Паёми табрикии  вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода ба ифтихори оғози соли нави таҳсили 2024-2025

 

Дӯстони арҷманд!

Устодон, шогирдон ва падару модарони азиз!

Оғози соли нави таҳсилро, ки маънои аз нав ворид гаштан ба ҷаҳони пурфурӯғи илму донишро дорад, бароятон самимона табрику таҳният мегӯям.

Хеле бамантиқу ҳикматбор аст, ки дар Ватани соҳибистиқлоли мо нахустрӯзи соли нави таҳсил Рӯзи дониш эълон гардидааст. Воқеан, дониш «чароғи равшан»-у «фурӯғи ақл»-у «дидаи ҳамабин» аст ва аз ин ҷост, ки бузургонамон «Тавоно бувад, ҳар ки доно бувад» гуфтаанд. Маҳз ба шарофати дониш мо зиндагии шоиста ба сар мебарему дар ободонию шукуфоӣ ва рушди диёри арҷмандамон саҳмгузор мешавем. Дар рӯзи аввали ҳар соли нави таҳсил дар тамоми таълимгоҳҳои ҷумҳурӣ, ҳамчунин, Дарси сулҳ баргузор карда мешавад.

Аслан, вожаҳои «дониш» ва «сулҳ» бо ҳам пайванди қавӣ доранд. Агар дониш сипару раҳнамои ҳар шахс бошад, пас сулҳ таъмингари осоиштагию фароҳамовари шароити созгор баҳри созандагию бунёдкориҳост. Дар давраи соҳибистиқлолӣ маҳз ба шарофати Сулҳ ва Ваҳдату Ҳамдилӣ обрӯю эътибор ва мақому манзалати халқи тоҷик ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросари ҷаҳон боло рафт ва сарзамини нозанини мо чун ошёни сулҳ эътироф гардид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки худ табиатан хирадпарвару сулҳофарину ваҳдатгароянд, зимни суханрониҳои худ борҳо зикр кардаанд, ки «Сулҳ муҳимтарин омили бақои миллат ва гарави осоиштагии ҳар як хонадони мамлакат мебошад». Сарвари кишвар пайваста аҳли диёрро ба донишомӯзӣ, забондонию ҳунарварӣ ва ба пос доштани Сулҳу Ваҳдат ҳамчун омили тавоноию рушди миллат даъват менамоянд.

Истиқлоли давлатӣ ва сулҳи пойдор барои такомулу пешрафти соҳаи илму маорифи ҷумҳурӣ низ имкони фаровон ва шароити созгор фароҳам овард. Пешвои миллат дар сиёсати худ соҳаи маорифро соҳаи афзалиятнок эълон кардаанд ва ҳамасола дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии мамлакат ба вазъи ин соҳаи муҳим таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Дар Паёми навбатиашон (28.12.2023) Президенти кишварбори дигар таъкид карданд, ки маориф неруи асосии ободгари имрӯзу фардои кишвар аст ва фаъолияти ин соҳа бояд боз ҳам тақвият бахшида шавад.

Бо ғамхорию тадбирҷӯӣ ва роҳнамоию дастгирии ҳамешагии Пешвои миллат соҳаи маориф марҳала ба марҳала пеш меравад, мақоми омӯзгор меафзояд, музди кори кормандони соҳа зиёд мешавад ва ба онҳо имтиёзҳои бештар муқаррар мегардад, ислоҳоти соҳаи маориф боз ҳам вусъат меёбад. Солҳои охир дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ бунёди таълимгоҳҳои нав, тармими мактабҳо ва ба таври замонавӣ таҷҳизонидани онҳо авҷ гирифтааст ва тамоми муассисаҳои таълимӣ бо китобҳои дарсии насли нав, дастурҳои фаннӣ, ҳамчунин, бо воситаҳои таълимии муосири техникӣ таъмин гардидаанд. Аҳли маорифи кишвар имсол низ соли нави таҳсилро бо омодагии комил, азму иродаи қавӣ ва бо шукргузорӣ аз Истиқлолу Ваҳдати миллӣ истиқбол мегиранд.

Дарси Сулҳ, ки ҳусни оғози соли нави таҳсил аст, дар таълимгоҳҳои мамлакат дар сатҳи баланд ва ҳамбаста бо ифтихору ҳувияти миллӣ баргузор мешавад. Дар ин дарс ба шогирдон дар хусуси моҳияту аҳаммияти сулҳ, марҳалаҳои расидани халқи тоҷик ба сулҳи комил, фидокориҳои Пешвои миллат баҳри тантанаи сулҳ ва масъулияти ҳамагонӣ дар посдории сулҳу ваҳдат ба таври муассир ва бо истифода аз аёниятҳою воситаҳои техникӣ (аз ҷумла, намоишҳои видеоӣ) нақл карда мешавад.

Хеле хушоянду фараҳафзост, ки оғози соли нави таҳсил дар мамлакатамон ба давраи ниҳоии омодагиҳо ба муҳимтарин ҷашни миллат – Рӯзи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон (9 сентябр) мувофиқ меояд ва ин, албатта, шукӯҳу шаҳомати нахустрӯзҳои оғози фасли таҳсилро боз ҳам меафзояд. Аҳли маорифи кишвар дар қатори тамоми мардуми шарифи ҷумҳурӣ ин ҷашни пурифтихору бошукӯҳро ҳамбаста бо руҳияи баланди ватандорию ифтихори миллӣ таҷлил менамоянд ва он неруафзою илҳомбахши онҳо барои фаъолияти минбаъдаашон мешавад.

Таманнои онро дорем, ки Ватани ободу маҳбуб ва соҳибистиқлоли мо ҳамеша пешраву комёбу гулафшон ва дар оғӯши Сулҳу Ваҳдат бимонад, истиқлолаш бегазанду пойдор бошад.

Боз ҳам оғози соли нави таҳсил ва Рӯзи донишро ба ҳамаи шумо – омӯзгорону хонандагону донишҷӯёни азиз ва ба тамоми алоқамандони соҳаи маорифу илм табрик мегӯям. Ҳамеша сиҳатманду сарбаланд ва комёбу шодмон бошед!

Соли нави таҳсил муборак!

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *