки ҳаргиз набошӣ дижам,
Манеҳ пой дар хонаи муттаҳам (3, 117).
“Ғаммоз” (суханчин)
Бувад дархури сад ҳазорон ҷафо,
Ҳар он, к-ӯ зи ғаммоз ҷӯяд вафо (3, 123).
Танҳо дар як порчаи панднома ба мушоҳида расид, ки Бадеъ барои ифодаи афкори хеш аз таркиби арабии “ло ҳусна фиҳ” истифода намудааст, маънояш “дар он ҳеч хубие нест” маънидод мешавад:
Мабар дил ба ишва ба чуну магар,
Абар мардуми сифла ранҷат мабар,
Ки сифла бувад беҳифозу сафеҳ,
Наёбӣ хисолеву «ло ҳусна фиҳ» (3, 136).
Дигар аз мушаххасоти “Пандномаи Анӯшервон” ин аст, ки аксар маврид сухан аз забони афроди номуайяншахс, ки ба сифатҳои гуногун зикр шудаанд, омадааст. Ба мисоли “марди палос, шоҳи нав, фарзонаи пешбин, марди ҳур, донои некусухун, марди нек, донои посухгузор, ҷаҳондида мард, донои тоза, марди род, донои гарданфароз, донандаи бостон ва ғайра:
Яке достон гуфт марди палос,
Ки камтар касӣ, хештанро шинос (3, 83) .
Чунин гуфт фарзонаи пешбин,
Ки баргашта бисёр гардад замин (3, 87).
***
Чунин гуфт дар дафтарон марди ҳур,
Барандоз ҷома, пас он гаҳ бибур (3, 94).
***
Ба илова таркибҳои зебоӣ ҳам ба сурати васфи ахлоқӣ омада, ки қобили таваҷҷуҳ аст: фарши бедод, доми бало, мушки соро, боди ҳавас, шуҳра зан, гавҳари шоҳвор, доми ҳавас ва ғайра. Чанд намуна аз ин таркибҳо:
Ба доду диҳиш дар ҷаҳон фош гашт,
Ҳама фарши бедодҳо дарнавашт (3, 81).
***
Зи нокарданӣ дур дорӣ барат,
Ба доми ҳавас дарнаёрӣ сарат (3, 89).
***
Сухан чун накӯ бошаду аслдор,
Бувад беҳ зи сад гавҳари шоҳвор (3, 159).
Хулоса, “Пандномаи Анӯшервон” дар мавзуъҳои гуногуни иҷтимоӣ, ахлоқӣ, фалсафӣ ва ҳикамӣ суруда шуда, шоир бо истифода аз санъатҳои бадеӣ, зарбулмасалу мақолҳои халқӣ ва ривоятҳои таърихӣ асарашро қавӣ намудааст. Бадеи Балхӣ бо нерӯи тафаккур ва бардоштҳое, ки аз зиндагӣ доштааст, муҳимтарин масъалаҳои ахлоқиро тарғибу талқин кардааст.
Омӯзиши ин асар бори дигар моро ба ҷаҳони одобу ахлоқ, таълим ва хислатҳои шоиста ошно намуда, ба дарки маънои зиндагӣ водор менамояд. Бовар дорем, ки ин нигошта ҷиҳати боз ҳам ошно шудани мо ба адабиёти гузаштаамон мусоидат карда, барои омӯзгорони фанҳои забон ва адабиёт ҳамчун маводи методии иловагӣ кумак намояд.
Адабиёт:
1. Абдулманнони Насриддин. Куллиёти осор. –Хуҷанд: “Хуросон”, 2013.- 605 саҳ.
2. Аҳмад Гелонӣ. Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ. –Теҳрон: “Фирдавс”, 1377 ҳ. -569 саҳ.
3. Ашъори ҳакимон ва орифон. –Душанбе: “Адиб”, 2010. -480 саҳ.
4. Забеҳулло Сафо. Таърихи адабиёт дар Эрон. –Теҳрон: “Фирдавс”, 1349 ҳ. -705 саҳ.