Б. ҲАЙДАРОВ,
мутахассиси Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар Барномаи таълимии адабиёти тоҷик барои синфҳои 5-11 ба таълими ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Ҳабиб Юсуфӣ 2 соат ҷудо гардидааст, ки омӯзгор метавонад онро ба тариқи зайл тақсимбандӣ кунад:

1. Ҳаёт ва фаъолияти эҷодии Ҳабиб Юсуфӣ.

2. Мавзуъ ва мазмуни ашъори шоир.

 Дар китоби дарсии «Адабиёти тоҷик» барои синфи 11-ум (муаллифон: Х. Асозода ва А. Кӯчарзода) барои таълими ҳаёт ва фаъолияти эҷодии шоир се саҳифа мавод мавҷуд аст, ки ин се саҳифа пурра шахсияти шоир ва лаҳзаҳои муҳимми ҳаёти ӯро кушода дода наметавонад. Аз ин рӯ, тасмим гирифтем, ба хотири дастгирии омӯзгорон ва мукаммал намудани маводи таълимӣ чанд лаҳзаи хотирмонро аз ҳаёти шоири ҷанговар пешкаши онҳо гардонем.

 Ҳанӯз соли 1936 маҳорату истеъдод, қобилияти баланди эҷодкорӣ ва шеърҳои пурмазмуни Ҳабиб Юсуфӣ диққати устод Садриддин Айниро ба худ ҷалб карда будааст. Муаллими Ҳабиби ҷавон Абдулқодири Ҷомеъ нақл мекунад:

 — Ман тобистони соли 1936 ба хонаи устод Айнӣ рафтам. Ӯ ба даст рӯзномаи «Ҳақиқати Ӯзбекистон», бе он ки ҳолпурсӣ кунанд, гуфтанд:

 — Ин шеърро хондед?

Чун донистам сухан аз хусуси шеъри Ҳабиб Юсуфӣ меравад, «ҳа, хондам», — гуфтам.

 — Ин бачаро мешиносед? — боз пурсиданд устод.

 — Нағз мешиносам…

 — Барои чӣ ин бачаро ба пеши ман наовардед, бо ман нашиносонидед? Ин бача қобилияти баланд дорад. Ӯро тарбия кардан лозим аст. Шумо ӯро пеши ман оред. 

 Ҳангоми шарҳи ҳоли шоир ва фаъолияти эҷодии ӯ омӯзгор метавонад аз очерки Адаш Истад «Руҷӯи вопасин» ва дастури Х. Раҳимов «Таълими ҳаёт ва эҷодиёти Ҳабиб Юсуфӣ» истифода барад, зеро дар ин очерку дастур бисёр лаҳзаҳои муҳимми ҳаёти шоир, лаҳзаҳои мусибатбору вазнини вай дарҷ гардидааст, ки дар китоби дарсӣ дида намешаванд. Мисол: шоир дар яке аз муҳорибаҳои шадиди назди Варшава сахт захмдор мешавад. Дар рӯйи барфи сард парӯ хоб асту аз ҷисми ӯ хуни сурх ҷорист. Марг ӯро гиребонгир аст, вале вай мурдан намехоҳад. Мехоҳад чун Айнӣ, Турсунзодаву Улуғзода ба халқу Ватанаш даҳсолаҳо хизмат кунад, аммо… «Ман — лейтенант Ҳабибулло Юсуфов зинда будам, маро куштанд. Тири фашистони лаъин ҷисми маро шикофт. Болои барф афтодам, парӯ. Дӯстонам маро рӯболо хобониданд. Дар атроф гулӯлаҳо метаркиданд. Гулӯлае дарахти ҷавони дубро решакан кард. Он афтид. Замин ларзид. Ситорае аз синаи само ба дунёи фано реҳлат намуд. Марг бармаҳал омад, вале… Ба решакан шудани як дарахт ҷангал тиҳӣ намешавад ва ба паридани як ситора осмон дар зулмот фурӯ намонад, — дилро тасалло медодам ман…»

 Дар ин бора дӯсти наздики шоир Ҳабиб Аҳрорӣ чунин нақл мекунад: 

 — Ӯро ба занбар бардошта, ду километр роҳ гашта, ба штаби қисми ҳарбӣ расонидем. Ман дар он ҷо бо чашмони пуроб аз ӯ ҷудо шудам.

 Дар бораи рӯз ва моҳи вафоти Ҳабиб Юсуфӣ ду андеша аст. Дар китоби дарсӣ чунин омадааст: «Ӯ 22 феврали соли 1945, ҳамагӣ чанд моҳ пеш аз анҷоми ҷанг, ҳангоми озод намудани деҳаи Вешкуви назди Варшава ба ҳалокат расид» (саҳ.154). Аммо дар рӯзномаи «Адабиёт ва санъат» аз 7 майи соли 1987 сафарномаи нависанда Шодӣ Ҳаниф зери унвони «Дурахши алмос» (Дар суроғи марқади шоири ҷанговар Ҳабиб Юсуфӣ) чоп шуда буд, ки дар он чунин омадааст: «Юсуфов Ҳабибулло соли таваллудаш 1916, шаҳри Самарқанд, 4-уми феврали 1945 аз ҷароҳати тир ҳалок шудааст. Оромгоҳи аввалааш дар шаҳраки Вишкув, қабри №9 буд. Соли 1946 турбати ӯро ба қабристони Пултуск (деҳаи Клешев) оварда, бо ҳафтод нафар ҷанговарони советӣ дар қабри №1 дафн кардаанд». Ба омӯзгор лозим аст, ки ин санаи вафоти шоирро ба хонандагон пешниҳод намояд, зеро ин сана ҳақиқат аст ва дар асоси ҳуҷҷати тасдиқшуда (делои №825) пешниҳод гардидааст.

Баҳри боз ҳам ҷолибтар шудани дарс, нишон додани шахсияти Ҳабиб Юсуфӣ, бедор намудани ҳисси меҳанпарастӣ ва тақвияти далерию шуҷоати хонандагон тавассути магнитофон шунавонидани ин порча аз очерки «Руҷӯи вопасин»-и А. Истад аз аҳаммият холӣ нест.

— Ман-лейтенант Ҳабибулло Юсуфов зинда будам. Маро куштанд. Бисёр мехостам, ба халқу Ватанам боз даҳсолаҳо хизмат кунам. Бис-ёр мехостам, ки зинда монам, мисли Лоҳутӣ, Пайрав шоири хуб шавам. Бисёр мехостам, ки то Берлин равам ва аз он ҷо ба Сталинобод. Бис-ёр мехостам, ки ҳоло пеш аз марг дидори ёру дӯстони ҷониро як-як бубинам ва сер гардам…

 — Ман ҳоло таги хокам ва дар бораи ҳаёти рӯизаминӣ фикр мекунам. Берун аз қабр сиёҳнависи оғози романи шеърии ман монд. Ҳайфо, ки он нотамом… Ман аз қабр хеста фарёд мезанам: «Аё наслҳои ояндаи Ватани паҳновари ман! Романи шеърии нотамоми маро шумо нависед!» 

 Шоири оташинсухан, қалбаш саршор аз меҳру муҳаббати Ватан дар лаҳзаи дигари ҳаёти яклаҳзинаи пеш аз маргаш ба дӯстонаш муроҷиат карда, мегӯяд:

 -Дӯстонам! Ман намемирам, зеро «Ин Ватанро беш аз ҳарвақта дорам дӯсттар!». Ман дар дили шумо, дар афкори шумо, дар бозувони қавии шумо бо шеъру тарона, бо родмардиҳои ҷовидона зиндаам, зеро зафар зи мост, саодат зи мост, бахт аз мост! Хуш бошед, азизонам! Гоҳ-гоҳе шоири ҷанговар-Ҳабиб Юсуфиро ёдовар бошед!

 Ин суханони таъсирбахшу ҷонгудози шоири ҷанговар, ки дар дами ҳаёти вопасинаш аз қалби маҷруҳи ӯ берун омадаанд, аз як тараф, ба хонандагон таассуроти амиқ бахшанду нафрату ҳисси интиқомгирии онҳоро нисбат ба ҷангҷӯёну душманони марзу буми Ватан афзун гардонад, аз тарафи дигар, меҳру шафқат, ҳамдилию меҳрубонии шогирдонро нисбат ба шоири оташинсухан зиёдтар мегардонад ва дарсро таъсирбахшу хотирмон менамояд. 

 Дар робита ба ин мавзуъ мазмуни як номаи Ҳабиб Юсуфиро пешниҳоди омӯзгорон менамоем, ки аз ҷабҳаи ҷанг ба дӯсташ Ҳабиб Аҳрорӣ навиштааст: 

 — Дӯсти азиз, ҳоло мо дар остонаи шаҳри Ленин (шаҳри Ленинград) қарор дорем, дар хандақҳо паноҳ бурдем. Моҳи феврал, ҳаво хеле сард аст; минуси чилу панҷ дараҷа, беист барф меборад. Тири душман ба сарамон мисли жола меборад, вале мо истодагарӣ менамоем. Шаҳри доҳии пролетариати ҷаҳонро ба душмани ғаддор доданӣ нестем, зеро он номи доҳиро дораду гаҳвораи Револютсияи Октябр аст ва як гӯшаи Ватани паҳноварамон мебошад.

 — Дӯсти гиромиқадр! Дар борхалтаи ман дуҷилдаи «Война и мир» аст. Ҷилди якумашро хонда тамом кардам ва ҷилди дуюмашро ба даст гирифтам. Ба ҳамаи дӯстон салому паёми маро бирасон. Оҳ, лаънат ба ҷанг! Мо, албатта, ғалаба мекунем!

 Аз мазмуни мактуб маълум мегардад, ки Ҳабиб Юсуфӣ мутолеаи асарҳои бадеиро бағоят дӯст медоштааст, ҳатто, дар чунин вазъият ҳам хонданро қатъ накардааст. Мазмуни мактуб, аз як тараф, садоқату вафодории хонандагонро ба Ватан бедор намояд, аз тарафи дигар, шавқу завқи онҳоро нисбат ба хондани асарҳои бадеӣ дар тимсоли шоири ҷанговару шаҳидгашта афзун менамояд. 

Далерию ҷасорат, шуҷоату мардонагӣ, меҳанпарастию корнамоии Ҳабиб Юсуфӣ намунаи ибрат баҳри ҷавонони имрӯзу ояндаи кишварамон аст. Гумони ғолиб аст, ки шоир ин суханони оташинборро на танҳо барои худ, балки баҳри кулли ҷавонони Ватанаш гуфтааст:

 Зиндагӣ ҷойи хамӯшӣ набувад,

 Дил, биё, ҷӯш зан,

 Мубориз бош!

 Бе ҳамин бахту дилхушӣ набувад,

 Дил, биё, ҷӯш зан,

 Мубориз бош!

 Ҳамин тариқ, омӯзгори забон ва адабиёт метавонад маводи иловагиро оид ба корнамоӣ ва ҷасорату мардонагии шоир дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ва суханони вопасини ӯро дар лаҳзаи охирини ҳаёташ ба хонандагон шарҳ диҳад, тавассути магнитофон шунавонад ва онҳоро дар ҳамин руҳияи ҷасорату мардонагӣ тарбия намояд. Маводи китоби дарсиро бошад, ҳамчун кори мустақилона ё вазифаи хонагӣ супорад.

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *