Зайдулло ҚОДИРОВ,
унвонҷӯи Пажуҳишгоҳи рушди маориф ба номи
Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон

Фаъолияти варзишӣ ҳамеша дар тарбияи наврасон ҷойгоҳи махсусро ишғол кардааст. Албатта, агар ин фаъолият дар асоси низоми ташаккулёфтаи педагогикаи варзишӣ сурат бигирад. Дар раванди таҳсил дар мактаби варзишӣ наврас чанд марҳилаи ташаккул ва рушди худро тай мекунад: аз иштирок дар сабқатҳои мактабию мусобиқаҳои гурӯҳӣ то ғолибият дар мусобиқаҳои ҷаҳонию баланд бардоштани шарафи кишвар. Хеле муҳим аст, ки наврасон на танҳо ба худтарбияткунии маҳоратҳои ҷисмонӣ тамоюл дода шаванд, балки барои онҳо рушддиҳии шахсият бо арзишҳои олии инсонӣ, ки роҳнамои ҳаётан муҳимми инсон дар ҷомеа мебошанд, лозим аст. Олимону пажуҳишгарон роҳҳои гуногуни баланд бардоштани сифатҳои ҷисмонӣ ва ахлоқӣ-иродавии варзишгарони наврасро мавриди омӯзиш қарор дода, аксар бар ин назаранд, ки машғулиятҳоро дар мактабҳои варзишии кӯдакон танҳо бо дарназардошти риояи талаботи қоидаҳо гузаронидан муфид мебошад. Омӯзиши масъалаҳои худтарбиякунии ҷисмонӣ дар робита ба сифатҳои ахлоқӣ-иродавии шахсияти наврасон дар заминаи низоми таҳсилоти иловагӣ дар мактабҳои варзишӣ маълум намудааст, ки аксар вақт натиҷаҳои асосии амалӣ ба нишондодҳои назарӣ ҳамоҳангӣ пайдо намекунанд. Раванди худтарбияткунии сифатҳои ахлоқӣ-иродавӣ дар наврасон дар аксари вазъият ба беихтиёрона, бе мақсади равшану роҳбарии омӯзгорон, бе ташкили муназзам ба амал намеояд. Маҳз бо ин мақсад, ҷиҳати рушди сифатҳои ахлоқӣ-иродавии наврасон дар раванди воқеии таҳсил дар мактаби варзишии кӯдакон озмоиши педагогӣ ташкил карда шудааст. Барои таҳлили вазъи вазъи ташаккули сифатҳои ахлоқӣ-иродавӣ дар наврасон хусусиятҳое муайян карда шудаанд, ки мазмун ва сатҳи худтарбияткунии варзишгарони наврасро тавсиф мекунанд. Барои ин ақидаҳои олимоне чун А.А. Бодалев [1], А.В. Веденов [2], В.С. Виготский [3], С.А. Даштаянтс [4] ва дигарон мавриди таҳқиқ қарор дода шуд. Ба сифати меъёрҳои тарбияи ахлоқӣ-иродавӣ муаллифон истифодаи рӯйхатҳои гуногуни сифатҳои мусбати ахлоқӣ-иродавӣ: меҳнатдӯстӣ, интизомнокӣ, ростгӯӣ, қотеият, тобоварӣ ва ғайраро, ки бо сохтори якпорчаи шахсият маҳдуд карда нашудаанд, тавсия медиҳанд. Таҳлили асарҳои олимон нишон медиҳад, ки бо ёрии қиёсҳое, ки аз ҷониби муаллифон истифода мешаванд, танҳо маълумоти зиёди ҷузъиро дар бораи шахсияти омӯхташаванда ва сатҳи худтарбиякунӣ ба даст овардан мумкин аст. Барои муайян кардани сатҳҳои ташаккули сифатҳои ахлоқӣ-иродавӣ дар наврасон дар таҳқиқоти мазкур, мо сифатҳоеро интихоб намудем, ки дар ташаккули низоми сифатҳои ахлоқии шахсият муҳим мебошанд: мустақилият, муташаккилӣ ва масъулиятнокӣ. Ҳамин тавр, мустақилият ҳамчун воситаи баланд бардоштани шуурнокӣ ва муассири масъалаи мавриди омӯзиш, натиҷаи ташкили самараноки раванди таълимӣ-тамринӣ, як навъ нишондиҳандаи маҳорати кор кардан бидуни назорати возеҳи мураббӣ-омӯзгор дониста мешуд. Дар низоми таълими варзишӣ мавқеи иродаи варзишӣ аз талошу заҳмат бештар дошта, шахсро аз лиҳозӣ руҳӣ ва зеҳнию ҷисмонӣ муқтадир месозад.
Таҷрибаи шахсии кори мураббигии муаллиф бо наврасон дар мактаби варзишӣ нишон медиҳад, ки бачаҳо дар машғулиятҳои таълимӣ-тамринӣ танҳо дар ҳолатҳои доштани хоҳиши шахсӣ вазифаи аз ҷониби омӯзгор додашударо иҷро мекунанд. Дар акси ҳол, бо доштани дараҷаи баланди инкишофи равонӣ низ варзишгари ҷавон аз сабаби набудани тамоюли ботинӣ ба ин фаъолият таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир намекунад. Муҳаққиқони дигар мафҳуми мустақилиятро сода карда, онро «як хосияти аҷиби инсонӣ, натиҷаи тарбия ва худтарбияткунӣ мешуморанд… Худи ҳамон шарти муҳимтарин худтатбиқкунии шахсият имкониятҳои эҷодии он мебошад». Мо мустақилиятро дар робитаи зич бо сифатҳои дигари ахлоқӣ баррасӣ мекунем. Барои наврас лозим меояд, ки интихоберо анҷом диҳад, ки аз ӯ қурбонии муайянро талаб мекунад: ӯ бояд бетанаффус тамрин кунад ва аз баҳри ҳама дилхушиву саргармиҳои ҷолибаш барояд; реҷаи қатъиро риоя карда, ба сарбориҳои вазнин тоб оварад; эътидолро дар ғизохӯрӣ риоя кунад; реҷаи зиндагии худро ба ҳадафҳои гузошташуда тобеъ кунад. Агар наврас бидуни назорати доимӣ ҳамаи душвориҳои дар боло номбаршударо паси сар кунад, пас, вай мустақилиятеро соҳиб мешавад, ки аз ахлоқ маншаъ мегирад. Дар раванди суҳбатҳо бо омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, аз ҷумла, мактабҳои варзишӣ ва дар асоси таҷрибаи шахсии педагогӣ мо ба чунин хулоса омадем, ки мустақилият сифатест, ки бояд дар наврасон тарбия карда шавад.
Муташаккилӣ низ аз ҷониби мо ҳамчун нишондиҳандаи асосии тарбиятнокии ахлоқӣ-иродавии наврасон баррасӣ мешавад. Муташаккилиро мавриди омӯзиш қарор дода, муҳаққиқон як қатор вазифаҳои мураккабро ба миён гузошта, барои ҳалли онҳо кӯшиш мекунанд. Доштани донишҳо заминаро барои таҳқиқот фароҳам оварда, барои онҳо самт ва меъёрҳои ҷустуҷӯҳои методиро муқаррар менамояд. Ҳамаи корҳои илмии ба таҳқиқоти муташаккилӣ бахшидашударо ба корҳои назариявӣ-методологӣ (Н.Д. Левитов [6], Н.И. Рейнвалд [7]; В.И. Селиванов [8] ва дигарон) ва амалӣ-методӣ (В.А. Голнева [5]; К.В. Мишанова [9] ва дигарон) тақсим кардан мумкин аст. Олимону психологҳо дар бораи табиати муташаккилӣ ва тафсири ин мафҳум андешаҳои мухталиф доранд. Н.Д. Левитов [6] ба таркиби он худназораткунӣ, боварӣ ба худ, интизомнокӣ, Н.И. Рейнвалд мақсаднокӣ, мунтазамии фаъолият, қобилияти кӯшиши иродавӣ, тобоварӣ, худназораткунӣ, худдориро шомил мекунанд. A.И. Крупнов ба маҷмуи нишонаҳои муташаккилӣ мақсаднокӣ, мустақилият, интизом, ташаббускорӣ, маҳорати банақшагирӣ, поквиҷдонӣ, боғайратӣ, дақиқӣ, пуртоқатӣ, тобоварӣ, қобилияти кӯшиши иродавӣ, матонат ва истодагариро нисбат медиҳад. Н.Д. Левитов ба ин маҷмуа тобоварӣ, худназораткунӣ, эътимод ба худ, интизомнокиро дохил мекунанд.
Хулоса, омӯзиши адабиёти илмӣ имкон дод, ки усули гузаронидани озмоиши илмӣ бо мақсади таҳия ва санҷидани амсилаи педагогии худтарбияткунии сифатҳои ахлоқӣ-иродавии наврасон муайян карда шавад.

Адабиёт:
1. Бодалев, А.А. Личность и общение [Текст]/ А.А. Бодалев. – М.: Педагогика, 1983. – 271 с.
2. Веденов, А.В. Роль внутренних противоречий и способов их преодоления в развитии личности [Текст]. // Вопросы психологии. – 1959. – № 1 . С. 51 – 63.
3. Выготский, Л.С. Психология подростка [Текст]. – Л.: ЛГУ, 1939. – 210 с.
4. Даштаянц, С.А. Развитие волевых качеств у старших школьников в процессе выполнения общественных поручений [Текст]: Автореф. дис. … канд. пед. наук. – М., 1975. – 2 1 с.
5. Гольнева, В.А. О некоторых особенностях организаторских умений школьников. Вопр. психологии [Текст]. – М., 1959.
6. Левитов, Н.Д. Вопросы психологии характера [Текст]. – М.: Политиздат, 1975. –307 с.
7. Рейнвальд, Н.И. Психология личности [Текст]. – М.: Изд-во РУДН, 1987. – 197с.
8. Селиванов, В.И. Воспитание воли в условиях соединения обучения с производственным трудом [Текст]. – М.: Высшая школа, 1980. – 95 с.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *