З. Аминҷон,
Аълочии маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Нависандаи бузурги англис Ҷек Лондон дар асари мондагори хеш “Дар талоши ҳаёт” ирода, матонат, қудрат ва бузургии инсонро дар пайроҳаи душвори зиндагӣ хело муассир тасвир намуда, маънии зинда мондан, умед ба зиндагӣ доштан ва ҳамеша дар талош буданро талаб менамояд. Таъсири адабиёти бадеӣ, махсусан, шоҳкориҳои адабиёти ҷаҳонӣ дар сохтмони шахсият нақши фавқулода дорад, зеро руҳу равони инсонӣ хосияти тағйирпазирӣ дорад.
Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дурбинонаю хирадмандона дар ҳар мулоқоту вохӯриҳо, Паёму муроҷиатномаҳояшон таъкид масъалаи омӯзиши забонҳои англисию русӣ, илмҳои дақиқу техникиро матраҳ менамоянд, то наслҳои ояндасози миллат дар ин талотумхонаи ҷаҳонӣ ва гирдбоди таърих киштии умеди миллатро солим ба манзили мурод бирасонанд.
Пӯшида нест, ки мақоми як фарди фарҳангӣ ва забондону эҷодкор дар ташаккули якчанд насли солими миллат мондагору шоистаи таҳсину васф аст. Хушбахтона, машъалбардорони ҷодаи маориф, инсонҳои шарифу фидоӣ, омӯзгорони асилу содиқ дар ҳар гӯшаю канори Тоҷикистони азиз ҳастанд ва оташафрӯзи хуршеди хирад гардидаанд. Устоди зиндаёд Ҳотам Одинаев аз қабили чунин омӯзгорони пуркор, фидоӣ ва эҷодкору навовар дар ташаккули шахсияти якчанд насли сокинони деҳаҳои дурдасти ноҳияи Деваштич саҳмгузор буд. Зиндагиномаи ин омӯзгори варзида китобест беқиёс, пуршебу фароз, кӯтоҳ, вале хеле сабақомӯз.
Яке аз аввалин омӯзгорони забони англисӣ бо маълумоти олӣ дар минтақа Ҳотам Одинаев 24-уми марти соли 1947 дар деҳаи маърифатпарвари Угуки ноҳияи Деваштич (он замон дар ҳудуди собиқ ноҳияи Уротеппа) ба дунё омада, аз чорсолагӣ бо дарназардошти қобилияти баланди зеҳнӣ ба мактаби ҳафтсолаи деҳа меравад. Хатмкунандагони болаёқати синфи ҳафтуми ин мактаб барои идомаи таҳсил ба мактаб-интернати минтақавии Чаҳорбасманда, имрӯза Исмоили Сомонӣ (собиқ Каленинобод) ва мактаби миёнаи №10 фиристода мешуданд. Шавқу ҳаваси омӯзиши забони англисиро дар мактаби миёнаи №10 ба дили Ҳотами ташнаи илм омӯзгори серталаб ва сахтгир Ахмедов А. бедор менамояд. Олами бекарони илм, аҷоиботи осори классикони адабиёти англис ва ҷаҳонӣ Одинаеви ҷавонро чунон ба худ ҷазб намуда буд, ки мустақилона ба омӯзиши луғат ва асарҳои бадеиро бо забони англисӣ оғоз менамояд. Бо талошу кӯшиши худ соли 1963 донишҷӯи риштаи забони англисии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, (собиқ Донишкадаи педагогии шаҳри Ленинобод ба номи С.М.Киров ) мегардад, шодию хурсандияшон ҳадду канор надошт, зеро дунёи орзуҳо, умеду талабҳояш як-як амалӣ мегашт. Устодони ғамхор ҷидду ҷаҳди ҷавони беқарору ҷӯяндаро дарк намуда, дар самти кушодани дигар истеъдодҳои ниҳонии ӯ такон бахшиданд. Ҳотам Одинаев дар донишкада натанҳо бо забондонӣ, балки бо овози мутантану марғуладор дар ҳофизӣ, бо дасту панҷаи сеҳрнок дар хаттотию рассомӣ, бо китфу бозуи рустамона дар варзиш ва олуфтагию саҳназебӣ дар ҳунари актёрӣ гули сари сабади маҳфилҳои донишкада гардида буд. Раёсати донишкада барои идомаи кори илмӣ дар марказ монданашро ба ӯ машварат медиҳад, аммо меҳри зодгоҳ, орзуи расонидани олами зебои забони англисӣ ба ташнагони ҷодаи таълим Ҳотам Одинаевро ба деҳаи Угук мебарад ва номбурда соли 1967-ум кори бошарафи омӯзгориро дар мактаби №7-уми деҳаи маърифатпарвари Басмандаи ноҳияи Деваштич оғоз менамояд. Усул ва методикаи таълими устод Одинаев Ҳ. тамоман навоваронаю босамар ва сеҳрангез буд, ки ҳатто хонандагони сустхонтарини синф дар раванди дарс фаъол шуда, кӯшиш мекарданд, калимае, иборае, ҷумла, ё луғатеро аз ёд гӯянд.
Кор бо луғат, нақл аз рӯи расм, муколама, аз ёди шеър, панд, масал, хониши ифоданок, тарҷумаи матн, такрори ҳамсадоҳои ҷуфт, бо ойинача нигоҳ карда такрори калимаҳо, иштирок дар саҳначаҳои хурди муколамавӣ, машқи ҳусни хат, транскрипсияи калимаҳо, сохтани ребус ва чандин усулҳои эҷодкоронаи устод садҳо дилдодагони забони англисиро аз мактабҳои миёнаи деҳаҳои гирду атроф бо худ ҷазб намуд. Устоди некназару дилдодаи касби хеш аз сармою яхи зимистон, аз гармову гармсели тобистон наҳаросида бо мототсикли худ масофаи 15-20 км роҳро байни деҳаҳо бо шавқ тай мекарданд ва доимо бо рӯҳияи фараҳбахши зиндагидӯстдорӣ талошу ҷадали бебоён ба синфҳо дохил мешуданд. Ин ҳама тарбия буд ва дарси матонат, нишон додани нерӯи беинтиҳои инсонӣ.
Аввалин дарсҳои забони англисӣ ба хонандагон хотирмону афсонавӣ буд, зеро ворид шудан ба кабинети лингафонии забони англисӣ орзӯи ҳамагон буд. Дари синф бо хаттотӣ ва тасвири кӯчаҳои Лондон, биноҳои баландошиёнаи таърихӣ, автобусу транвайҳои дуқабата ҳамаро ба олами мӯъҷизаҳои саёҳати Гулливер мекашид. Дохили синф бо расми классикони адабиёти англис ва ҷаҳонӣ бо зернавиштаҳои хаттотӣ дар пештоқи синф, харитаи Британияи кабир ва давлатҳои англисзабон, манзараҳои Лондон, гӯшаи “Чайлаи Разлив”-и В.И.Ленин, овезаҳои алифбои забони англисӣ, қоидаҳои имло оро ёфта, ҷевони китоб, дастгоҳи сабти овоз ва садои лингафонӣ ва садҳо аёнияту васоити методии омӯзиши забони англисӣ он синфхонаро мукаммалу ороста буд. Ҳамаи он худ як такони бузург ба сӯи хонишу омӯзиш ва тарбияи фитрӣ гардида, шавқу шӯр ба дилҳо меафканд.
Устоди ҷӯяндаю навовар бо нерӯи беназири фитрӣ, бо овози сеҳрангези ҷарангдор, бо наттоқии буррову дилангез ҳарф-ҳарфу ҳиҷо ба ҳиҷо калимаю таркибҳои нав ба навро ба махзани забономӯзон ворид месохт ва қадам ба қадам ба олами бекарони адабиёти оламшумули англис мебурд. Устод чунон бо завқу шавқи муъҷизавӣ пора-пора аз матни “Саёҳати Гулливер”, “Шоҳзода ва гадо”, “Саргузашти Робинзон Крузо”, “Дар талоши ҳаёт”, “Савораи бесар”, “Мартин Иден” ва даҳҳо шоҳкориҳои адабиёти ҷаҳониро барои машқ, луғатомӯзӣ мисол меовард ва ҳама барои ҷӯстани давоми қиссаҳо ба китобхонаи мактаб метохтанд. Китоби дӯстдоштаи устод “Дар талоши ҳаёт”-и Чек Лондон ва шоҳбайти “Имрӯз суханони ман туро дард кунад, Фардо суханони ман туро мард кунад” буд. ““Дар талоши ҳаёт” — пайроҳаи талошу мардонагӣ аст”, мефармуд устод андешамандона.
Сахтгирӣ ва серталабии устод дар таълим ба дараҷае буд, ки ҳангоми зукоми вазнин (грипп), ё ягон маризии дигар ҳам хонандагони бемор новобаста аз таъкиди табиб ба дарси устод ҳозир мешуданд. Баҳои 2-и устод дар рӯзнома, як каллаи чандпечхӯрдаи калон, миёни борик ва почаҳои каҷи кашол дошту дар қавс, ду навишта мешуд, ки ягон илоҷи ислоҳ надошт. Бар замми он агар дар ҳар дарсе аз 20 то 30 калимаи нав аз ёд накунӣ, дифтонгҳоро дуруст талаффуз нанамоӣ, ё ҳусни хати зебо надоштӣ, маҷбур будӣ баъди дарс истода сабақгардонӣ намоӣ то дар зеҳнат сабақҳои устод нақш банданд.
Натиҷаи заҳматҳои бемисли устод он гашт, ки дар як муддати кӯтоҳ ҳамаи хатмкунандагони мактабҳо дӯстдору шефтаи забони ҷаҳонии англисӣ мешуданд ва ба риштаи омӯзиши забони англисии донишкадаҳо ҳуҷҷат месупурданд. Хушбахтона, имрӯз он ниҳолакони биншондаи устод ба дараҷаи баланди касбият расидаанд ва идомабахши пайроҳаи омӯзгори нуктасанҷ гардидаву дар гӯшаю канори Тоҷикистони азиз рисолати омӯзгориро бар дӯш доранд.
Дар ин радиф номи омӯзгорони соҳибмактабу мубаллиғони забони англисӣ Икромов М., Маҳкамов А., Сӯфиев Ғ., Саидов О., Шарифов Ҳ., Ашӯров Р., Шодиева Ҷ., Зиёева М., Бердиев Ш., Носиров Б., Бердиев Д., Одинаева П., Ҳакимова М., (аз деҳаи Угук) Эгамов А., Қурбонов Қ., Бобоев Ҳ. (аз деҳаи Овчӣ), Ҳайдаров Ҳ., Ҳусейнов Ҷ., Қодиров Т., Ортуқов Ш., Қодиров Ш. (аз деҳаи Басманда) ва даҳҳо омӯзгори соҳибномро метавон номбар намуд, ки идомабахши пайроҳаи устоди некуноманд. Ҳамчунин, садҳо шогирди устод дар риштаҳои сиёсат, ҳуқуқ, маориф, матбуот, тиб, иқтисод, сохтмон, кишоварзӣ ва дигар соҳаҳои ҳаёти ҷомеа бо донистани забони англисӣ дастболову соҳибмартаба гардидаанд.
Яке аз шогирдони қадрдони устод аз деҳаи маърифатпарвари Басманда, омӯзгори забони хориҷӣ Ҳайдар Ҳайдаров бо меҳру ихлоси беандоза нақл кард, ки меҳри забономӯзӣ ва пайвастан ба касби пурифтихори омӯзгориро ба дили мо устоди бузург Ҳотамбой Одинаев ҷой намуд. Ҳарчанд дар донишкадаи омӯзгорӣ панҷ сол таҳсил намудам, зиёда аз чил сол ба таълим машғул будам, қимати якуним моҳи дарси устод (аз 01. 09 то 14.10.1967с) беназир буд, зеро одоби салом, саломи пагоҳӣ, нисфирӯзӣ, бегоҳӣ, шомгоҳӣ ва дигар саволу ҷавоб бо навбатдори синф бо методикаи устодро дар ҳеҷ ҷой надидам, ки хело омӯхтанисту боиси пайравӣ.
Аз соли 1972 то 1982 устод роҳбари методии таълими забонҳои хориҷӣ дар шуъбаи маорифи ноҳияи Деваштич (собиқ Ғончӣ) буда, робитаи илмӣ-методиро бо дигар шаҳру ноҳияҳо низ ба роҳ монда будаанд. Дастовардҳои устод дар самти пешниҳоди дастурҳои методӣ, ёрии методӣ-дидактикӣ ба омӯзгорони ҷавон, луғатномаҳои соҳавӣ ва нишондоду нақша-овезаҳои услубӣ хело фаровон аст, ки омӯзгорони забонҳои хориҷӣ солҳост босамар истифода мебаранд.
Устод Ҳотам Одинаев дар баробари фаъолият дар се мактаб роҳбарии дастаи ҳаваскорони мактабро бар зимма дошта, истеъдодҳои наврас, хонандагони ҳунармандро чида-чида мегирифт, ки дар тамоми чорабиниҳои идона, ҷашнҳои дохилимактабӣ, маҳаллӣ, ноҳиявӣ, вилоятию ҷумҳуриявӣ иштирок ва соҳибҷоиза мегаштанд. Ҷашни Иди Алифбо, Соли нав, Рӯзи Артиш, Иди Наврӯз, Рӯзи Ғалаба ва ҳамаи озмуну олимпиадаҳо, ҳафтаҳои фаннию дарсҳои кушод, фестивалу бӯстонҳо ва чандин мусобиқаҳои фарҳангию ҳунарӣ бо маҳорат, саҳнаороӣ ва базмороии устод Одинаев шукӯҳу таровати дигар мегирифт. Барои бедор намудани завқи зебоипарастӣ ва мусиқидӯстдории хонандагон чанд рубобу доира харидорӣ намуда, маҳфили омӯзиши сози рубобу доира ташкил намуда буд, ки чандин ҳофизу мусиқинавози чирадасти маҳаллӣ, назири бародарон Муллотош, Абдусамаду Абубакр Тошовҳо, Абдуваҳҳоб ва Абдуманнон Носировҳо, Одинамаҳмаду Сабур Шарифовҳо, Мирзоакбар, Мирзоқамар ва Мирзосамар Сафаровҳо, Мукаррам Икромов, Шамсия Шарифова ва даҳҳои дигарро боли парвоз бахшидаанд. Ҳунари ровигию саҳнаороии ҳунармандони касбӣ Ашӯри Ашӯрзод, Худойдодов Очилбой, Бобоев Қурбонбой ва даҳҳои дигарро кашф намудаву то ба саҳнаҳои бузурги ҳунару санъат бурдаанд. Барои ҷалби наврасону ҷавонон ба тарзи ҳаёти солим дар майдончаи варзишии мактаб мусобиқаи ҳаррӯзаи волейбол ташкил намуда, худ яке аз бозигарони моҳири он буданд. Ин иқдоми некуи устод солҳост идома дорад ва чандин варзишгари номдор чун Дониёров Х., Тошов М., Худойдодов Х., Маҳкамов А., Ҷумаев Ҳ., Бердиев Ф. ва таҳамтанони дигарро ба майдон овардааст. Дар самти тарбияи ахлоқӣ ва эҳтироми арзишҳои миллӣ, ба пирони деҳа, махсусан, ятимон хело дилсӯзона муошират менамуданд, зеро худ заҳри каждуми зиндаятимиро чашидаву дарраҳои нобарори зиндагиро дар ҷону тани худ ҳамл намуда буд. Ҳарчанд бо салобати рустамонаю виқори ҷавонмардона дар рафтораш ҷиддияти хоса ҳувайдо буд, аммо дили хело ҳассосу шоирона дошт.
Дар тарҳи биносозӣ, сохтумони бинои дуқабатаи барҳаво, рангу бору кошинкории дару дарвоза, хиштчинии сангию гилии девори “Кошонаи орзуҳо”-и худ инқилоби мадание намуда буд. Зери лаб панди “Аз мард монад лою гил, Номард монад доғи дил”-ро суруда, дар ободию навоварӣ ҷадалу талош доштанд. Аммо фалаки каҷрафтор ин бузургмарди дар талоши ҳаётро 21-уми июли соли 1982 аз мо рабуд… Шогирдону дӯстони ба видоъ омада, ҳайратзадаю лол монда буданд. Ҳарчанд вақт марҳам аст, аммо бо вуҷуди гузашти солҳо дил гум мезанаду ёди устоди устодон, кору пайкор, саҳми мондагори он марди наҷиби худодода рӯшантару хотирмонтар мегардад. Зеро “Мард намирад ба марг, марг аз ӯ ном ҷуст, Ном чу ҷовид шуд, мурданаш осон куҷост.” Бале, устод дар умри кӯтоҳи 35-сола ва фаъолияти омӯзгории 15-солаи худ, бештар аз қаҳрамони қиссаи “Дар талоши ҳаёт”-и Ҷек Лондон пайкор намуд ва тимсоли ғайрату тавони озодазодагони ориёиро ба шогирдону наслҳои пасин ҷилва дод. Ба қавли шоиру ҳакими озодакеш Соиби Табрезӣ маънии талоши ҳаёти устод будӣ чунин:
Ин ки гоҳе мезадам бар обу оташ хешро,
Равшанӣ дар кори мардум буд мақсудам чу шамъ.