Абдулвоҳид АБДУЛҲАЕВ,
ассистенти кафедраи психология ва сотсиологияи
идоракунии Академияи идоракунии
давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Истиқлол барои ҳар як кишвар падидаи ниҳоят муқаддас буда, барои мушарраф гаштан ба истиқлоли пойдор ва рушду нумуи он халқу миллатҳои олам чӣ қадар ҷоннисориҳо кардаанд. Агар мо ба таърихи башарият назар афканем, шоҳиди он мегардем, ки аз замони пайдоиши нахустин давлатҳо одамон кӯшиш бар он менамудаанд, ки Истиқлоли давлатии хешро ҳифз ва мустаҳкам намоянд, зеро ҳар як давлате, ки нисбатан неруманд мегардид, талош бар он менамуд, ки аз ҳисоби забт намудани ҳудуди кишвари дигар ва ба даст овардани захираҳои моддиву маънавии он инкишофи хешро таъмин намояд.
Дар ҷаҳони имрӯз низ халқияту миллатҳое, ки ҳанӯз ба истиқлоли хеш дастёб нагардидаанд, ҳамеша талош меварзанд ва ҳар гуна мушкилоту монеаҳоро паси сар мекунанд, то дар ниҳояти кор ба истиқлоли давлатии хеш мушарраф гарданд. Мавриди зикр аст, ки истиқлоли сиёсӣ барои ҳар як давлати демократӣ ҳамчун падидаи ҳаётан муҳим ба ҳисоб рафта, дар ташаккул ва рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ мақоми хосса дорад. Махсусан, истиқлоли давлатӣ дар ташаккули маорифи миллӣ ниҳоят саҳми арзанда гузоштааст.
Маориф яке аз соҳаҳои асосии пешрафти ҷомеа ба ҳисоб меравад, ки тақдири рушди ояндаи кишвар ба он зич вобаста аст. Ин аст, ки ҳамасола Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ зимни таҳлилу баррасии бахши иҷтимоӣ ба масъалаи маориф ва илм диққати махсус зоҳир менамоянд. Роҳбари давлат дар ин самт тазаккур медиҳанд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ мо бунёди маорифи миллӣ, ворид гардидан ба фазои таҳсилоти байналмилалиро ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор додаем. Зеро мо чунин мешуморем, ки бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф – сармоягузорӣ барои рушди неруи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад [1].
Дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ шумораи хонандагону донишҷӯён ва магистрантон дар низоми маорифи кишвар ва дар ин раванд, ба маротиб афзудани маблағгузории соҳа аз буҷети мамлакат аз пешрафти соҳаи маориф ва илм далолат медиҳад. Дар давоми ин солҳо соҳаи маорифи кишвар ба як ҷаҳиши бузурге рӯ ба рӯ шуда, ба низоми байналмилалии маориф шомил гардид.
Дар самти амалинамоии сиёсати давлатии Ҳукумати мамлакат нисбат ба соҳаи маориф нақши асосиро ниҳоди ваколатдори соҳа — Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро менамояд. Вазорати маориф ва илм фаъолияти худро бо мақсади таҳкими ҳадафҳои аслии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти бунёди ҷомеаи мутамаддини демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва дорои иқтисоди пешрафта ба роҳ монда, баҳри ташкил ва танзими низоми таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ба омода намудани мутахассисони баландсавияи дар бозори меҳнат рақобатпазир, табдил додани муассисаҳои таълимии кишвар ҷаҳду талош менамояд.
Дар ҷумҳурӣ бо мақсади бештар намудани таваҷҷуҳи аҳолӣ ба соҳаи маориф ва ҷалби ҳамаи имконоти мавҷуда ба ин самт, давоми солҳои соҳибистиқлолӣ чораҳои муҳимми амалӣ андешида шудааст. Новобаста аз мушкилоти иҷтимоиву иқтисодӣ ва амниятии солҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар дар соҳаи маориф дастовардҳои назаррас ба вуҷуд омаданд. Тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ дар саросари мамлакат муассисаҳои нави таълимии зиёде бунёд гардида, ба истифода дода шуданд. Агар соли 2017 низоми маорифи кишвар 2,1 миллион нафарро ба таҳсил фаро гирифта бошад, пас дар соли 2023 ин нишондиҳанда ба 2,6 миллион нафар расидааст. Тибқи дурнамо ин шумора то соли 2025 ба 2,7 миллион нафар мерасад [2].
Гуфтан мумкин аст, ки айни ҳол беш аз 70 дарсади муассисаҳои таълимии дар мамлакат амалкунанда, дар даврони соҳибистиқлолӣ, таҳти сиёсати маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохта шудаанд.
Ба шарофати сулҳу суботу оромӣ ва чора-ҷӯии саривақтии давлату Ҳукумати мамлакат дар кишвар муассисаҳои таълими типи нав, ба мисли литсей, гимназия, мактаби президентӣ, мактаби байналмилалӣ ва мактаб барои хонандагони болаёқат таъсис дода шудаанд, ки дар пешбурди соҳаи маориф ва таълиму тарбияи насли наврас фаъолияти назаррас доранд [3].
Таҳсилоти томактабӣ низ дар кишвар фаъол буда, теъдоди зиёди муассисаҳои таълимии томактабии хусусӣ ва давлатӣ дар давоми солҳои Истиқлоли давлатӣ сохтаву ба истифода дода шуданд, ки то имрӯз 104 921 ҳазор нафарро фаро гирифтаанд ва дар онҳо мураббияҳои соҳибкасб ба тарбияву таълими кӯдакони синни томактабӣ машғул мебошанд.
Чӣ тавре аз рӯи оморҳои Вазорати маориф ва илм маълум гардид, соли 2023 дар асоси дархости раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ нашри 95 номгӯй китоби дарсӣ барои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо теъдоди 5 миллиону 342 ҳазор нусха ба нақша гирифта шуда, бо дарназардошти китобҳои дарсии дар захираи анбори вазорат мавҷудбуда 6 миллиону 313 ҳазору 619 нусха адабиёти таълимӣ ба раёсат ва шуъбаҳои маориф дастрас шудааст.
Дар солҳои соҳибистиқлолӣ масъалаи тайёркунии кадрҳои баландихтисос ва соҳибтаҷриба қисман ҳал гардида, дар ин замина чандин муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ таъсис ёфтанд.
Дар замони соҳибистиқлолӣ шумораи ҷавонону наврасони боистеъдоде, ки барои таҳсил ба хориҷи кишвар фиристода мешаванд, зиёд гардидааст. Имрӯзҳо шумораи онҳо 40 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки дар муассисаҳои таълимӣ ва илмии давлатҳои хориҷӣ олам таҳсил мекунанд.
Дар ягон кишвари дунё низоми маорифро бе омӯзгорони соҳибтаҷриба, донишманд ва корозмуда тасаввур кардан мумкин нашояд. Саҳми омӯзгорон дар рушди соҳаи маориф бузург буда, хидмати содиқонаву пурмасъулияти онҳо дар тарбияи кадрҳои ояндасози миллат, пешрафти соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва дар умум, ба рушди устувори кишвар ва боло рафтани эътибори Тоҷикистон дар арсаҳои байналмилалӣ мусоидат менамояд. Бояд гуфт, ки муносибати ҷиддӣ ба соҳаи маориф, дар сиёсати давлатӣ ба миён гузоштан ва ҳалли масъалаҳои ҷойдоштаи ин соҳа аҳаммияти бузурги сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маърифативу фарҳангӣ дорад.
Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ 21-уми декабри соли 2021 рушди доимии соҳаи маориф ва илмро дар тӯли солҳои Истиқлоли давлатӣ мусбат арзёбӣ карда, ҳамзамон, таъкид намуда буданд: “Бо вуҷуди он ки раванди таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ ба низоми муайян даромадааст, зарур аст, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани забони давлатӣ, таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва аз зуд кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад”[1].
Дар шароити имрӯз низоми таҳсиле, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъол аст, бояд бо кадрҳои баландихтисос таъмин карда шавад. Ин нуктаро Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин қайд намуданд: «Роҳбарони муассисаҳои таълимиро зарур аст, ки ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи дониш ва касбияти омӯзгорон дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, бахусус, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоиву миёнаи касбӣ, такмили ихтисосу бозомӯзӣ ва тарбияи омӯзгорони ҷавони баландихтисос ва талаботи замона ҷавобгӯй дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот эътибори аввалиндараҷа диҳанд” [1].
Инчунин, барои пешрафти илм ба олимони ҷавон маслиҳатҳо дода, Роҳбари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карданд, ки олимон бояд, асосан, дар соҳаҳои фаъолияти худ ба пешниҳоду навовариҳо дар соҳаҳои пешрафти “Иқтисоди миллӣ” ва “Энергияи сабз” ва дар ин раванд омӯзиши омилҳо ва манбаъҳои асосии пешрафти ин соҳаҳо дар шароити кишвари мо диққати махсус зоҳир намоянд.
Маориф дар фаҳмиши васеи имрӯза яке аз масъалаҳои ҳаётӣ ва глобалии асри ХXI мебошад. Инкишофи ҷомеа, тараққиёти устувори иқтисодӣ, таъмини аҳаммияти милливу давлатӣ ва умуман, ноил шудан ба сатҳи ҷаҳонии иқтисод, техникаву технология, илму фарҳанг, пеш аз ҳама, ба рушди босуботи маориф, ташкили раванди бонизом ва босифати таҳсилоти шаҳрвандони Тоҷикистон ва пай дар пай такмил додани самтҳои гуногуни идоракунии соҳаи маориф вобаста мебошад.
Дар натиҷаи омӯзиш ва таҳлилу тадқиқи масъала маълум гардид, ки Истиқлоли давлатӣ ҳамчун яке аз падидаҳои муҳим ба ҳисоб рафта, таваҷҷуҳи муҳаққиқони масъалаҳои мухталифи ҳаёти сиёсии ҷомеаро ба худ ҷалб намудааст. Таҷрибаи таърихии кишвардорӣ худ собит менамояд, ки бе мавҷудияти истиқлоли комил давлатҳо наметавонанд рушд намуда, инкишофи муттасили хешро таъмин созанд. Аз ин ҷост, ки ҳамаи давлатҳо ва халқу миллатҳо ҳамеша истиқлоли хешро гиромӣ медоранд ва баҳри пойдор нигоҳ доштани саҳми он дар самти таҳкими низоми маориф ва илм талош меварзанд.
Адабиёт:
1. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 21.12.2021.: http://www.president.tj/node/27417.
2. Турсунова З., Маориф муҳимтарин соҳаи рӯзгори мост. https://www.tajmedun.tj/tj/nazare-ba/i-timoiyet/maorif-mu-imtarin-so-ai-r-zgori-most/.
3. Маорифи миллӣ: дастовард ва мушкилот аз нигоҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ. https://maorif.tj/ahborot/maorifi-mill-dastovard-va-mushkilot-az-nigoi-omeai-sharvand.