Асадулло Шарифзода,
Шерафган Файзов,
омӯзгорони Литсейи равияи табиӣ-риёзии
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Мунаҷҷими барҷастаи олам Николай Коперник (1473 – 1543 ), ки яке аз олимони матраҳи замони худ маҳсуб мешуд, аз зумраи он мутафаккироне буд, ки ҳамеша дар бораи сохт ва асосҳои олам фикр ва таҳқиқ мекард. Тафаккури ғайримуқаррарии ин олими астроном, математик, диншинос ва табиб ба ӯ имкон дод, ки дар мафкураи аҳли башар табаддулоти ҷиддӣ ба вуҷуд орад. Ӯ тавонист назарияи юнониҳои қадимиро, ки мувофиқи он Замин дар маркази Олам ҷойгир буда, дар атрофи он Офтоб ва сайёраҳои дигар давр мезананд, рад кунад. Ин мутафаккир назарияи дигари “Офтоб дар марказ”-ро пешниҳод кард.

Ҳарчанд ақидаи “Офтоб дар марказ”-ро ҳанӯз 1000 сол қабл аз Коперник олими бузурги Ҳиндустони Қадим Ариабҳатта (476–550) ва баъдтар олими бузурги форсу тоҷик Абурайҳони Берунӣ (973-1048) исбот карда буданд, аммо Коперник тавонист ин ақидаро дар замони худ ба таври ҷадид муаррифӣ намояд. Ақидаҳо доир ба Коперник гуногун ҳастанд. Мо талош менамоем, ки дар ин нигошта зиндагӣ ва корномаи ин олими барҷастаи фанҳои дақиқро манзури хонанда намоем.

Николай Коперник 19 феврали соли 1473 дар шаҳри Торун, ки он замон ҳудуди маъмурии Олмон манзур мешуд, таваллуд шудааст. Айни замон, шаҳраки Торун, зодгоҳи олими бузург дар қаламрави Лаҳистон аст ва олим низ ҳамчун лаҳистонӣ шинохта мешавад. 

Оилае, ки дар он Коперник таваллуд ва бузург шуд, серфарзанд буд. Падараш — Николай яке аз тоҷирони муваффақи зодаи Краков ва модараш Барбара Ватсенроде олмонитабор буд. Коперник фарзанди хурдии хонадон буд, ӯ як бародар ва ду хоҳари аз худаш калон дошт. Вақте ки хоҳарон калон шуданд, яке аз онҳо роҳиба шуда, дигаре издивоҷ кард ва аз Торун рафт. Бародараш Анджей дар тӯли умр ҳамроҳу ҳамкори Николай боқӣ монд. Ҳарду бародар маълумоти олиҷаноб гирифта, дар беҳтарин донишгоҳҳои Аврупо таҳсил карданд.

Волидони Коперник сарватманд ва муваффақ буданд, вале замони шукуфоии ин хонавода ногаҳон ба охир расид. Соли 1482 дар кишварҳои Аврупо вабои ҳамагир сар шуд. Бемории даҳшатнок ҷони бисёриҳоро рабуд, ки дар байни онҳо падари Коперник низ буд. Пас аз ҳафт сол модари олим Барбара низ аз олам гузашт. 

Бародарон ятими кулл шуданд ва бе ягон воситаи зиндагӣ монданд. Вазъи онҳо фоҷиабор буд, аммо тағояш Лукаш Ватсенроде, ки мансабдори вилоятии дини насронӣ буд, нигоҳубини кӯдакони ятими хоҳари фавтидаашро ба уҳда гирифт. Ӯ дорои маълумоти олӣ, магистри Донишгоҳи Ягеллони Краков ва доктори улуми ҳуқуқи шаръиёт (канонического права)-и Донишгоҳи Болония буд. Лукаш хуб мефаҳмид, ки танҳо таҳсили илм ба хоҳарзодаҳояш имкон медиҳад, ки дар ҳаёт ҷойи муносиб пайдо кунанд.

Вақте ки Николай мактаби маҳаллиро хатм кард, 18 сол дошт. Тағояш тасмим гирифт, ки бародарон бояд якҷоя таҳсил кунанд. Вай ба онҳо барои таҳсил пул дода, ба шаҳри Краков фиристод. Бо ҳамин бародарон Коперникҳо донишҷӯёни Донишгоҳи Ягеллон шуданд. Онҳо дар факултаи санъат таҳсил мекарданд. Ин давра оғози марҳилаи нави ҳаёти Николай Коперник буд ва ӯро ба кашфиёти бузурги илмӣ раҳнамун кард.

 Пас аз панҷ сол таҳсил дар Донишгоҳи Краков ба анҷом расид. Коперникҳо қарор доданд, ки ба Италия раванд. Онҳо барои сафар маблағ надоштанд, маҷбур шуданд, ки дубора ба тағояшон, ки он вақт аллакай епископи Эмерланд таъйин шуда буд, муроҷиат кунанд. Епископ пули озод надошт, аммо ба бародарон роҳи хуби баромадан аз вазъиятро пешниҳод кард. Коперникҳо каноники епархияи ӯ шуданд ва маоши сесолаи хешро пешакӣ гирифта, ба хориҷи кишвар рафтанд. Бародарон рухсатии дарозмуддат гирифтанд, то таҳсилро идома диҳанд.

Ҳамин тавр, бародарон донишҷӯёни Донишгоҳи Болония мешаванд. Онҳо дар факултаи ҳуқуқшиносӣ таҳсил мекарданд. Дар ин ҷо Николай бо Доменико Мария Новара шинос мешавад. Ин бону олими астрономия буд ва вохӯрии ӯ ҳаёти донишҷӯи ҷавонро куллан тағйир дод. Соли 1497 Коперник ҳамроҳи Новара ба мушоҳидаҳои астрономӣ оғоз мекунад. Натиҷаи ин мушоҳидаҳо хеле ҷолиб буданд. Онҳо муайян карданд, ки масофа то Моҳ дар марҳилаҳои гуногун, дар моҳҳои пурра ва моҳҳои нав бетағйир аст. Ин кашфиёт барои Коперник ҳалкунанда ва тақдирсоз буд. Вай ба дурустии назарияи Афлотун шубҳа кард, ки мувофиқи ин ақида ҳамаи ҷирмҳои осмон дар атрофи сайёраи Замин давр мезананд.

 Дар Донишгоҳи Болония Коперник донишҳои муҳим омӯхт, аз ҷумла, ӯ тавонист ҳуқуқшиносӣ, математика, астрономия ва забони юнониро ба таври амиқ омӯзад. Аз ҳама бештар диққати донишҷӯи ҷавонро, ки бо мақсади омӯзиши шаръиёти котоликӣ омада буд, илми астрономия ба худ ҷалб кард. Ҳамзамон, дар дигар фанҳо низ ӯ муваффақ буд, ҳатто, барои машғул шудан ба рассомӣ низ вақт меёфт. Дар Болония Коперникҳо се сол таҳсил карданд. Пас аз ин онҳо ба Ватан баргаштанд ва ҷойи хидмати онҳо, ҳамчун каноникҳо, шаҳри Фрауенбург таъйин карда шуд. Дар ин шаҳр низ Коперникҳо қарор доданд, ки таҳсилро идома диҳанд. Пас аз гирифтани иҷозат, Николай ва Анджей ба Падуя рафтанд. 

Николай Коперник дар риштаи математика бо тадрис машғул шуд. Шунавандагони олим саноатчиёни асил, намояндагони ҷомеаи олӣ буданд. Коперник попи Рим Александри VI-ро бо асосҳои астрономия шинос карда, бо андешаҳои тозааш писандидаи попи Рим гардид. Николай пас аз хатми Донишгоҳи Феррара соҳиби дараҷаи доктори диншиносӣ гардид. Соли 1506 онҳо ба зодгоҳашон баргаштанд, ки он вақт Николай 33 сол ва бародараш – Анджей 42 сол доштанд. Ин синну сол барои хатми таҳсил дар он замон маъмул буд.

Тибқи низоми Калисо, ки ба Коперникҳо имкони таҳсил дар беҳтарин таълимгоҳҳоро дода буд, акнун навбати баргардонидани қарз ва иҷрои вазифа омада буд. Вале андешаву донишҳои илмии Коперник ба тафаккури роҳибони католик мувофиқ намеомаданд, зеро Николайи ҷавон ба зиндагию табиат бо диди илмӣ назар мекард, рӯҳониёт бошанд бо тафаккури динии қолабӣ.

Ин вазъият имкон намедод, ки ӯ андешаву дидгоҳашро возеҳ ва равшан баён кунад ва коркардҳои илмияшро манзури оммаи васеи ҷамъият гардонад. Коперник асарҳои худро дар бораи омӯзиши олам дар охири ҳаёташ ба анҷом расонид ва китобҳои ӯ танҳо пас аз маргаш нашр шуданд ва ин олимро аз таъқиби руҳониён наҷот дод. Ҳамаи мо сарнавишти ғамангези Ҷордано Бруно ва Галилео Галилейро дар ёд дорем. Диндорон яке аз ин олимонро барои ақоиди зиддикалисоиаш дар оташ сӯзонданд, дигарашро ба дор овехтанд. Онҳо ҳамақида ва пайравони Коперник буданд ва барои ақидаҳои илмии худ, ки ба боварҳои колисо номувофиқ буданд, ҷазо гирифтанд.

Ғояҳои асосии ӯ дар китобаш бо номи «Дар бораи гардиши сфераҳои осмон» ворид гардида, чоп шуданд. Соли 1616 аҳли калисо ба ин асари олим диққати ҷиддӣ дода, назарияи Коперникро як хурофот номиданд ва ҳар гуна зикри онро мамнуъ эълон карданд.

 Дар ин ақидаҳо, баъд аз аввалин мушоҳидаҳои астрономӣ, Коперник ба хулосае омад, ки Афлотун (Птолемей) хато кардааст. Вай асбобҳои ибтидоии астрономиро истифода бурд, ки баъзеи онҳоро худаш низ сохта буд. Мушоҳидаҳо бо истифода аз ин асбобҳои одӣ ба Коперник имкон доданд, ки назарияи комилан муқобилро бо номи “Офтоб дар марказ” ё “Гелиомарказ”-ро пешниход намуда, онро аз ҷиҳати илмӣ асоснок намояд.

Дар он вақт олимон, ҳатто, телескопҳои одӣ надоштанд. Набудани таҷҳизоти мушоҳидаи ҷирмҳои осмонӣ Афлотунро ба хатои калон водор карда буд. Вай чунин мешуморид, ки ситораҳо ҳамчун чароғҳои дурдастанд, ки аз Замин дида мешаванд ва дар доираи атрофи сайёраи мо ҷойгир ва мустаҳкам карда шудаанд. Олим то охири умр аз ин иштибоҳ халос нашуд.

Иоганн Кеплер (1571–1630) баъзе ҷузъиёти назарияи Коперникро бартараф ва такмил дод, ки дар онҳо Коперник ба ақидаи олимони Юнони Қадим пойбанд буд.

 Дар давоми 30 сол Коперник китоби асосии худ “Дар бораи гардиши сфераҳои осмон”-ро навишт. Бо дастгирии шогирди ягонаву содиқаш Ретикус Георг (1514-1574) соли 1543, ҳамагӣ чанд моҳ қабл аз маргаш, ин асар аз нашр баромад. Олими сатҳи ҷаҳонӣ дар зиндагиаш маҳсули самараи меҳнати тамоми ҳаёти худро тавонист бинад. Бояд қайд кард, ки ин асари арзишманд барои ояндагон мероси мондагон ба шумор меравад.

Коперник асари худро ба шаш боб тақсим кардааст. Боби аввали китоб ба курашакл будани Замин, инчунин, тамоми олам бахшида шуда буд. Дар боби дуюм доир ба асосҳои астрономияи сферавӣ ва қоидаҳое, ки олимон барои ҳисоб кардани ҷойгиршавии сайёраҳо ва ситораҳо истифода мебаранд, маълумоти муфассал додааст. Аз боби сеюм хонанда дар бораи табиати баробаршавии рӯзҳо, аз боби чорум дар бораи Моҳ маълумот гирифта метавонад. Қисми панҷумро Коперник ба ҳамаи сайёраҳо бахшидааст. Дар боби шашум ӯ сабабҳои тағйирёбии шиддатро шарҳ додааст. Ин корҳо, ки натиҷаи таҳқиқоти бисёрсолаи ӯ мебошанд, саҳми ин олимро дар рушди илми ҷаҳонии астрономия бозгӯ мекунанд. 

 Коперник бо эҷоди назарияи инқилобии Системаи Офтобмаркази худ олими сатҳи ҷаҳонӣ эътироф гардид. Ғайр аз ин, ӯ ҳисоб кардани ҳаракатҳои воқеии сайёраҳоро омӯхт ва дар асоси дониши омӯхтааш мошини гидравликӣ сохт, ки он тавонист ҳамаи хонаҳои шаҳрро бо об таъмин намояд, инчунин, ҳаммуаллифи қонуни иқтисодии Коперник-Грешем шуд ва дар ин асос системаи нави тангаи кишварашро таҳия кард.

 Бародари ӯ Анджей ба беморӣ гирифтор шуда, аз Лаҳистон фирор кард. Николай дар ин макон чор сол каноник буд. Сипас, ӯро ба ҷойи канслери епархияи Вармия даъват карданд. Чор соли минбаъда ӯ дар шаҳри Олштин зиндагӣ ва кор кард. Дар он вақт ҷанг идома дошт, пруссиягиҳо бо тевтониҳо ҷанг мекарданд. Дар Олштин Коперник истеъдоди стратеги ҳарбии худро нишон дод, ӯ сардори мудофиа ва ҳомии қалъа буд, ки тавонист бар зидди душман муқовимат нишон диҳад.

 Соли 1521 Николай ба Фромброк баргашт. Ғайр аз дигар вазифаҳо ӯ худро ҳамчун табиби моҳир нишон дода, беморону дардмандонро низ муолиҷа мекард. 

 Николай бори аввал дар 55-солагӣ ошиқ шуд. Бонуи интихобкардаи ӯ Анна — духтари Матс Шиллинг, дӯсти олим, кандакори моҳир буд. Вай бо Анна издивоҷ карда наметавонист, зеро ба коҳини католикӣ издивоҷ кардан мамнуъ буд. 

Коперник кӯшиш кард, ки ин чаҳорчӯбаро бишканад, бинобар ин, роҳи муборизаро пеш гирифт. Вай Аннаро хешованди дурдаст номида, дар хонаи худ овард ва бо ҳуқуқи соҳиби хона ҷойгир кард. Аммо зиндагии якҷояи Николай ва Анна дер давом накард. Епископи нав ба зердасташ хотиррасон кард, ки коҳини католикӣ ҳақ надорад, ки меъёрҳову қоидаҳои асрҳо роиҷбударо риоя накунад ва бо рафтори манфии худ намунаи баде барои аҳли ҷомеа бошад…

 Анна хонаи Коперникро тарк кард ва сипас, куллан аз шаҳр рафт.

 Коперник ба нашри асарҳои худ дертар, дар солҳои охири ҳаёташ шуруъ кард. Соли 1542 асари ӯ дар бораи геометрия нашр шуд. Мутаассифона, соли 1543 риштаи ҳаёти ин олими сатҳи ҷаҳонӣ канда шуд, аммо осору афкори ӯ то ҳанӯз барои муҳити илмӣ, шинохти илми нуҷум ва риёзӣ манфиатбор буда, то имрӯз ба аҳли илму дониш хидмати арзишмандеро анҷом медиҳанд.

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *