Манучеҳр назарзода,

Манучеҳр назарзода,

муовини раиси филиали Иттифоқи 

ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе

 

Тайи чанд даҳсолаи охир ибораи «терроризм» ва «террорист» вирди забони ҷомеаи ҷаҳонӣ давр мезанад ва таҳлукаи оламгир мисли дуди ғализ табъи гули сари сабади мавҷудоти олам — инсонро хира менамояд. Аз шунидани чунин калимаҳо дар тафаккури инсон хуну оташ, нобасомонӣ, поймол гардидани ҳуқуқи башар, таҳқиру ноэҳтиромӣ нисбат ба арзиши миллию динӣ ва барҳамхурии низоми давлатдорӣ падид меояд.
Истилоҳи терроризмро сарчашмаҳои илмӣ ба ду қисмат: калимаи лотинии «террор» — «тарс», «ваҳшоният» ва суффикси исмсози «изм», ки ба исмҳои мардона тааллуқ дошта, сифати ҷараён, самт ва ба раванди ҳодисаҳои дар решаи онҳо мавҷудбуда, табдилот зам менамояд, иборат мебошад. Дар ибтидо, дар муборизаи байни ҳамдигарии инсонҳо террор эҳтимол, бо мақсади тарсонидан ва ба таҳлука андохтани рақибон ва аҳли ҷомеа, дар шакли зӯрӣ, ҷиноят ва то несту нобуд кардани онҳо истифода шудааст.
Имрӯз терроризм дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ дорад ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо таҳдиди азим эҷод мекунад. Айни замон амалҳои марбут ба терроризм бо либосҳои гуногун вориди саҳнаи сиёсати кишварҳои сайёра мегардад.
Имрӯз бошад, ба масъалаи глобалии замони муосир, воситаи муосири тарсонидани инсон, неруи манфии вайронкунандаи низомҳо, унсури нодурусти расидан ба мақсадҳо, таҳдиди ҷиддӣ ба фарҳангу тамаддунҳои ҷаҳон ва ҳар давлати демократӣ мубаддал гаштааст.
Дар ҳуҷҷатҳои Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) ду намуди терроризм маънидод мешавад:
1. Терроризм бо мақсадҳои сиёсӣ, ки мақсад аз он дигаргун сохтани сохти давлатдорӣ, низоми ҷамъиятӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, воҳима андохтан ба фаъолияти мақомоти давлатӣ, пайдо кардани нобаробарии мардум нисбат ба ҳукумат ва Президент ва фалаҷ гардонидани фаъолияти сохторҳои мақомоти давлатӣ мебошад.
2. Терроризм бо мақсади таҳқиру ғорат, ки бо истифода аз гурӯҳҳои ҷинояткори мутташаккил барои содир кардани ҷиноят шароит фароҳам меоваранд. Боиси тазаккур аст, ки навъи дуюми терроризм дар қаламрави беш аз 100 кишвари ҷаҳон истифода шуда, мақсади нопоки худро амалӣ гардонидааст.
Рӯйдодҳои сиёсӣ ва муборизаҳои геополитикии солҳои охир нишон доданд, ки кам огоҳӣ, сатҳу сифати ками дониш аз моҳияти равандҳои сиёсӣ ва ҷангҳои иттилоотӣ, бохабар набудани мардум метавонад ба густариши фанатизм ва вусъати ақидаҳои ифротӣ мусоидат карда, ҳамзамон, ба амнияти давлату миллат ва ҳифзи сохти конститутсионӣ хатар эҷод намояд. Ба ин хотир, мо муваззафем, ки хонандагон ва донишҷӯёнро пайваста аз паёмадҳои номатлуб ва ниҳоят хатарноки зуҳуроти экстремизму терроризм тавассути суҳбату вохӯриҳо огоҳ намуда, савияи фаҳмиши ҷомеаро баланд бардорем. Мушоҳидаҳои амалӣ нишон медиҳанд, ки ин гуна қувваҳои тахрибкор баҳри расидан ба аҳдофи ғаразноки худ аз ибораҳо ва мафҳумҳои «озодии эътиқод», «демократия», «таъмини ҳуқуқи инсон», «озодии сухан» ва дар 75%-и амалҳояшон ба дин ва эътиқодоти динӣ такя менамоянд. Ҳол он ки терроризм ва террорист ягон рабте ба дин ва махсусан, дини мубини ислом надошта, ҳосили бозиҳои сиёсию истихборотии абарқудратҳои ҷаҳон мебошад.
Аз солҳои аввали истиқлол то чанд соли наздик зумрае аз ҳамватанони мо дар кишварҳои хориҷ, аз қабили ҷумҳуриҳои исломии Покистону Эрон, Миср, Арабистони Саудӣ, Яман, Сурия ва дигар мамолики арабӣ мактабҳои диниро гузашта, ба ҷараёну равияҳои барои ҷомеа хатарнок пайвастанд ва дар ин баробар, ба онҳо истифодаи яроқу аслиҳа, маводи тарканда ва сару кор бо яроқҳои хатарноки гуногунро таълим дода, дар тафаккури ин ҷумла аз ҷавонон гаравидани терроризму террористро бино ниҳоданд. Албатта, нияти онҳо на ислом, балки сӯистифода аз номи дин ва василаи ҳадафҳои сиёсӣ қарор додани ислом мебошад, ки натиҷаҳои онро мо борҳову борҳо дидаем. Аммо бояд гуфт, ки агар густариши саросарии дини мубини ислом, рушди робитаҳои хориҷии иҷтимоиву фарҳангӣ ва шиносоии бештари мардуми кишвар ба фарҳангу тамаддуни халқу миллатҳои дигар боиси густариши ҳамкориҳо гардад, аз ҷониби дигар равияҳои тундгароро дар буняи мардум ба роҳ меандозанд. Барои исботи ин гуфтаҳо як зумра ташкилотҳои террористиро номбар менамоем, ки дар аксари кишварҳои ҷаҳон маҳкум гардидаанд. Ба инҳо мисол шуда метавонад: «Ал- қоида», «Туркистони шарқӣ», «Туркистон» (собиқ ҲИУ), «Бародарони мусалмон», «Лашкари тайиба», «Ҷамъияти исломии Покистон», «Таб-лиғ», созмони таблиғотии «Тоҷикистони озод», «Ҳизб-ут-таҳрир» ва «Салафия», «Ансор-уллоҳ» ва ғайраҳо номгузорӣ шудаанд, ки дар аксар мамолики олам ташкилотҳои террористӣ эътироф шудаанд. Ҳадафи асосии онҳо расидан ба сари қудрат аст, ки ин мақсади нангини онҳоро ҳар шахси худогоҳ ба хубӣ дарк менамояд.
Пайравони ин гуна равияҳо, бо баҳонаҳои тозасозии ислом, бо сӯистифодабарии ҷавонони камогоҳу бехабар аз арзишҳои аслии динӣ онҳоро зери таблиғоти худ қарор медиҳанд. Онҳо гароишҳои мардуми тоҷикро ба дини ислом дар тӯли солҳои зиёд, дар давоми таърих напазируфта, ақидаҳои динии мардуми мусалмони моро ғайриқуръонӣ маънидод менамоянд. Ислом дини сулҳу салоҳ ва бародарист, на барқасдиву бетаҳаммулӣ.
«Экстремизм» ва «терроризм» аз мафҳумҳоест, ки дар дунёи имрӯза вирди забони ҳама шудааст ва ин ду мафҳум мазмунан ба ҳам пайваст мебошад. Гурӯҳҳои даҳшатафкан дар ибтидо бо шакли сода, зери ниқобҳои махсус сар бардош- та, бо ғаразҳои ниҳонии хеш фаъолияти ғайриинсониро пиёда месозанд. Инчунин, дар баробари терроризм — экстремизм низ навъҳои гуногун дорад, ки чанде аз онҳоро зикр менамоем.
Экстремизми миллатгароӣ — ғояҳои радикалӣ, таҳаммулнопазирӣ ва амалҳои зидди намояндагони дигар гурӯҳҳои этникӣ, миллатҳо, гурӯҳҳои нажодӣ, кӯшиши бартарафкунии сиёсӣ ё ҷисмонии онҳо, хушунат дар шаклҳои шадид — терроризм зидди мардуми гурӯҳҳои дигари этникӣ мебошад.
Экстремизми динӣ — қатъиян эътироф накардани ғояҳои динии дигар, муносибат ва рафтори хашмгинона нисбат ба пайравони мазҳаб-ҳои дигар, таблиғоти ақидаҳои устувор, «Ҳақ будани як таълимоти динӣ», кӯшиши решакан, бартараф намудан ва то ба ҳалокат расонидани намояндагони динҳои дигар мебошад.
Экстремизми наврасон ва ҷавонон — назар ва навъи рафтори ҷавонон мебошад, ки аз рӯйи принсипи қувва, хушунат нисбат ба дигарон, то ба таҷовуз ва куштор асос ёфтааст. Ӯ адоват ба гуногунандешӣ (махсус нисбат ба ҳаракатҳои муайяни ҷавонон), инчунин, хоҳиши бунёди ҷомеаи тоталитариро дар асоси тобеият пешниҳод менамояд.
Экстремизми экологӣ — назари радикалӣ нисбат ба ташкилот ва корхонаҳои ба таназзули муҳити зист мусоидаткунанда мебошад. Он дар амалҳо ва намоишу эътирозҳо барои ҳифзи муҳити зист бар зидди гунаҳкорони ҷиноятҳои экологӣ зоҳир мегардад. Чораҳои радикалӣ, ҳатто, нисбат ба шахсоне, ки либосҳои аз пашми ҳайвонот ба бар кардаанд, метавонанд зоҳир шаванд.
Экстремизми зиддиҷаҳонишавӣ — назари радикалӣ ва рафтори бераҳмона нисбат ба ташкилоти ба фазои ҷаҳонишавии иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ таъсиркунанда мебошад. Ифротгароён дар ҳаракати зиддиҷаҳонишавӣ ба ташкили бетартибиҳои оммавӣ, истифодаи зӯроварии бевосита дар мубориза бо ширкатҳои трансмиллӣ, ниҳодҳои байналмилалии иқтисодӣ ва сиёсии характери ҷаҳонишавидошта иштирок мекунанд.
Экстремизми ахлоқӣ — таҳаммулнопазирии шадид ба навъи муайяни меъёрҳои ахлоқӣ ва қоидаҳои рафторӣ, роҳ додан ба зӯроварӣ барои таблиғи маҷмуи талаботи маънавӣ, накукорӣ ва аҳкоми динӣ аст. Намунаҳои он танқиди бадахлоқӣ, суханони қабеҳ, пӯшидани либосҳои бегона, риоя накардани қоидаҳои шарафи динӣ ва дунявӣ ва ғайра, мебошад.
Сабабҳои пайдоиши экстремизм мисли шаклҳои он гуногун аст. Ин сабабҳоро чунин метавон дарҷ кард:
сатҳи пасти дониш ва маърифати ҳуқуқӣ;
моддӣ;
идеологӣ;
хоҳиши табаддулот ва норозигӣ аз вазъи воқеӣ;
пайдо намудани шавқ ба фаъолияти нав;
ҷой доштани камбудиҳо дар тарбияи оилавӣ;
поймол намудани ҳуқуқҳои динӣ ва этникӣ;
дар сатҳи паст қарор доштани фарҳанги иттилоотӣ;
фаъолияти динии намояндагони хориҷӣ ва ғайраҳо.
Омилҳои номбурда сабаби пойдевори ин низоми ғайриахлоқӣ гардида, аз экстремизм (тундравӣ, аз андоза гузаштан) ба терроризм меорад.
Ҳар як амале, ки хусусияти террористиву экстремистӣ дорад, ба ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳдид мекунад ва хисороти моливу ҷониро дар пай дорад. Мубориза бар зидди ин амали ғайриинсониро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба инобат гирифта, мутобиқ ба зербанди панҷуми моддаи 6 «Ғасби ҳокимият ва ё тасарруфи салоҳияти он манъ аст» гуфтааст ва инчунин, дар зербанди дуюми моддаи 8 «Мафкураи ҳеҷ як ҳизб, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат ва гурӯҳе наметавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф шавад». Ҳамзамон, ҷиҳати самарабахшӣ ва пурзӯр намудани муқовимат бо ин рухдод як қатор санадҳои меъёриву ҳуқуқиро қабул намудааст.
Ба хотири боз ҳам қавитар гардонидани мубориза алайҳи ин амали номатлуби аср Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» аз 16.11.1999 таҳти №845 ба тавсиб расидааст.
Дар моддаи 1-и қонуни мазкур чунин омадааст:
татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи мубориза бар зидди терроризм;
татбиқи уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мубориза бар зидди терроризм. Танзими ҳуқуқии муносибатҳои вобаста ба мубориза бар зидди терроризм;
ташаккули вазъи тоқатнопазири аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба терроризм;
ошкор, пешгирӣ ва қатъ намудани фаъолияти террористӣ, бартараф кардани сабаб ва шароитҳои пайдоиши терроризм.
Қонуни мазкур мубориза алайҳи ин падидаро вазифаи ҷонии ҳамаи мақомоту идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва инчунин, ҷомеаи шаҳрвандӣ низ мегардонад.
Имрӯзҳо дар гӯшаҳои гуногуни сайёра миллионҳо нафар аз амалкарди экстремистону террористон азият мешаванд ва хавфу таҳдиди ин ҷараёнҳои хатарзоро эҳсос мекунанд. Зуҳуроти терроризму ифротгароӣ ба хатари бесобиқаи ҷаҳонӣ табдил ёфта, оқибатҳои фоҷиабори дарозмуддат ба бор меоварад.
Хулоса, имрӯз бояд мо — ҷавонони зодаи даврони истиқлол шукр аз он намоем, ки дар фазои сулҳу дӯстӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, амну осоиш, серию пурӣ, фараҳу шодӣ ва муҳимтар аз ҳама, дар давлати худ ва бо вежагиҳои миллати худ босаодатона кор ва зиндагӣ мекунем. Ҳамзамон, моро лозим аст, ки дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷамъ шуда, алайҳи ҳама гуна зуҳуроти номатлуб ва хатарзо мубориза бурда, онҳоро шадидан маҳкум намоем. Зеро иттиҳод моро қудрати комил мебахшадду дар ҳифзи суботу оромии кишвар тавоно мегардонад. Пас, дар роҳи ҳифзи арзишҳои миллӣ, суботи сиёсӣ ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ бояд муттаҳид бошем ва бар зидди афкори даҳшатбори терроризм муборизаи шадид барем.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *