Барот Махсудов,

мудири кафедраи физикаи ҳастаии

 Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, 

доктори илмҳои физика ва математика, профессор

Аз эълон шудани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» барои солҳои 2020-2040 қариб се сол сипарӣ мешавад. Бояд қайд намоям, ки омодасозии ин санади муҳим дар асоси таҳлилҳои амиқи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, геополитикӣ, имкониятҳои генофондии миллат ва талаботи бозори меҳнати сатҳи ҷаҳонӣ сурат гирифтааст. Ба ҳамагон маълум аст, ки вазъи имрӯзаи сиёсӣ ва геополитикии ҷаҳон хеле мураккаб мебошад. Дар чунин ҳолат аз ҷониби Роҳбарияти олии сиёсии Тоҷикистон қабули санади мазкур як таҳаввулоти беназир ва аз ҳама муҳим, қолабшиканӣ нисбат ба тафаккури ҷомеаи мо мебошад. Ҳарчанд имрӯзҳо моҳияти ин санади арзишманд ба таври шоиста эҳсос намешавад, вале бо амалӣ намудани ҳадафҳои дарозмуддати он ба ин иқдом баҳои сазовор дода шуда, арзиши воқеии он ба таври умумӣ ва касбӣ дарк карда мешавад. Зеро ин санади ояндасози миллат мебошад ва дар баробари ҳуҷҷатҳои муҳимми давлатдории навини мо ва дигар рӯйдодҳои мондагори таърихӣ, ба мисли қабули Қонуни забони давлатӣ, Эъломияи Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон, Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, сохтмони Неругоҳи барқии обии Роғун, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳимояи марзу буми давлати миллӣ ва ғайра қарор мегирад. 

 Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки пешрафти босуръати иқтисоди мо дар 30 соли охир ба дигаргунсозии сохтори иқтисодиёт алоқаманд мебошад. Ин имкониятҳо оҳиста-оҳиста маҳдуд шуда, омили асосии пешрафт шуда наметавонанд. Аз ин лиҳоз, яке аз роҳҳои маъмул ин ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионӣ ва технологияҳои нав дар тамоми соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар мебошад. Барои ин мутахассисони дорои тафаккури инноватсионӣ лозим мебошанд. Боиси ифтихор аст, ки дар даврони истиқлол ба баҳси демографии нуфуси аҳолӣ, ки дар солҳои охири даврони Шуравӣ хеле маъмул буд, хотима дода шуд. Нуфуси аҳолии кишвар боигарии он эълон шуд. Пас, аз ин имконият чӣ хел оқилона истифода барем, то он дастовези арзанда ба дастархони фарохи тамаддуни ояндаи минтақа бошад? Ҷавоби комилан дурустро ба ин савол дар ҳадафҳои «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» барои солҳои 2020-2040 пайдо менамоем.

Борҳо гуфтаанду боз мегӯем, ки мо миллати тамаддунсоз мебошем ва яке аз далелҳои асосию муътамади мо ин дастовардҳои илмии ниёгони номварамон дар самти илмҳои табиатшиносӣ мебошад. Маҳз қонунҳои асосии асрори табиат аз ҷониби аҷдодони мо кашф шуда, пас аз садсолаҳо дар Ғарб ҳамчун ғояҳои ҷадиду худӣ пешкаш шудааст. 

Таҳлили бозори меҳнати ҷаҳонӣ, ки сатҳи хуби касбият ва донишро талаб менамояд, нишон медиҳад, ки дар самти илмҳои табиатшиносӣ, технологияҳо, муҳандисӣ ва компютерӣ ҷавонони мо имкони бештари пайдо намудани мавқеи сазовори худро дар ин самт доранд. Садҳо мисоли мушаххасро метавон дар самти дастовардҳои ҷавонони мо дар сатҳи ҷаҳонӣ таҳлил кард, вале вазъияти куллие, ки дар бозори меҳнати минтақа пеш меояд, нишон медиҳад, ки аксари насли ҷавони мо омодаи ворид шудан ба бозори меҳнати ҷаҳонӣ нестанд. Пас, роҳи ҳалли масъала интихоби дурусти самти фаъолияти арзишманди ҷавонон аст, ки дар доираи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» барои солҳои 2020-2040 таъкид шудааст. 

Бояд қайд намоем, ки имрӯз новобаста аз нуқсҳои мавҷуда, мо шароити мусоиди таълим додани хонандагонро дар самти фанҳои табиӣ-риёзӣ дорем. Мактабҳои Президентӣ, гимназияҳои давлатию хусусӣ, литсейҳои шакли гуногун ва муассисаҳои таҳсилоти умумие, ки аксарашон самтҳои табиӣ-риёзӣ доранд, сарчашмаи асосии ҳалли масъала шуда метавонанд. Хонандагони ин муассисаҳо иштирокдорони фаъоли озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ ва ҳатто, ҷаҳонӣ буда, ҷавобгӯи тамоми талабот дар самти фанҳои дақиқ мебошанд. Аз ҳама омили муҳим он аст, ки волидайни ин хонандагон тамоми имкониятҳои молиявии худро сарфи таълими фарзандон мекунанд. Ҳамин тавр, ҷомеаи имрӯзаи мо дарки амиқ кардааст, ки ҷавонони бо донишҳои табиӣ-риёзӣ мусаллаҳ, аз рӯйи нишондодҳои ақлонӣ аз дигар категорияҳои самтӣ бартарӣ доранд. 

Бо итминони комил метавон гуфт, ки донишу малакаи хонандагони мо дар самти улуми риёзию табиатшиносӣ ба талаботи ҷаҳонӣ мувофиқ буда, танҳо самти забономӯзӣ ва кор бо компютер каме беҳбудӣ мехоҳад. 

Имрӯз олимону мутахассисони мо имкону тавони фаъолият дар марказҳои илмию технологии сатҳи ҷаҳонро доранд. Танҳо идеяҳои навину бозоргир лозим аст. Аз ин нуқтаи назар, даъвоҳо доир ба нокифоя будани базаи моддӣ-техникии муассисаву донишгоҳҳо барои пешрафти фаъолияти таҳқиқотии ҷавонон на он қадар дуруст аст. Илова бар ин, ҳоло донишгоҳҳо ва марказҳои илмии ватанӣ паркҳои технологӣ ва озмоиширо бунёду эҳё доранд, ки як қадами устувори дигар дар ин самт мебошад. Масалан, дар факултети физикаи ДМТ ин масъала ҳалли худро ёфта, тамоми имконоти техникӣ дар ихтиёри ҷавонон қарор дорад. 

Муаммои асосии мо пас аз хатми мактаб сар мешавад. Волидайн маблағҳои зиёдеро сарф мекунанд, то фарзандашон донишҳои самти табиӣ-риёзиро соҳиб шавад, хонандагони зиёде ғолибони олимпиада ва озмунҳо мешаванд, вале вақти интихоби касбу давом додани таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ кор тамоман ранги дигар мегирад. Ҷавонон ихтисосҳоеро интихоб менамоянд, ки дар бозори меҳнати дохилу хориҷ он қадар харидор надоранд. Ин муаммо хеле доманадор ва ҷиддӣ буда, барои ҳалли он дар сатҳи баланд чораандешӣ намудан лозим аст, зеро неруи ақлонии миллат ва самти пешрафти он ба масъалаҳои зеҳнияти тахассусии насли ҷавони он рабт дорад. 

Дар ин ҷо мехостем, андешаҳоро атрофи ҳалли муаммоҳои зикршуда ва амалишавии ҳадафҳои наҷибу тақдирсози «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» барои солҳои 2020-2040 баён намоем. 

1. Бояд ВАО-и кишвар барои равшансозии ҳадафҳои “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» барои солҳои 2020-2040 боз ҳам фаъолтар бошанд. Нуктаи асосӣ ба он равона шавад, ки ҳар шахсе, ки аз ҳисоби меҳнати ақлонию зеҳнӣ умр ба сар мебарад, дар оила ва ҷамъият мавқеи устувор ва хосса дошта бошад. Бояд дастовардҳои мушаххаси ҷавонони мо дар ин самт ҳамарӯза муаррифӣ ва онҳо ҳамчун улгуи ҷавонон шиносоӣ шаванд. Барои ин дар самти илмҳои табиӣ-риёзӣ рӯзноманигорони ҳирфаиву кордон омода карда шаванд, ки бо мутахассисон дар мавзуъҳои мураккабу мушкили илмӣ суҳбат карда тавонанд. 

 2. Дар боло қайд намудем, ки эълон гаштани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» барои солҳои 2020-2040 худ як қолабшиканӣ буд, ки таҳлили амиқ ва таҳаввулотро талаб менамуд. Аз ин нуқтаи назар, бояд қарорҳои мушаххас доир ба мақому манзалати мутахассисони соҳа қабул карда шаванд. 

 3. Даъвати донишҷӯёни равияҳои табиӣ-техникӣ ба сафи артиш бозбинӣ мехоҳад, зеро масъалаи артиш ва ҳифзи Истиқлоли давлатӣ яке аз масъулиятҳои муҳимми миллию инсонӣ маҳсуб мешавад. Дигаргуниҳо бояд бо дарназардошти таҳлилҳои амиқи раванди ҳодисаҳо дар кишварҳои ҷангзадаи ҷаҳон амалӣ гарданд, зеро дар шароити пешрафти босуръати илму технология истифодаи техникаву технологияҳои муосир нақши ҳалкунанда доранд. Хусусан, идораи парвози ҳавопаймоҳои бесарнишин, воситаҳои радиоэлектронии мубориза бо мушакҳо ва паҳподҳо, воситаҳои гуногуни техникие, ки бо компютер сарукор доранд, мақоми хосса пайдо кардаанд. Аз ин рӯ, омода намудани мутахассисони бо техникаву технологияи ҳозиразамон сарукордошта масъалаи асосӣ мебошад. Ин мутахассисон, пас аз хатми дараҷаи бакалаври мактабҳои олии касбӣ (мувофиқ ба зарурати касбӣ) дар давоми се моҳ аз рӯи барномаи махсуси интенсивӣ бояд касбияти худро такмил диҳанд. Дар ҳолатҳои зарурӣ дар артиш ҳамчун афсар хизмат мекунанд. Агар не, ҳамчун мутахассисони захиравӣ ба магистратура фаро гирифта мешаванд. 

Ин пешниҳодҳо метавонанд қадамҳои муҳим барои амалӣ шудани ҳадафҳои «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» барои солҳои 2020-2040 бошанд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки давлати мо барои омода намудани мутахассисони варзидаи мутобиқ ба талаботи бозори ҷаҳонӣ шароити заруриро фароҳам оварда аст. Аммо аҳли ҷомеаи мо, хусусан, насли ҷавон дар ин масъала каме бепарвоӣ зоҳир мекунанд ва бештар он касбу пешаҳоеро интихоб мекунанд, ки алъон дар бозори ҷаҳонӣ талаботи кам доранд. Нигоҳи мо бояд яклаҳзаина набошад, моро мебояд, ки оянданигар бошем, то ҷавононамон бо интихоби касби шоиста дорои зиндагии шоиста шаванд.

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *