Д. К. Гулмочоев,
ходими калони илмии Пажуҳишгоҳи рушди маорифи ба номи
Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон
Афзоиши шумораи аҳолии сайёра, раванди барзиёди шаҳришавӣ, рушди саноатикунонии иқтисодёт ва афзоиши ҳаҷми талабот ба энергия ва озуқаворӣ фишоровариро ба захираҳои табиӣ, аз ҷумла, ба захираҳои обӣ дучанд намудааст.
Ҳарчанд аз лиҳози маънавӣ медонем, ки об манбаи ҳаёт аст, аммо аз лиҳози илмӣ об барои инсон вазифаҳои муҳимро иҷро менамояд: истеҳсоли озуқаворӣ, истеҳсоли энергия ва маҳсулоти саноатӣ, истеъмоли об дар рӯзгор ва қонеъгардонии эҳтиёҷоти санитарӣ-гигиенӣ. Дар ҳақиқат, чунин аст, зеро об ба тамоми масоили ҳаёти инсонӣ марбут буда, зиндагии инсонӣ бо он пайванди ногусастанӣ дорад.
Дар муколамаву гуфторҳо, вақте “кураи Замин” мегӯем, бештар муҳити хушкиро дар назар дорем. Вале агар ба харитаи табиии ҷаҳон нигарем, мушоҳида менамоем, ки майдони хушкӣ хеле кам буда, он танҳо 29 фоизи кураи заминро ташкил медиҳад. Қисми зиёди обҳои сайёраро уқёнусҳо ташкил кардаанд.
Доир ба пайдоиши об ақидаҳо бисёранд. Яке аз ин ақидаҳо чунин аст, ки чор миллиард сол пеш дар рӯйи замин оташфишонии шадиди вулқонҳо буд. Аз танураи вулқонҳо ҳамроҳи лава буғи об ба берун мебаромад. Ҳаво, ки гарм буд, он дар шакли буғ меистод. Миллионҳо сол баъд ҳаво хунук шуду буғҳои вулқонӣ ба заррачаҳои об табдил ёфта, абрҳо пайдо шуданд. Онҳо ба ҳам зич шуда, қатраҳои обро ташкил доданд ва борони аввалин борид. Ҳамин тавр, рӯзҳову моҳҳо борон борида, рӯйи замин пур аз об шуду уқёнусҳо ба вуҷуд омаданд. Имрӯзҳо уқёнусҳо 70,8 фоизи кураи заминро ташкил медиҳанд. Онҳо манбаи асосии гардиши об дар табиат буда, то андозае ҳарорати заминро нигоҳ медоранд. Баҳрҳо, кӯлу дарёҳо, ботлоқзорҳо, пиряхҳо ва обҳои зеризаминӣ низ дорои захираи калони обӣ буда, дар якҷоягӣ як қабати томро бо номи «гидросфера» ташкил мекунанд.
Захираи умумии обҳои зеризаминӣ, пиряхҳо, кӯлҳо ва ботлоқҳо 3,5% захираи умумии оби ҷаҳониро ташкил мекунанд. Ҳаҷми умумии обҳои сатҳи хушкӣ бо якҷоягии пиряхҳо 25 млн. км кубиро ташкил мекунад, ки аз ҳаҷми обҳои уқёнуси ҷаҳонӣ 55 маротиба кам аст. Агар ҳиссаи обҳои хушкиро бо фоиз ҳисоб кунем аз он: пиряхҳо — 49 фоиз, обҳои зеризаминӣ — 47 фоиз, дарёҳо — 1 фоиз, кӯлҳо-1 фоиз ва ботлоқҳо — 1 фоизро ташкил медиҳанд.
Майдони яхбандии ҳозира (пиряхҳо) 16 млн. км2 буда, 11 фоизи майдони хушкиро дар бар мегиранд. Обҳои зеризаминӣ дар байни қабати ғафcи ҷинсҳои кӯҳӣ ва қабати болоии қишри замин дар ҳолати моеъ, сахт ва буғ ҷойгир шуда, захираи он ба 60 млн. км3 мерасад. Дар кураи замин дарёҳо хеле зиёданд. Шумораи дарёҳо ба 2,8 млн расида, дарозии умумии онҳо ба 12,4 млн. км баробар аст. Ботлоқҳо низ ба обҳои сатҳи хушкӣ мансуб буда, 350-400 миллион сол пеш ба вуҷуд омадаанд. Дар дохили ботлоқҳо 11,5 ҳазор км3 об ҷойгир аст. Ба ғайр аз ин, дар кураи замин обҳо дар шакли сахт-яхбандии бисёрсола мавҷуд аст, ки 25 фоизи майдони хушкиро ташкил мекунад.
Барои пажуҳишгарон маълум шудааст, ки дар кураи замин обҳои зиёде дар ҳолатҳои гуногун (сахт, моеъ, буғ) мавҷуданд, вале барои одамони зиёд оби нӯшидании тоза дастрас нест. Аз нарасидани оби ошомиданӣ қисми зиёди одамони сайёра азият мекашанд. Аз ҷумла, дар кишварҳои африқоӣ ин вазъият фоҷиавӣ буда, инсонҳо аз норасоии обҳои ошомиданӣ аз кӯлҳои гандидаву нопок об ҷамъоварӣ намуда, менӯшанд, ки боиси зиёд шудани бемориҳои даруниву сироятӣ мегардад.
Бо дарназардошти ҳамаи ин мушкилоти умумисайёравӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳодҳо дар соҳаи об барои ҷаҳониён манзур шудааст, ки аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар давраҳои гуногун қабул шудаанд, аз ҷумла, «Соли байналмилалии оби тоза, 2003», Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт, 2005-2015», «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013», Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028». Дар соли 2022 аз ҷониби Маҷмаи Умумии СММ соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо қабул гардид, ки ин иқдом ҳам аз пешниҳодҳои наҷиби Пешвои муаззами миллат мебошад.
Тавре коршиносон мегӯянд, дар сайёра захираи обӣ зиёд бошад ҳам, оби нӯшиданӣ танҳо 2,5 дарсади ҳаҷми оби гидросфераро ташкил медиҳад. Дар қитъаи Африқо танҳо 10 фоизи аҳолӣ бо оби нӯшокии доимӣ таъмин аст. Талабот сол то сол дар сайёра бо оби нӯшиданӣ зиёд мешавад. Агар дар замонҳои қадим истифодаи об барои як кас дар як шабонарӯз ба 12-18 литр рост меомад, дар асри XIX ин нишондиҳанда ба 40-80 литр расид. Ҳоло бошад як шаҳрванди Ню-Йорк шабонарӯз 1000 литр, шаҳрванди Париж 500 литр об сарф мекунад. Олимон муқаррар намудаанд, ки барои тандурустии инсон дар як шабонарӯз 2 литр об кифоя аст.
Об муъҷизаи табиат аст, онро бояд ҳамеша тоза нигоҳ дошт, аммо на ҳама ба қадри оби поку тоза мерасанд. Садҳо навъ моддаҳои химиявӣ дар шакли маҳлул ба об партофта мешаванд. Мутахассисон муайян намуданд, ки солона ба уқёнусҳои ҷаҳонӣ моддаҳои заҳрнок дар шакли маҳлул ба миқдори тахминан 3200 миллион тонна партофта мешавад.
Ба ғайр аз ин, ба миқдори зиёд пойафзол, зарфҳои пластикӣ ва дигар партовҳо аз корхонаҳои саноатӣ рехта мешаванд, ки дар натиҷа, обҳои уқёнусҳо ифлос мегарданд. Манбаи асосии ифлоcшавии оби уқёнусҳо дарёҳо мебошанд. Ҳамчунин, ҳар сол ба уқёнуси ҷаҳонӣ ҳазорҳо тонна нафт ва маҳсулоти нафтӣ партофта мешаванд. Агар қабати болоии оби уқёнусро қабати равған пӯшонад, дар натиҷа, об бухор намешавад, гардиши об аз байн меравад ва оқибати он барои инсоният ва муҳити зист хеле ногувор аст.
Яке аз роҳҳои пешгирии ифлосшавии уқёнусу баҳрҳо ва сарфаи оби нӯшокӣ кам кардани хароҷоти об дар соҳаҳои истеҳсолоти металлургӣ, химиявӣ, хоҷагии комммуналӣ ва обёрии заминҳои кишт мебошад. Захираҳои обро бо роҳи истифодабарии такрорӣ низ сарфа кардан мумкин аст. Обҳои дар ҷараёни технологӣ ва коммуналӣ истифодашударо коркард намуда, такроран ба ҳамон мақсад истифода бурдан имкон дорад.
Таҳқиқотҳо собит намудааст, ки дар кураи замин об нобаробар тақсим шудааст. Масалан, дар минтақаи муътадил ва экваторӣ ба ҳар як нафар одам 25 ҳазор м3 оби нӯшокӣ дар як сол, вале дар минтақаҳои биёбону нимбиёбон ба ҳар як сокин 3 м3 об рост меояд. Қисми зиёди захираҳои оби нӯшокӣ дар Антарктида, Арктика ва Гренландия ҷойгиранд. Аз ҳамин сабаб дар бисёри минтақаҳо норасоии оби нӯшокӣ бараъло ҳис карда мешавад.
Об унсури муҳимтарини ҳаёт барои зиндагонии инсон, ҳайвонот ва наботот мебошад. Кишвари азизи мо дорои захираҳои калони обӣ буда, 55,4 фоизи захираи обии ҳавзаи баҳри Аралро ташкил медиҳад. Ба ҳавзаи Арал дарёҳои Амударё ва Сирдарё бо шохобҳояшон дохил шуда, дарёи Зарафшон то Самарқанду Бухоро рафта мерасад. Дар ҷумҳурӣ ба ғайр аз оби дарёҳо, инчунин, миқдори зиёди кӯлу обанборҳо мавҷуданд, ки дорои захираҳои калони оби тоза мебошанд. Бо вуҷуди мавҷуд будани захираҳои калони оби тоза дар сарзамини мо дар баъзе аз ноҳияҳои кишварамон низ норасоии оби ошомиданӣ ва полезӣ ба назар мерасад. Бино бар ин, коршиносон ва масъулини соҳаро зарур, ки ҷиҳати таъмини аҳолӣ бо оби ошомиданӣ ва полезӣ таҳлилҳо анҷом дода, стратегияи ҳифзи пиряхҳо ва тозагии оби ошомиданиро барои корбурди ҷомеа манзур намоянд. Зеро об асоситарин сарвати миллию табии Тоҷикистон буда, кишвари моро ҳамчун давлати пешоҳанг дар самти баррасӣ ва ҳалли масоили глобалии об муаррифӣ менамояд.